Мақомоти корҳои дохилӣ давоми ду рӯзи охир дар робита ба содир шудани чанд ҷиноят хабар дода, дастикам 3 нафарро бо гумони қаллобӣ ба миқдори махсусан калон, итоат накарадан ба корманди мақомот ва ташкили фоҳишахона боздошт кардаанд.
Аз ҷумла, шоми дирӯз, 2-юми май Раёсати корҳи дохилӣ дар Душанбе хабар дод, ки як фурӯшандаи гӯштро барои “итоат накардан ба милитсия” 7 шабонарӯз ҳабс кардаанд.
Ин ниҳод, аз ин нафар Хисрави Рустам, сокини 32-солаи пойтахт ном бурд ва гуфт, дар пайи шикояти шаҳрвандон барои гарон кардани нархи гӯшт боздошт шудааст.
“Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда дар маркази савдои “Садбарг” дӯкони гӯштфурӯшӣ дошта, мунтазам бо шаҳрвандон дағалона муносибат намуда, ҳамзамон ба талаботи қонунии кормандони милитсия низ итоат накардааст”, - гуфтааст пулиси Душанбе.
Мақомот гуфтаанд, ки нисбати Хисрави Рустам барои “итоат накардан ба амри милитсия” (моддаи 479 КҲМ) протоколи маъмурӣ тартиб додаанд ва додгоҳ ӯро ба 7 шабонарӯз ҳабс маҳкум кардааст.

Ҳамчунин, дирӯз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) аз боздошти директори як ширкати сохтмонӣ - ҶДММ “Сохтмон Палас” хабар дод, ки ду хонаро ба чанд кас фурӯхтааст.
Ин ниҳод аз ин мард ном набурада, танҳо гуфтааст, ки қаблан соли 2010, бо қисми 2 моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шуда буд.
“Гумонбаршаванда 3-юми марти соли 2025, аз ошёнаи 3-юми бинои баландошёнаи навсохтмон, воқеъ дар маҳаллаи “Корвон” манзили истиқоматӣ иборат аз 53,12-метри мураббаъро, ки онро қаблан дар асоси шартномаи саҳмгузорӣ ба марди 47-солаи сокини ноҳияи Фархор фурӯхта буд, такроран дар асоси шартномаи саҳмгузорӣ ба нафари дигар ба маблағи 350 ҳазору 592 сомонӣ фурӯхта маблағи бо роҳи ҷиноят ба даст овардаашро ба манфиати шахсии худ сарф кардааст”, - навишааст ВКД.
Манбаъ гуфтааст, ки ҳамчунин ин мард такроран дар ҳамин бино манзили истиқоматии дигарро, ки қаблан ба дигар кас фурӯхта буд, дубора ба ин нафар фурӯхта, “бо ин кирдораш ба ҷабрдида 560 ҳазор сомонӣ зарари махсусан калон расонидааст”.
Мақомот нисбати директори ширкати сохтмонии “Сохтмон Палас” барои қаллобӣ (қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, тафтишот идома дорад. Ин банди қонунгузорӣ аз 109,5 ҳазор сомонӣ то 164,2 ҳазор сомонӣ (1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ҷарима ё аз 8 то 12 соли ҳабсро пешбинӣ мекунад.
Ҳамчунин, ин ниҳод аз боздошти як зани 42-солаи ноҳияи Рӯдакӣ хабар додааст, ки ба ташкили фоҳишахона ё даллагӣ гумонбар аст.
“Гумонбаршаванда 29-уми апрели соли 2025, кошонаи ҳусни «Малика», воқеъ дар маҳаллаи Зарафшонро ба иҷора гирифта, дар он ҷо шаҳрвандонро ба кор қабул намуда, ба даллагӣ машғул шудааст”, - гуфтааст ВКД.
Дар ҳар се ҳолат ҳам назари боздоштшуда ва наздикони онҳо маълум нест.





Аз Душанбе то Порису Ванкувер. Масири духтари тоҷике, ки аз хонадони Шаҳидӣ ба минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ роҳ ёфт
“Чорво зиёд ва фермаҳо фаъол шаванд”. Бо боздошту ҷаримаи соҳибкорон нархи гӯшт арзон мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2025
Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумоти зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста