Тоҷикистон аз Иттиҳоди Шӯравӣ даҳҳо миллион тонна партовҳои радиоактивӣ ба мерос гирифт. Ин гузаштаи марбут ба уран ва поккории мавзеъҳо яке аз вазифаҳои душвортарини экологии кишвар мебошад. Барои безараргардонии иншооти хатарнок захираҳои бузург ва солҳои тӯлонии кор лозим аст.

“Азия-Плюс” ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ муроҷиат карда, аз маблағи анҷоми корҳо дар ин самт, макони ҷойгиршавии партовгоҳҳои аз ҳама хатарнок ва тадбирҳои рӯйи даст гирифта пурсид.

Гузаштаи вобаста ба уран ва паёмадҳои он

Мушкили мероси уран дар Тоҷикистон солҳои зиёд боз дар маркази таваҷҷуҳи созмонҳои байналмилалӣ қарор дорад. Дар Вазорати саноат таъкид мекунанд, ки ҳалли ин масъала танҳо бо дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ имконпазир аст.

Истихроҷ ва коркарди маъданҳои уран дар Осиёи Марказӣ аз солҳои 1940 оғоз ёфт. Дар Тоҷикистон ин корҳо дар конҳои бузурги Табошар ва Адрасмон анҷом дода мешуданд.

Шаҳраки Адрасмон
Акс аз ТВЭЛ Росатом

Уран дар мавзеъҳои кӯҳӣ дар тӯли водии Сирдарё истихроҷ мегардид — дар наздикии маҳалҳои аҳолинишин ва заминҳои кишоварзие, ки миллионҳо одамонро бо маҳсулот таъмин мекарданд.

Аксар вақт ин фаъолиятҳо бидуни назардошти хавфҳои табиӣ — заминларза, ярч, сел ва эрозия (бодлесии хок) гузаронида мешуданд. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ корхонаҳо баста шуда, аммо кишвар конҳои партофташуда, нақбҳои конҳои зеризаминӣ, теппаҳои партови сангҳои холӣ ва партовгоҳҳои бузурги уранро ба мерос гирифт.

Аз соли 1945 то 1993 дар Тоҷикистон зиёда аз 55 млн тонна партовҳои радиоактивӣ ҷамъ шудаанд. Ҳамаи онҳо дар вилояти Суғд, дар даҳ партовгоҳ бо масоҳати умумии беш аз 170 гектар ҷойгиранд.

Соли 2023 дар Табошар марҳалаи аввали бузурги барқарорсозиву безараргардонӣ анҷом ёфт. Он вақт чор навбати партовгоҳҳо ва ба истилоҳ «Кӯҳи Зард» безарар гардонида шуданд. Ин ба 7,6 млн тонна коҳиши партовҳо ва 67,6 млн гектар кам шудани масоҳати қаларави ифлосшуда имкон дод. Аммо ин ҳамагӣ ба  17,5% аз ҳаҷми умумӣ баробар аст.

Миёни мардум маъруф ба истилоҳ “Кӯҳи зард” бо баландии зиёда аз 65 метр, масоҳати 8 гектар ва ҳаҷми миллион метри мукааб партовҳои уран зиёда аз даҳ сол мавриди таъсири боду об қарор доштанд
Сурат аз ТВЭЛ Росатом

“То имрӯз барқарорсозиву безараргардонии боз 47,4 млн тонна партовҳо дар масоҳати 123 гектар боқӣ монда, ғайр аз ин, дар ҷумҳурӣ боз партовгоҳҳои нисбатан бузург, дар маҷмӯъ беш аз 45,4 млн тонна мавҷуданд ва дар ин ҷойҳо низ чунин корҳо заруранд”, - хабар доданд дар Вазорати саноат.

Хавфноктарин иншоот ва арзиши барқарору безараргардонии онҳо

Ҳукумати Тоҷикистон аллакай бо Русия дар бораи идомаи ин корҳо дар солҳои 2025–2028 ба тавофуқ расидааст. Барои поксозии партовгоҳҳои Адрасмон ва теппаи партови қисми №3 майдони истеҳсолии Табошар Русия 1,563 млрд рубл ҷудо мекунад.

Аммо дигар иншоот то ҳол хавфнок боқӣ мемонанд. Ин ҷо доир  ба теппаҳои партовҳои навбатҳои 1–5, нақб ва конҳои зеризаминии Табошар, инчунин партовгоҳи Деҳмой сухан меравад.

«Иншооти мазкур бахусус ба хавфҳои фурӯравӣ, сел ва вайроншавии саддҳои кӯҳна осебпазиранд, бинобар ин барои барқарорсозии фаврӣ афзалиятнок эътироф шудаанд. Ҳамаи онҳо ба Нақшаи асосии стратегии МАГАТЭ (Агентии байнулмилалии нерӯи атомӣ) дохил шудаанд», — иттилоъ доданд дар ниҳод.
Партовгоҳи Деҳмой яке аз хавфноктарин ба шумор меравад. Ин сатҳи болои обанбори хушкшуда дар масоҳати 90 гектар, дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар 10 километрии шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Дар он тақрибан 36 млн тонна партовҳои радиоактивӣ ҷамъ шудааст.
Акс аз knightlab.com

Гурӯҳи байналмилалии ширкатҳои Wismut, WISUTEC ва GEOS аллакай арзёбии муфассали ҳолати ин мавзеъҳоро анҷом дода, асосҳои техникиву иқтисодии барқарорсозиро таҳия кардааст. Дар натиҷаи таҳқиқот арзиши пурраи корҳои барқарорсозӣ муайян гардид.

Ба ин тариқ, барои анҷоми ин корҳо дар иншооти ноҳияи Табошар 8,6 млн евро ва барои барқарору безараргардонии партовгоҳи Деҳмой - 24,5 млн евро зарур аст.

Барои пурра халос шудан аз мероси уран чӣ қадар маблағ лозим аст?

Дар кишвар системае таъсис ёфтааст, ки пас аз анҷоми корҳои барқарору безараргардонӣ низ ҳолати иншооти урано зери назорат нигоҳ дошта мешавад.

Барои ин дар назди КВД «Металлҳои нодири тоҷик» Маркази махсуси кор бо партовҳои радиоактивӣ таъсис дода шудааст.

Ин марказ ба баргузории санҷишҳои мунтазам ва нигоҳдории заминаи бехатари радиатсионӣ дар ҷойҳои нигаҳдории партовҳо масъул аст.

Тибқи арзёбиҳои пешакӣ, барои пурра ба анҷом расондани тамоми корҳои барқарорсозӣ ва таъсиси пояи устувори техникию кадрӣ сармоягузориҳои назаррас - беш аз 100 млн евро то соли 2030 лозим аст.

«Мо доимо бо МАГАТЭ, Корпоратсияи давлатии “Росатом”, Ҳисоби махсуси барқарорсозии экологӣ барои Осиёи Марказӣ дар назди Бонки аврупоии таҷдиду рушд ва кишварҳои мададрасон гуфтушунид мекунем, то маблағгузориро таъмин намуда, барқарору безараргардонии мукаммали иншооти мероси уранро ба роҳ монем», — таъкид карданд дар Вазорати саноат.
Барқарору безараргардонии майдони саноатии "Табошар"
Акс аз Топливный дивизион «Росатома»

Чаро корҳои барқарорсозӣ суст пеш мераванд

Мушкили асосӣ норасоии маблағ мебошад. Ҳарчанд Тоҷикистон аз соли 2010 инҷониб ҷомеаи байналмилалиро фаъолона ҷалб кунад ҳам, маблағгузории лоиҳаҳои бузург аз сатҳи зарурӣ сусттар ҷараён дорад.

Барномаи ҳадафноки байнидавлатии ИДМ ба иҷрои корҳо дар беш аз 17% иншооти хавфнок мусоидат намуд, аммо дигар механизми муҳим — Ҳисоби махсуси назди Бонки аврупоии таҷдиду рушд то ҳол барои ҷумҳурӣ ба фаъолият оғоз накардааст.

«Мутаассифона, раванди ба роҳ мондани барнома бо сабабҳои объективӣ ба таъхир афтод. Баъди ворид гардидани маблағҳо аз Ҳисоби барқарорсозии экологӣ то поёни соли ҷорӣ, оғози маблағгузорӣ ва роҳандозии ин лоиҳаҳо дар назар аст», — таъкид карданд дар Вазорат.

Барномаи нав пас аз соли 2025: чӣ тарҳрезӣ шудааст

Моҳи феврали соли 2025 Тоҷикистон барномаи нави давлатии барқарорсозии партовгоҳҳоро барои солҳои 2025-2030 ва нақшаи амалро барои солҳои 2025-2027 тасдиқ кард.

Дар санад тамоми занҷираи корҳо зикр шудааст: аз навсозии заминаи қонунгузорӣ ва таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ то худи анҷоми корҳои барқарорсозӣ ва чорабиниҳо баъди ба охир расидани он.

Қаламрави кони урани Табошар
Акс аз Asia-Plus

Дар барнома ҳамчунин ба роҳ мондани муносибати бехатар бо партовҳои радиоактивӣ ва тайёр намудани мутахаасисони миллӣ, ки дар дурнамои дарозмуҳлат ин корҳоро идома медиҳанд, пешбинӣ шудааст.

Яке аз самтҳои калидӣ арзёбии таркиби партовҳои уран ва ҷустуҷӯи фулузот (металлҳо)-и нодир мебошад.

Гап сари он аст, ки технологияҳои муосир ба гирифтани фулузот аз навъҳои гуногуни партовҳо ва ҳатто навъҳои ҷудогонаи маводи радиоактивӣ имкон медиҳанд.

Ва чунин таҳқиқот як қисмати муҳими ҳаллу фасли ҳамаҷонибаи масъалаи марбут ба мероси уран маҳсуб меёбанд.

Бо ин мақсад Тоҷикистон бо ширкати “Навойиуран”-и Ӯзбекистон ва “Казатомпром”-и Қазоқистон ҳамкориҳо роҳандозӣ кардааст.

“Дар оғози сол мутахассисони “Навойиуран” аввалин корҳои саҳроӣ баргузор намуданд. Онҳо аз партовгоҳҳои Деҳмой ва Табошар боздид намуда, аз ҷуқуриҳои гуногун таркибҳо барои озмоиш гирифтанд ва барои таҳлили озмоишгоҳӣ онро ба Ӯзбекистон бурданд”, - гуфтанд дар ниҳоди мазкур.

Агар дар партовҳо таркибҳои арзишманд ошкор шаванд, онҳоро мавриди коркард қарор дода, маводи боқимондаро гӯр мекунанд.

Оё партовҳо ба обҳои зеризаминӣ таъсир мерасонанд?

Тавре ки дар Вазорати саноат хабар доданд, мониторинги иншооти уран мунтазам гузаронида мешавад. Мутахассисон ҳар се моҳ заминаи радиатсионирои санҷида, обҳои зеризаминиро дар назди партовгоҳҳо мавриди таҳлил қарор медиҳанд.

Дар атрофи ҳар як иншшот чоҳҳои назоратӣ насб шудаанд, ки аз онҳо маводи озмоишӣ барои таркиби уран гирифта мешавад. Натиҷаҳо ҳар сол ба ҳукумат ва МАГАТЭ пешниҳод карда мешаванд.

Бино ба маълумоти Вазорат, ифлосшавии обҳои зеризаминӣ ошкор нашудааст. Ин ба корҳои барқарорсозиву безараргардонӣ, ки соли 2023 дар Табошар гузаргонида шуд, марбут мебошад.

Партовгоҳи корхонаи таҷрибавӣ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо масоҳати 5 гектар дар 10 километрии шаҳри Хуҷанд воқеъ аст. Дар он ҷо 400 ҳазор тонна партовҳои радиоактивӣ ҷамъ шудааст
Акс аз knightlab.com

Партовҳоро дар он ҷо бо қишри муҳофизатии хок пӯшонидаанд. Он имкон намедиҳад, ки боришот ба маводи исфлосшуда ҷорӣ гардад ва хавфи воридшавии обҳоро кам мекунад.

Иловагӣ боз ин омил кумак мекунад, ки дар мавзеъҳои ҷойгиршавии партовгоҳҳо сатҳи обҳои зеризаминӣ хеле паст буда, робитаи онҳоро бо партовҳо ба ҳадди камтарин мерасонад.

“Агар обҳои зеризаминӣ ва барфу борон ҷамъ ва бо худи партовҳо омехта нашаванд, таъсири манфӣ ба обҳои зеризаминӣ ба сифр баробар мешавад”, - таъкид доштанд дар Вазорати саноат.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.