Дар шаш моҳи соли равон 33 корманди мақомоти корҳои дохилӣ дар 16 ҳолат даст ба фасод задаанд. Дар ин бора Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод.
Номбурда дар нишасти матбуотии ВКД, имрӯз, 8-уми август, гуфт, нисбати онҳо 33 парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ҳамаи онҳо дастгир шудаанд.
Вале ӯ нагуфт, ки баъдан онҳо чӣ ҷазо гирифтанд.
Фасод аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон гуфта мешавад ва солона даҳҳо корманди давлатӣ, аз ҷумла кормандолни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҷурми гирифтани пора дастгир мешаванд.
Аз ҷумла, моҳи июни соли равон аз додгоҳи вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки як корманди шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов барои гирифтани пора 27 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда, ду сол аз ҳаққи кор дар мақомоти корҳои дохилӣ маҳрум шуд.
Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон дар индекси нави дарки (қабули) фасоди Созмони байнулмилалии шаффофияти байнулмилал (Transparency International) дар соли 2023 бо 20 имтиёз байни 180 кишвар зинаи 162-юмро ишғол кард. Он 4 имтиёз камтар нисбат ба солҳои 2021-2022 ва 5 имтиёз камтар нисбат ба соли 2019 аст.
Сатҳи қабули коррупсия дар Тоҷикистони ҳамсон бо Афғонистон буда, ин кишвар ҳам 20 имтиёз гирифтааст: онҳо ҳамроҳи давлатҳое чун Бурунди, Чад, Ҷазираҳои Комор, Конго, Мянма ва Судон дар ҷойи 162-юм қарор доранд.



ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста