Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон алайҳи чанд корманди милиса бо гумони “қаллобӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар ин бора ин Оҷонсӣ дирӯз, 30-юми апрел хабар дод.
Ин ниҳод танҳо аз як нафари онҳо- Абдуллозода У.Н., ваколатдори калони оперативии Шуъбаи оперативӣ-ҷустуҷўии Воҳиди махсуси ВКД ном бурдааст.
"Чунончи, Абдуллозода У.Н... бо як қатор кормандони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан як намуда, бо роҳи фиреб ба боварии бародари шаҳрванд Ш.Ҳ. - Ш.Ш. даромада, аз номбурда бо баҳонаи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва аз ҳабси маъмурӣ озод намудани додараш Ш.Ҳ. (бо гумони гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳабси маъмурӣ қарор дошт, - шарҳ аз идора) ғайриқонунӣ маблағи 200.000 сомонӣ талаб карданд", - навиштааст Оҷонсии зидиифасод.
Ба гуфтаи манбаъ, Абдуллозода тариқи миёнаравҳо аз ин шаҳрванд 190 ҳазор сомонӣ гирифта, "бо ин кирдори қасдонаи худ ба шаҳрванд Ш.Ш. зарари махсусан калони моддӣ расонид".
Оҷонсии зиддифасод гуфтааст, ки алайҳи Абдуллозода У.Н. ва дигарон бо иттиҳоми “қаллобие, ки ба миқдори махсусан калон содир шудааст” (моддаи 247 қисми 4 банди «б» КҶ) парванда оғоз ва барои барраӣ ба додгоҳ ирсол шудааст. Ин банди қонунгузорӣ мусодираи амвол ва то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Маълум нест, ки Абдуллозода ҳоло дар озодӣ аст ё боздошт. Ҳамчунин, Оҷонсӣ бо вуҷуди он ки гуфтааст дар робита ба ин қазия алайҳи чанд нафар парвандаи ҷиноӣ боз шуд, номи дигар нафарро зикр накардааст.
Назари ин корманди милитсия ва наздикони ӯ дар мавриди ин ҳодиса маълум нест.
Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар кишвар шумораи ҷиноятҳои марбут ба қаллобӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузҳашта 38,2% афзоиш ёфтааст.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста