Дар Тоҷикистон айни замон навъҳои мавсимии зукоми навъи A - H3N2 (ҳонконгӣ) ва H1N1 (зукоми хук) дар гардишанд. Аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки ин вирусҳо барои кишвар маъмул буда, чандин сол аст, ки дар давраи авҷи беморӣ ба қайд гирифта мешаванд.
Аммо табибони баъзе минтақаҳо ба афзоиши бемориҳоро ва аломатҳое ишора мекунанд, ки дар мавсими гузашта мушоҳида намешуданд.
Ба иттилои мутахассисони Вазорати тандурустӣ, далели ташвишу нигаронӣ ҷой надорад, зеро ҳар ду навъ кайҳо ба инсон мутобиқ шуда, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон гардиш мекунанд.
Зукоми ҳонконгӣ (H3N2) ва зукоми хук (H1N1) аломатҳои хеле монанд доранд, зеро ҳар ду ба зукоми навъи A мансубанд: таби ногаҳонӣ, сардардии шадид, дарди мушаку буғумҳо, сулфаи хушк, ларза, заифӣ, пур шудани бинӣ ва дард дар гулӯ.
Маъмулан аз замони сироят то пайдоиши аввалин аломатҳо ҳамагӣ чанд рӯз мегузарад.
Дар вазорат таъкид карданд, ки ин вирусҳо хатари нав ё ғайриодӣ нестанд. Онҳо ба маҷмӯи маъмулӣ ва мавсимии бемориҳои сироятӣ дохил мешаванд, ки одатан дар фасли сармо одатан афзоиш меёбад.
Вазъияти марбут ба зуком зери назорат ва ҷойи нигаронӣ нест
Дар Вазорати тандурустӣ зикр мекунанд, ки ҷараёни беморӣ мустақиман ба шумори муроҷиатҳои шаҳрвандон ба муассисаҳои тиббӣ вобаста аст. Бар асоси ин маълумот оморе таҳия мешавад, ки вазъи ҷории эпидемиологиро нишон медиҳад. Айни замон нишондиҳандаҳо устувор буда, ба меъёрҳои маъмулии мавсим мутобиқанд (аммо аз ин вазорат ба “Азия-Плюс” маълумоти оморӣ пешниҳод накарданд).

Мутахассисон ба волидон тавсия медиҳанд, ки вазъи кӯдаконро бодиққат назорат карда, дар ҳолати мушоҳидаи аввалин аломатҳои беморӣ ба табиб муроҷиат кунанд. Машварати саривақтӣ на танҳо барои ташхиси дақиқ, балки барои минбаъд пешгирии сироятёбӣ муҳим аст. Таъкид шуд, ки худтабобаткунӣ, бахусус барои кӯдакон метавонад ба душвориҳо ва муолиҷаи бесамар боис гардад.
Тадбирҳои пешгирӣ маъмулианд: риояи реҷаи таъиншуда, дурӣ аз ҷойҳои серодам, нигаҳдории реҷаи антисептикӣ, мунтазам ҳаводиҳии манзил ва биноҳои таълимӣ. Дар сурати зарурат метавон аз ниқоби тиббӣ истифода бурд.
Дар Вазорати тандурустӣ итминон медиҳанд, ки вазъияти марбут ба зуком таҳти назароти хадамоти тиббӣ қарор дошта, афзоиши ҳозираи беморӣ барои ин вақти сол хос аст.
Худи табибон чӣ мегӯянд?
Вазъияти вобаста ба зуком дар Тоҷикистон ба гуфтаи духтурон, яксон нест. Дар ноҳияи Исфара, масалан, ба гуфтаи духтури беморхонаи маҳаллӣ, муроҷиатҳо як каме бештар аз ҳамин давраи соли гузаштаанд. Ҳолатҳои вазнини сироят вуҷуд доранд, аммо ҳиссаи онҳо паст боқӣ мемонад.
Вале дар Хуҷанд ҳолат ҷиддитар ва вазъият хеле шиддатноктар ба назар мерасад. Ба гуфтаи табиби дармонгоҳи шаҳр, бисёре аз кӯдакон бо мушкилоти ҷиддӣ муроҷиат мекунанд. Бинобар набудани озмоишгоҳҳо (лабораторияҳо)-и ташхиси вирус дар шаҳр, табибон наметавонанд дақиқ муайян кунанд, ки кадом штамм бештар аст.

Ба гуфтаи табибони Хуҷанд, таби аксари муроҷиаткунандагон 2-3 рӯз бидуни аломатҳои вазнинкунанда боқӣ мемонад ва яке аз ҳолатҳои хоси ин мавсим дар рӯзи аввал дарҳол то 39-40 дараҷа боло рфтани ҳарорат ва инчунин бештар шудани кӯдакони гирифтори бемории шикаму рӯда аст.
Як табиби пойтахт ба “Азия-Плюс” зикр кард, ки дар мавсими имсола ҳолатҳои маҳз зукоми “гонконгӣ” бештаранд.
«Он ҳар сол вуҷуд дорад, вале имсол ҳолатҳо хеле зиёд шудаанд ва вақти давомнокии беморӣ ҳам зиёд шудааст. Сулфа муддати тӯлонӣ боқӣ монда, ҷараёни беморӣ вазнинитар сурат мегирад», — мегӯяд духтур.
Қобили зикр аст, ки ҳамаи табибон ва кормандони тиббии Тоҷикистон ҳар сол ройгон ваксинаи зуком мегиранд. Ин як амали ҳатмист, зеро маҳз кормандони тиб ба гурӯҳи хатарноки сироят дохил буда, дар давраи афзоиши мавсимии сироят бо теъдоди зиёди беморон рӯбарӯ мешаванд.
Дар муассисаҳои таълимӣ тибқи кадом қоидаҳои карантин ҷорӣ мешавад?
Дар Тоҷикистон қарор дар бораи ворид кардани чораҳои карантинӣ дар мактабҳо ва кӯдакистонҳо бо такя ба таҳлили вазъияти воқеии эпидемиологӣ қабул мешавад. Одатан, сатҳи сабти ҳолатҳои беморӣ ва марҳалаи паҳншавии сироятҳои вирусӣ ба назар гирифта мешавад.

Агар дар баъзе синфҳо зиёда аз 30% хонандагон бо сабаби беморӣ ба дарсҳо наоянд, машғулиятҳо дар ин синфҳо метавонад муваққатан қатъ карда шаванд. Дар ҳолатҳое, ки дар як мактаб теъдоди кӯдаконе, ки бо сабаби беморӣ ба дарс намеоянд, аз 60% зиёд шавад, қарор дар бораи қатъи машғулитятҳо дар сатҳи мактаб қабул мешавад.
«Донистан муҳим аст, ки карантин дар кишвар танҳо вақте ҷорӣ мешавад, ки бемории кӯдакон аз меъёрҳои мавсимии маъмулӣ гузашта, барои теъдоди зиёди хонандагон хавфи воқеӣ дошта бошад. Қарор дар бораи чунин чораҳо аз ҷониби Вазорати тандурустӣ бо ҳамоҳангии Вазорати маориф бар асоси маълумотҳое, ки аз мактабу кӯдакистон ва муассисаҳои тиббӣ мерасанд, қабул мегардад», — таъкид карданд дар вазорат.
Ҳамчунин дар Вазорат илова намуданд, ки муассисаҳои кумаки аввалияи тиббиву беҳдоштӣ уҳдадоранд, ки маълумот дар бораи ҳолатҳои сабтшудаи бемориро ба марказҳои назорати беҳдоштӣ-эпидемиологӣ пешниҳод кунанд. Ин ба пайгирии вазъият ва арзёбии зарурати тадбирҳои пешгирӣ имкон медиҳад.
Вазъият дар кишварҳои минтақа
Дар ҳамин ҳол, дар як қатор кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мақомот бо сабаби афзоиши ҳолатҳои гирифтор шудан ба бемории зукоми “гонконгӣ”, ба чораҳои зиддиэпидемиологӣ тақвият мебахшанд.
Дар Қазоқистон афзоиши назарраси теъдоди беморон миёни кӯдакон сабт мешавад. Садҳо мактаб дар кишвар ба шакли таълими фосилавӣ гузаронида шудаанд.
Тибқи маълумот то 2 декабри соли 2025, дар 13 минтақаи кишвар 663 мактаб ва 6 784 синф муваққатан аз дарсҳо дар муассиса даст кашидаанд. Вазъияти нисбатан шадидтар дар вилояти Қустанай мушоҳида мешавад. Дар ин ҷо 167 мактаб ва зиёда аз 2 700 синф баста шудааст. Дар вилояти Шарқии Қазоқистон дар 119 мактаб ва беш аз 1 000 синф карантин ҷорӣ шудааст.

Дар Қирғизистон низ дар бораи афзоиши назарраси ҳолатҳои беморӣ миёни кӯдакон хабар дода мешавад. Табибони маҳаллӣ доир ба ҳазорон беморон хабар дода, дар ноҳияҳои ҷудогона имкони муваққтаан бастани синф ё мактабҳо дар сурати зарурат баррасӣ мешавад.
Дар Русия низ бобати гардиши навъи зукоми H3N2 ва H1N1 хабар дода, зикр мекунанд, ки аз рӯи аломатҳо онҳо аз бемориҳои солҳои пешин фарқ надоранд. Дар ҳамин ҳол, мутахассисон таъкид мекунанд, ки ҳудуди 80%-и ҳолатҳои ошкоршуда маҳз ба зукоми “гонконгӣ” рост меояд.
Хавфҳои бештар барои шахсон калонсол, кӯдакон ва шахсони дорои бемориҳои музмин боқӣ мемонад. Мутахассисон хотиррасон менамоянд, ки ваксинзанӣ тадбири бештар муассири ҳифз боқӣ мемонад, зеро ба паст кардани эҳтимоли ҷараёни вазнини беморӣ кумак мекунад.
Ҳарчанд дар Русия вазъият ба сурати умум мавсимӣ дониста мешавад, дар минтақаҳои ҷудогона, ки дар он ҷойҳо беморӣ аз сатҳи меъёр зиёд аст, дар баъзе мактабҳо қисман карантин ҷорӣ мекунанд.
Дар Тоҷикистон дар куҷо метавон ваксина гирифт?
Табибон тавсия медиҳанд, ки ҳамасола эм кардан ё ваксина гирифтан лозим аст, зеро бо мурури замон сироятнопазирӣ заъиф шуда, эм кардан ба нигаҳдории ҳифзи устувори организм ёрӣ мерасонад.
Айни замон дар муассисаҳои тиббии кишвар ваксина аз зуком ҳоло дастнорас аст. Аммо дар баъзе дармонгоҳҳои пойтахт ваксина гирифтан имкон дорад.
Масалан дар дармонгоҳи “Проспект” (600 сомонӣ) ва дармонгоҳи “Форобӣ” (550 сомонӣ) метавон ваксина гирифт. Дар “Диамед” ваксинзанӣ барои ҳифз аз зуком ҳоло гузаронида намешавад.






