Хусравхон Раҳимов, муштзани 23-солаи тоҷик аввалин медали нуқра аз қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар таърихи муштзании Тоҷикистонро ба даст овард. Ӯ дар вазни 57 кг баромад карда, то расидан ба даври ниҳоӣ 4 рақибашро шикаст дод ва аввалин намояндаи Тоҷикистон дар таърих шуд, ки ба финали ин мусобиқа роҳ ёфт.
Аммо дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа, ки даро рӯзи охири мусобиқа, 13 -уми декабр баргузор шуд, Хусравхон Раҳимов бо қарори доварон (0:5) аз Оразбек Асилқулови қазоқистонӣ мағлуб гашт ва медали нуқра ба даст овард.
Ин варзишгари тоҷик, ҳамчунин, 150 ҳазор доллар ба даст овард, ки 50%-и онро худи ӯ гирифта, 25%-и пул ба мураббияш ва 25%-и дигар ба Федератсияи муштзании кишвар тақдим мегардад.
Ҳамчунин, дар ин мусобиқот, ки аз 2 то 13-уми декабр дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор шуд, Акмал Убайдов, як муштзани тоҷик дигари тоҷик медали биринҷӣ ба даст овард.
Ӯ дар вазни 60 кг аввалин медали Тоҷикистонро дар ин мусобиқот пас аз шикасти 4 ҳарифи худ ба даст овард. Аммо ӯ дар марҳилаи баъдӣ аз Всеволод Шумкови рус шикаст хӯрда ба финал роҳ наёфт ва соҳиби мақоми сеюму нишони биринҷӣ шуд.
Ҳамин тариқ, аз 13 варзишгаре, ки имсол Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии муштзании ҷаҳон намояндагӣ мекарданд, ду тан- Хусравхон Раҳимов бо медали нуқра ва Акмал Убайдов бо нишони биринҷӣ бармегарданд. Намояндагони дигари Тоҷикистон дар давраҳои мухталиф аз ҳарифони худ шикаст хӯрданд ва соҳиби медал нагаштанд.
Қаблан дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон аз Тоҷикистон Абдусалом Ҳасанов (вазни то 57 кг) соли 2003 дар Тайланд, Шералӣ Достиев (то 48 кг) соли 2005 дар Чин, Анвар Юнусов (56 кг) соли 2011 дар Озарбойҷон, Мавзуна Чориева (60 кг) соли 2012 дар Чин ва Баҳодур Усмонов (63,5 кг) соли 2023 дар Ӯзбекистон барандагони медалҳои биринҷӣ шуда буданд.
Қаҳрамонҳои ҳар вазни мусобиқа соҳиби 300 ҳазор доллар, ҷойҳои дуюм соҳиби 150 ҳазор доллар, ҷойҳои сеюм соҳиби 75 ҳазор доллар ва ҷойҳои панҷум соҳиби 10 ҳазор доллар мешаванд. Аммо маблағи ҳар як ҷоизадор се тақсим мешавад: 50%-и пул ба варзишгар, 25% ба мураббии ӯ ва 25% ба Федератсияи муштзании кишвараш тақдим мегардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста