Созмони ҷаҳонии зидди шиканҷа шеваи боздошти гумонбарони эҳтимолии ҳамлаи террористии “Крокус Сити Ҳол” дар Маскав ва аз ҷониби мақомоти Русия шиканҷа шудани онҳоро маҳкум кард. Ин пас аз вокуниши Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аст, ки дар он ҳам таъкид мешуд, “бояд эҳтимолияти бегуноҳӣ риоя ва аз муносибати бераҳмона пешгирӣ шавад”. Ҳуқуқшиносон бар ин назаранд, ки дар ҳодисаи мазкур меъёрҳои қонунгузории Русия ва конвенсияҳои байналмилалӣ поймол шуданд ва Тоҷикистонро зарур аст, ки аз ҳуқуқҳои шаҳрвандонаш дар хориҷи кишвар ҳимоят кунад.
“Ҳуқуқҳои мурофиавии гумонбарон риоя нашуд”
Мария Квитсинская, корманди Созмони ҷаҳонии зидди шиканҷа бо такя ба наворҳои расонаишуда дар суҳбат бо мо гуфт, гумонбарони эҳтимолии ҳамлаи террористии “Крокус Сити Ҳол” дар Маскав сахт шиканҷа шудаанд.
Ӯ паҳн намудани наворҳои боздошт ва таҳқиру тавҳини гумонбаронро амали ношоиста номида, гуфт, ин шеваи кор эҳтимолияти бегуноҳиро поймол мекунад.
Ба гуфтаи Квитсинская, зоҳиран аз наворҳо хулоса мешавад, ки бозпурсиҳои аввалин бидуни ҳузури вакили дифоъ сурат гирифта ва ҳуқуқҳои мурофиавии гумонбарон риоя нашудаанд.
Ин корманди Созмони ҷаҳонии зидди шиканҷа нигаронӣ кард, ки “дар чеҳраи ҳамаи боздоштшудаҳо осори лату кӯб ба таври равшан дида мешавад”.
Бидуни ном бурдани гумонбарон афзуд, “баъзеҳо доғҳои латхӯрдагӣ доранд, рухсораи яке аз боздоштшудаҳо хеле варамида, сари дигар боздоштшуда баста ва тамоми майкааш хун дорад, як боздоштшудаи дигар хеле сахт меларзад”.
Квитсинская ба осори шиканҷа шудани Далерҷон Мирзоев, гӯши буридаву хуншори Саидакрам Раҷабализода, чашми ҷароҳатбардоштаи Муҳаммадсобир Файзов ва ларзиши тани Фаридуни Шамсиддин - 4 гумонбари дар рӯзи аввал боздоштшуда ишора мекунад, ки наворашон расонаӣ шуд.
Мария Квитсинская гуфт, бо ин шеваи корбурд гумонбарон таҳти фишори зиёд эҳтимол аст, ки ҳар гуна ҷинояти содирнакардаро эътироф кунанд, вале таъкид дошт, “шаҳодате, ки тавассути шиканҷа гирифта шудааст, дар мурофиаи ҷиноятӣ далели қобили қабул дониста намешавад”.
Ташаккули афкори нодуруст дар ҷомеа баъди нашри навори шиканҷа
Навор аз лаҳзаи боздошти гумонбарони ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳол” аз ҷониби кормандони мақомоти амниятӣ сабт ва тавассути расонаҳои давлативу хусусии Русия оммавӣ шуд.
Ба ҳадде, ки бархе расонаҳо эҳтимолияти бегуноҳиро ба назар нагирифта, бидуни ҳукми додгоҳ гумонбаронро “террорист” унвон карданд ва ҳатто чанде аз расонаҳои русӣ маъракаи бегонаситезиро низ ба роҳ монданд.
Мария Квитсинская гуфт, набояд наворҳои лаҳзаи боздошт оммавӣ мегардиданд, зеро ҳангоми боздошт чораҳои аввалини пешгирикунанда ва эҳтимолияти бегуноҳӣ тамоман риоя нашудааст.
Ӯ дар ин робита гуфт, “тааҷҷубовар аст, ки ин наворҳо аз ҷониби расонаҳои давлатӣ ва ҷонибдори давлат пахш мешаванд, яъне ба тамоми ҷаҳон нишон медиҳанд, ки гумонбаронро боздошту шиканҷа кардаанд”.
“Паҳн шудани наворҳои лаҳзаи боздошт дар ҷомеа ақидаеро ба вуҷуд меоварад, ки ин афрод 100 дарсад гунаҳкоранд, дар ҳоле ки то ҳол мурофиаи судии муттаҳамон баргузор нашуда, ҳукм содир нагардидааст ва онҳо танҳо гумонбар дониста мешаванд”, - таъкид кард Квитсинская.
Ӯ бо ибрози нигаронӣ афзуд, мақомоти амниятӣ ва расонаҳои давлатии Русия бо пахши наворҳои шиканҷа қонунӣ будани ин амали мамнӯъро нишон медиҳанд, ки ғайри қобили қабул аст ва ба ин васила дар ҷомеа андешае ташаккул меёбад, ки гӯё ин афрод дар амалҳои террористӣ даст доранд ва аз ин рӯ бояд шиканҷа шаванд.
“Онҳо дар ҳамлаҳои террористӣ даст доранд ё на, бигзор инро додгоҳ муайян кунад, аммо шиканҷа кардан комилан мамнӯъ аст. Ҳатто агар шахс воқеан ҷинояти вазнин содир карда бошад ҳам, набояд шиканҷа шавад”, - иброз дошт Мария Квитсинская.
Русия бояд уҳдадориҳои байналмилалиашро риоя кунад
Мария Квитсинская гуфт, ки Русия Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар санадҳои манъкунандаи муносибат ё ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шарафи Созмони Милали Муттаҳидро қабул карда ва уҳдадориҳои возеҳи байналмилалӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо шиканҷаро ба ӯҳда гирифтааст.
Ӯ афзуд, Созмони ҷаҳонии зидди шиканҷа ба маводи ин парвандаи ҷиноӣ, назари гумонбаршавандагон ё вакилони дифои онҳо дастрасӣ надорад, аз ин рӯ наметавонад ин парвандаи ҷиноиро аз рӯи моҳияташ таҳлил кунад.
“Аммо далели дар кӯча, бо истифода аз шиканҷа ва бидуни вакили дифоъ бозпурсӣ шудани боздоштшудагон бар хилофи меъёрҳои мурофиавии Русия ва конвенсияҳои байналмилаӣ аст”, - иброз дошт Квитсинская.
Мария Квитсинская таъкид кард, ки “ин шеваи бархӯрд, аллакай, нигарониҳои зиёдро ба вуҷуд овардаааст ва аз он шаҳодат медиҳад, ки бо чунин шева тафтишот воқеан мустақил ва беғараз буда наметавонад”.
Вай гуфт, ки “ба натиҷаи ин гуна тафтишот бовар кардан мумкин нест ва Русия бояд уҳдадориҳои байналмилаии худро риоя кунад”.
Тақозои мақомоти Тоҷикистон аз Русия
Мақомоти Тоҷикистон ҳам аз шеваи бархӯрд, боздошт, шиканҷа ва пахши наворҳои гумонбарони ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳол” нигаронӣ мекунанд.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон чанде пештар зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ дар Минск перомуни ин ҳодиса изҳори нигаронӣ кард.
Вазири тоҷик аз мақомоти Русия хост, ки “ҳангоми тафтиши ҳамлаи террористии 22-юми март дар Маскав мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд меъёру принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва талаботи қонунгузории худро, бахусус дар мавриди эътимоли бегуноҳӣ, манъи шиканҷа ва муносибати бераҳмона риоя кунанд”.
Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин гуфт, ки “намоиши наворҳои боздошти омилони эҳтимолии амали террористӣ рӯзи 22-юми март дар Маскав бо истифода аз шиканҷа алайҳи онҳо ғайри қобили қабул аст. Арзиши эътирофе, ки бо ин роҳ ба даст оварда шудаааст, ба ҳама маълум аст”.
“Дар натиҷаи як маъракаи иттилоотии нодуруст нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷикон тасаввури манфӣ ташаккул меёбад, ки ба ин роҳ додан лозим нест”, - афзуд вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Сироҷиддин Муҳриддин илова намуд, ки “дар фазои иттилоотии кишварҳои ИДМ ташаккули фазои нафрат, бегонаситезӣ ва нажодпарастӣ нисбат ба шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ мувофиқи мақсад нест”.
Ин нахустин вокуниши расмии мақомоти Тоҷикистон дар пайи ҳодисаи террористӣ дар Маскав аст. Дигар мақомот ва мансабдорони тоҷик дар ин робита ҳарфе намезананд.
Аммо ҳуқуқшиносони тоҷик ин гуна амалкарди мақомоти амниятӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Русияро ғайриқонунӣ меҳисобанд ва сабаби рух додани ҳодиса ва паёмадҳои онро пешбинӣ менамоянд.
Ҳангоми боздошт ҳама гуна меъёр поймол гардид
Шокирҷон Ҳакимов, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, дар раванди боздошт меъёрҳо ва принсипҳои возеҳи ҳуқуқи байналмилалӣ риоя нашуданд.
Ба гуфтаи ӯ, аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ҳуқуқҳои инсондӯстона, ки муносибат бо маҳбусон, гумонбаршудагон, судшавандагон ва ғайраро танзим мекунанд, дағалона вайрон гардиданд.
“Дар раванди боздошт қонунгузории на танҳо Тоҷикистон, ҳатто қонунгузории худи Русия ва меъёрҳои байналмилалӣ поймол гардиданд, зеро бадрафторӣ, шиканҷа ва оммавӣ кардани ин амали мамнӯъ ғайриқонунӣ аст”, - иброз дошт Ҳакимов.
Сабабҳои рух додани ҳодиса чиҳо буда метавонад?
Ба назари Шокирҷон Ҳакимов, рух додани ҳодисаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳол” дар Маскав якчанд сабаб дошта метавонад, аз ҷумла:
1. Гурӯҳҳои алоҳидаи ҷиноии фаромиллӣ мехоҳанд, ки ба шарикии стратегии Русия ва Тоҷикистон халал ворид созанд;
2. Эҳтимол фармоишгарони ин амали ҷиноятӣ мехоҳанд, ки таваҷҷуҳи шаҳрвандони Русияро аз низоъҳои низомию сиёсӣ бо Украина ба масъалаҳои дигар равона созанд;
3. Вақте фармоишгарон ба масъалаҳои динӣ ё миллӣ таваҷҷуҳ мекунанд, метавонад барояшон манфиатовар шавад ва заминаи рух додани низоъҳои дигар гардад.
Дар парвандаи мазкур шубҳаҳои зиёд вуҷуд доранд: чӣ бояд кард?
Ватан Абдураҳмонов, ҳуқуқшинос ва додраси собиқадори тоҷик бар ин назар аст, ки тафтишоти ин ҳодиса душвор мешавад ва эҳтимол аст, ки аз ду моҳ бештар тӯл кашад.
Ба ақидаи ӯ, мақсад аз ин амали террористӣ барангехтани кинаву адоват нисбат миллатҳои дигар аст.
“Ин як далели коштани адоват миёни миллатҳо ва эҷоди ихтилоф дар дохили Русия аст, ки дар он миллатҳои зиёде умр ба сар мебаранд. Ба василаи ин амали террористӣ итминон ҳосил мешавад, ки вазъ дар Русия ноором шудааст”, - иброз дошт Абдураҳмонов.
Ватан Абдураҳмонов дар ин робита гуфт, “бояд консепсияи ягонаи мубориза бо терроризмро таҳия кунем” ва таъкид медорад, ки “ҳукумати Тоҷикистон бояд аз ҳуқуқи шаҳрвандонаш дар хориҷи кишвар ҳимоят кунад ва бетараф набошад”.
Ӯ гуфт, дар парвандаи мазкур шубҳаҳои зиёд вуҷуд доранд ва бояд ҳамаи таззодҳои пешбинишуда муайян гардида ва хулосаи худро пайдо намоянд:
- фармоишгарони ин амали террористӣ Украина аст ва ё ДОИШ?
- бисёре аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар наздикии ҷои ҳодиса буданд, вале чӣ гуна гумонбарон то наздикии сарҳади Украина расиданд?
- агар мақомоти амниятии Русия дар ин бора пешакӣ хабар доштанд, чаро пешгирӣ накарданд ва ё пешгирӣ карда натавонистанд?
- шаҳрвандони брзлоштшудаи Тоҷикистон то куҷо ба ин ҳодиса даст доштанд ва ё онро иҷборан ба гардан гирифтанд?
Ин судяи собиқи тоҷик интизор дорад, ки дар таҳқиқоти парвандаи ҳодисаи террористӣ эҳтимолиёти бегуноҳӣ риоя шавад, фармоишгарон пайдо гарданд, гунаҳкорон ҷазо гиранд ва ниҳоят бояд боиси эҷоди миллатгароӣ нагардад.
Таърихчаи ҳодиса
Ёдовар мешавем, ки ҳодисаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳол” дар Маскав шаби 22-юми март рух дод ва дар пайи он 145 нафар кушта шуданд ва садҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
Дар ин амали террористӣ 12 шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун гумонбар боздошт ва ба ҳабси пешакӣ гирифт шуданд:
1. Далерҷон Мирзоев (32-сола)
2. Саидакрам Раҷабализода (30-сола)
3. Фаридуни Шамсиддин (25-сола)
4. Муҳаммадсобир Файзов (19-сола)
5. Исроил Исломов (62-сола)
6. Аминҷон Исломов (33-сола)
7. Диловар Исломов (24-сола)
8. Ёқубҷон Юсуфзода (25-сола)
9. Лутфуллои Назримад (24-сола)
10. Муҳаммадзоир Шарифзода (соли таваллудаш ошкор намешавад)
11. Ашӯров (ном ва соли таваллудаш ошкор намешавад)
12. Ҷумъахон Қурбонов (соли таваллудаш ошкор намешавад)
Назари гумонбарон дар ин робита дастрас нест, маълум нест, ки онҳо вакили дифоъ доранд ва ё на, вале волидони чандин гумонбар дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфтанд, ки ба даст доштани фарзандонашон дар ҳодисаи террористӣ бовар надоранд.
Тафтишоти пешакии парванда то 22-юми май давом мекунад, вале парванда муҳри махфӣ гирифтааст ва муҳокимаи он паси дарҳои баста баргузор хоҳад шуд.
Парвандаи ҷиноятӣ барои “лайк”. Пас аз интиқоди Эмомалӣ Раҳмон вазъ тағйир меёбад?
Усмонзода бозпурсӣ шуд. Мурофиаи сеюми чеҳраҳои шинохта боз ҳам паси дарҳои баста баргузор шуд
Арзиши барқ барои корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ - “Азот” поин рафт
Ӯзбекистон маблағи пардохти гумрукиро барои сементи Тоҷикистон 9 баробар зиёд кард
“Моро дар кӯча намонед”. Муроҷиати сокинони биное дар Душанбе ба додситони кул
Як кушта ва ду захмӣ. Дар ноҳияи Ванҷ се мард зери тарма мондаанд
Гази моеъ қариб 1 сомонӣ гарон шуд. Сокинон мегӯянд, пайдо кардани ин навъи сӯзишворӣ душвор шудааст
“Беш аз 100 мансабдор бозпурсӣ ва 20 нафарашон ба додгоҳ даъват шуданд”. Мурофиаи Аҳмади Иброҳим оғоз шудааст
“Telegram Premium” ҳамчун “туҳфа”. Додситонии кул гуфт, ин кори дасти қаллобон аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Аттор ва беморе, ки гил мехурд”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста