Дар музоядаи чойхонаи маъруф ба "Харбуза"-и Ҳисор, ки имрӯз, 12-уми декабр баргузор шуд, ягон нафар ширкат накардааст ва он боз фурӯхта нашуд.

Аз  Корхонаи воҳиди давлатии ташкили фурӯши амволи давлатӣ ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки як моҳ қабл эълони фурӯши ин биноро гузошта буданд, "аммо ягон кас барои хариди чойхонаи миллӣ ҳавасманд нашуд".

"То имруз қариб 8 бор эълони фурӯши бинои Чойхонаи миллиро гузоштаем, вале бо сабаби баланд будани нархи он ҳеҷ кас барои хариди он муроҷиат накардааст",-гуфт як намояндаи ин ниҳод.

Мақомот беш аз як сол аст, ки барои фурӯши бинои чойхонаи миллии маъруф ба “Харбуза” дар шаҳри Ҳисор талош мекунанд. Арзиши он беш аз 34,9 миллион сомонӣ (зиёда аз 3 миллион доллар) муайян шудааст. 

Чойхонаи мазкур 10 сол пеш ифтитоҳ гардид, аммо, ба қавли коршиносон, он самаранок истифода нашуд.

Қаблан як масъули фурӯши чойхона ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки бо сабаби нархи баланд ягон нафар ба хариди ин бино “ҳавасманд нашуданд”.

Чойхонаи миллии “Харбуза” бо сарфи қариб 35 млн сомонӣ ва дар майдони 4,7 гектар бунёд шудааст. Тибқи маълумоти расонаҳо, Муродалӣ Алимардон, раиси пешини Бонки миллии Тоҷикистон ва роҳбари “Агроинвестбонк”, ки баъдан муфлис шуд, сармоягузори аслии он аст.

Чойхона аз ду ошёна иборат буда, ошёнаи дуюмаш, ки 2000 метри мураббаъ аст, шакли харбузаро дорад. Баландии чойхона 43 метр, дарозиаш 100 метр, бараш 55 метр мебошад. Гуфта мешуд, ки дар ошёнаи якум панҷ ошхона, дар ошёнаи дуюми он барои 1 ҳазору 300 меҳмон ҷой пешбинӣ шудааст.

Ба ин макон бештар сокинону сайёҳони хориҷӣ барои тамошо мерафтанд. Бар иддаои мақомот баъди ифтитоҳи чойхона бояд 100 нафар бо кор таъмин мешуданд, аммо ба қавли сокинон, ин чойхона баъди ифтитоҳ се моҳ фаъолият кардаасту халос.

Биноро 650 нафар дар муддати як сол сохтаанд. Баъди муфлис шудани “Агроинвестбонк” чойхона ба ҳисоби давлат мусодира ва баъдан ба фурӯш гузошта шуд.

Дар ин мавод дар бораи чойхонаи маъруф ба “Харбуза” ва омилҳои чанд сол боз ба фурӯш нарафтани он маълумот гиред: “Харбуза” хеле гарон аст”. Чаро касе намехоҳад чойхонаи маъруф дар Ҳисорро харад ва арзиши он чанд аст?

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.