Дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Консорсиуме, ки ба он ширкати GEOS (Олмон) сарварӣ мекунад, инчунин бо иштироки ширкатҳои олмонии WISUTEC; WISMUT, GRS ва ширкати Amec Foster Wheeler (Британияи Кабир) корҳои таҳия намудани санади асосмандии техникию иқтисодӣ, баҳодиҳии таъсир ба муҳити зист ва безарарсозии собиқ конҳои урани Деҳмой ва Табошар оғоз гардид.

Тавре аз намояндагии Итиҳоди Аврупо (ИА) дар Тоҷикистон хубар доданд, лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар доираи Санади ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти радиатсионӣ маблағгузорӣ мешавад. Буҷети умумии он 2,4 миллион евро аст. 2 ноябри соли 2015 ҷаласаи нахустини лоиҳа оғоз гардид. Мӯҳлати татбиқи лоиҳа 2 сол мебошад.

Лоиҳаи мазкур барои Тоҷикистон аҳамияти хоса дорад, чунки он на танҳо ба безарарсозии ҳудуди конҳои аз моддаҳои радиоактив заҳролудшуда равона шудааст, балки лоиҳаи озмоишиест, ки муайян кардани стандартҳои ҳамин гуна лоиҳаҳои безарарсозӣ дар минтақаро ба нафъи мардуми Тоҷикистон ҳадаф қарор додааст.

Лоиҳа давра ба давра амалӣ гардида, дар он заминаи меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадқиқи партовҳои объектҳои гуногун ва конҳои уран, олудашавии радиоактивӣ ва ғайрирадиоактивии ин конҳо ва вобаста ба ин хавфу хатари заҳролудшавӣ таҳлил шуда, баъдан стратегия ва қарорҳои мувофиқ оид ба безарарсозӣ вобаста ба шароити маҳал таҳия мегарданд. Хулосаю қарорҳо оид ба безарарсозӣ вобаста ба таъсири ин конҳо ба муҳити зист ва то кадом андоза беҳтар шудани вазъи экологӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ пас аз анҷоми корҳо баҳогузорӣ мешавад. Иҷрокунандаи лоиҳа бо ҳамаи ҷонибҳои дахлдор ҳамкорӣ карда, ба онҳо аз рафти иҷрои лоиҳа, дастовардҳои асосӣ ва натиҷаҳои кор мунтазам хабар медиҳад. Иҷрокунанда корро дар идораи лоиҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамзамон барои ҷонибҳои дахлдори лоиҳа ва ҳамаи шаҳрвандони манфиатдори он нуқтаи тамос мебошад, анҷом медиҳад.

Лоиҳа мутобиқи таҷрибаи пешқадами ва меъёрҳои байналмилалӣ дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, ки ин аз ҳар ҷиҳат барои кишвар ва мардуми он манфиатбахш мебошад.

Лоиҳа як қисми стратегияи умумии безарарсозии экологии собиқ конҳои уран дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ мебошад. Дар марҳилаи аввал таҳияи барномаи мушаххасу муфассали безарарсозии иншоотҳои асосии собиқ конҳои уран дар назар аст. Дар марҳилаи дуюм иҷрои корҳои безарарсозии чанд кони урани Осиёи Марказӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар назар аст, ки ин корҳо дар доираи фонди гуногунсоҳаи Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд «Барномаи безарарсозии муҳити зист дар Осиёи Марказӣ» маблағгузорӣ мешаванд.

Санади ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти радиатсионии (INSC) Комиссияи Аврупо маблағгузории чорабиниҳоеро, ки ба мусоидату дастгирӣ ва ноил гардидани амнияти радиатсионии бештар, муносибати масъулона ва бехатарии партовҳои радиатсионӣ, инчунин ҳифзи маводи ядроӣ равона шудаанд, пешбинӣ менамояд.