Аз Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон хабар доданд, ки нафақагирон дар дилхоҳ шуъбаи ин ниҳод метавонанд худро ба қайд гиранд ва барои ин кор шарт нест, ки ҳатман ба маҳалли қайди доимӣ рафт. Ҳамчунин, нафақагироне, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, пас аз бозгашт метавонанд, аз қайд гузаранд. Дар ин муддат пардохти нафақа қатъ намешавад.
Дар Тоҷикистон аз нимаи дуюми моҳи ноябр бақайдгирии рақамии нафақахӯрон оғоз шуда, то охири моҳи декабр идома мекунад. Бақайдгирии маълумот ва чеҳраи нафақахӯрон (Face ID) тариқи телефон сурат мегирад ва аксу иттилои онҳо дар барномаи алоҳида ҷой дода мешавад. Барои ин нафақахӯронро зарур аст, ки бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи худ ба шуъбаҳои Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа муроҷиат кунанд.
Як масъули Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба “Азия-Плюс” гуфт, бақайдгирии рақамӣ барои ҳамаи нафақагирон ҳатмӣ ва ройгон аст. Барои ин кор шӯъбаҳои ин ниҳод бидуни рӯзи истироҳатӣ кор мекунанд.
Пас аз нашри ин хабар, чандин корбари “Азия-Плюс” пурсиданд, ки оё бақайдгирӣ танҳо дар шуъбаи Оҷонсӣ дар маҳалли сабтиноми расмӣ иҷоза аст ва нафақагироне, ки дар хориҷ аз кишваранд, чӣ кор бояд кунанд.
Аз Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа гуфтанд, ки нафақагирон дар дилхоҳ шуъбаи ин ниҳод дар саросари кишвар метавонанд худро ба қайд гиранд ва барои ин кор шарт нест, ки ҳатман ба маҳалли қайди доимӣ рафт.
“Агар, фарзи мисол, макони қайди зисти нафақагир дар шаҳри Бохтар бошад, аммо худи ӯ дар Душанбе қарор дошта бошад, метавонад дар яке аз шуъбаҳои Оҷонсӣ дар пойтахт аз қайд гузарад”, - гуфт ин масъули Оҷонсӣ.
Ҳамчунин, нафақагироне, ки дар хориҷ аз кишвар қарор доранд, пас аз бозгашт бояд аз қайд гузаранд.

“Онҳое, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд ва бо масъалаҳои гуногун барои муддате омада наметавонанд, ваколатдори онҳо огоҳ карда мешавад ва дар сурати ба кишвар омадан, нафақагир бояд ҳатман аз бақайдгирии рақамӣ гузарад”, - шарҳ доданд аз Оҷонсӣ.
Нафақахӯрони пиронсол ва онҳое, ки маъюбият доранду ба шуъбаҳои нафақа омада наметавонанд, кормандони шуъбаҳо ба назди онҳо рафта, ба қайд мегиранд.
Ба иттилои ин ниҳод, ҳузури худи нафақахӯр дар бақайдгирӣ ҳатмист, чунки он тариқи аёнияткунонии чеҳра сурат мегирад.
Аммо, ба қавли ин масъул, давоми муддати бақайдгирии рақамӣ пардохти нафақа қатъ намешавад, танҳо ба онҳо СМС паёмак фиристода мешавад, ки ҳатман талаботи мазкурро иҷро кунанд.
Тибқи омори Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа то 11-уми декабри соли 2025 дар кишвар ҳудуди 40 дарсади нафақахӯрон аз бақайдгирии рақамӣ ё аёнияткунонии чеҳра гузаштаанд.
Қаблан Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа хабар дода буд, ки барномаи мазкур “ба шаффофият ва самаранокии идоракунӣ мусоидат менамояд” ва дар тамоми 68 шаҳру ноҳияи кишвар анҷом дода мешавад.
Ба иттилои Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар, бақайдгирии рақамӣ ё шинохти чеҳраи нафақахӯрон бояд то охири моҳи декабри соли равон анҷом дода шавад ва он имкон медиҳад, нафақахӯрон шахсияти худро “бевосита ва дар вақти мувофиқ” тасдиқ кунанд.
“Барномаи мазкур имкон медиҳад, ки бақайдгирии нафақагирон дар вақти воқеӣ тавассути нусхагирӣ намудани шиноснома ва шинохти чеҳра ба роҳ монда шавад. Иқдоми мазкур хизматрасониҳоро осонтар намуда, барои тасдиқи бехавфи шахсият ёрӣ намояд”, - омадааст дар хабари расмии ин ниҳод.
Бояд гуфт, ин тасмим дар асоси протоколи маҷлиси ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 2025 гирифта шуда, дар асоси он фармоиши роҳбари Оҷонсӣ аз 11-уми ноябри соли 2025 дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ имзо шудааст. Ба сокинон ҳам қариб охири моҳи ноябр ва аввали моҳи декабр хабар дода шудааст. Ҳабари баргузории ҷаласа ҳам 29-уми ноябр дар сомонаи ин ниҳод нашр шудааст.
Тибқи иттилои расмӣ, ба ҳолати 1-уми сентябри соли 2025 теъдоди нафақагирон 863 ҳазору 690 аст. Маълум нест, ки то ҳол мақомот чанд нафақахӯрро ба қайд гирифтаанд.
Тибқи маълумоти омори расмӣ, ҳаҷми миёнаи нафақа дар кишвар 470,62 сомониро ташкил додааст. Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми нафақаи меҳнатӣ ба 585,05, суғуртавӣ - ба 470,57 ва иҷтимоӣ - ба 330,60 сомонӣ баробар шудааст.
Ҳукумати Тоҷикистон солҳои охир талош дорад, соҳаҳои гуногунро дар кишвар рақамӣ гардонад. Аммо сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз он шикоят мекунанд, мушкилоти гуногун, аз ҷумла бебарқӣ ва интернети суст дар кишвар ба рақамикунонӣ монеа эҷод мекунад.



