Дар Тоҷикистон Барномаи амнияти озуқаворӣ барои солҳои 2026-2030 тасдиқ шуд. Он бояд ба кишвар ҷиҳати бештар соҳибистиқлол гардидан дар масоили ғизо, дастрастар кардани маҳсулоти хӯрокворӣ барои одамон ва рушду истодагарии бахши кишоварзӣ нисбат ба душвориҳои иқлимӣ ва иқтисодӣ кумак кунад. Барои татбиқи барнома 378,2 млн сомонӣ ҷудо шудааст, ки қисми асосиашро мададрасонҳои байнулмилалӣ маблағгузорӣ мекунанд.
80%-и маҳсулот ватанӣ, лекин ба воридот вобастаем
Тавре ки дар бахши “Таҳлили вазъ ва мушкилоти асосӣ” зикр мешавад, солҳои пешин Тоҷикистон ба пешрафт ноил гардид: агар дар аввали даҳсола кишвар ҳудуди 79%-и талаботи аҳолиро ба маҳсулоти асосии хӯрокворӣ таъмин мекард, пас дар соли 2024 ин нишондиҳанда то 80% боло рафт.
Рушди бахши кишоварзӣ идома дошта, танҳо дар соли 2024 ҳаҷми маҳсулот ба андозаи 10% зиёд шуд. Истеҳсоли ғалладона, сабзавоту полезӣ ва мева ба таври назаррас афзуд.
Аммо хавфҳои ҷиддӣ боқӣ мемонанд. Чорводорӣ то ҳол талаботро қонеъ намесозад: бо истеҳсоли худӣ танҳо нисфи истеъмоли гӯшт таъмин мешавад. Заминҳои обёришаванда камсамар истифода мешаванд, зерсохтори обёрӣ бошад, ба таъмиру навсозӣ ниёз дорад. Вазъиятро тағйироти иқлим душвортар месозанд: хушксолӣ, обхезӣ ва обшавии пиряхҳо мустақиман ба бахши кишоварзӣ таъсир мерасонанд.
Боз як мушкили дигар хароҷоти зиёд ба ғизо аст. Ба ҳисоби миёна зиёда аз нисфи даромади оилаи тоҷикистониён ба хӯрокворӣ сарф мешавад, ки аз осебпазирии бисёре аз хонаводаҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ гувоҳӣ медиҳад.

Дилпурӣ дар сари дастархон: то соли 2030 барои одамон чӣ тағйир меёбад?
Ҳадафи аслии барнома дар таъмини пурраи амнияти озуқаворӣ дар сатҳи кишвар, минтақа ва ҳар як оила ифода меёбад. Бо ин мақсад афзоиши ҳаҷми истеҳсол, беҳбуди дастрасии мардум ба ғизо, беҳтар намудани сифати онҳо ва устувор сохтани низоми таҳвили бештар устувор нисбат ба буҳронҳо ба нақша гирифта шудааст.
Ба масоили идоракунии оқилонаи захираҳои об, ҷорисозии технологияҳои муосир ба соҳаи кишоварзӣ, мутобиқати бахши кишоварзӣ ба тағйирёбии иқлим, рушди зерсохтори саноати коркард ва логистика таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.
Дар Барнома ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи дониши аҳолӣ дар бораи тарзу усулҳои ғизои солим ва беҳдошт ва барои гурӯҳҳои осебпазир таҳияи дастгирии унвонӣ пешбинӣ шудааст.
То соли 2028 аз афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ҷудогона ҳадди ақалл ба андозаи 10% ва зиёдшавии ҳаҷми сармоягузорӣ ба андозаи 15% дар муқоиса бо соли 2025 интизорӣ меравад. То соли 2030 аз ҳисоби инноватсияҳо, дар Тоҷикистон бояд истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба таври назаррас афзуда, маҳсулнокии чорводорӣ зиёд мегардад ва хароҷот ба ғизо кам мешавад.
Дастрасии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба маҳсулоти хӯрокворӣ ва маълумот оид ба тарзи ҳаёти солим беҳтар гардида, бозорҳои хӯрокворӣ бештар устувор мешаванд. Давлат ва минтақаҳо ба буҳрон ва хавфҳои иқлимӣ бештар омода мешаванд.
Амнияти озуқаворӣ чӣ қадар нарх дорад?
Барои амалисозии Барномаи амнияти озуқаворӣ то соли 2030 ҷудо гардидани 378,2 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст. Аз ин миқдор 53,3 млн сомонӣ аз буҷети давлатӣ ҷудо гардида, 25,5 млн сомониашро бахши хусусӣ таъмин мекунад. Мададрасонҳои байнулмилалӣ ва шарикони рушд қариб 300 млн саҳмгузорӣ мекунанд.
Қисми асосии маблағ - зиёда аз 360 млн сомонӣ ба тадбирҳои амалӣ барои бахши кишоварзӣ ва устувории озуқаворӣ равона мешавад. Маблағи зиёд - 170 млн сомонӣ ба беҳдошти замин ва барқарорсозии заминҳо низ равона мешавад.
Қариб 55 млн ба харид ва ҷорисозии техника ва таҷҳизоти муосири кишоварзӣ ва боз 50 млн ба рушди зерсохтори озуқаворӣ ва логистикӣ бо шумули анбору яхдонҳо, коркард ва нақлиёт масраф мегардад.
Барои дигар самтҳо низ маблағҳои назаррас пешбинӣ шудааст. Ба ин тариқ, 22,5 млн сомонӣ ба рушди воситаҳои органикии ҳифзи растаниҳо, ҳудуди 20 млн - ба лоиҳаҳои дастгирии методҳои устувори соҳаи кишоварзӣ ва мутобиқат ба тағйирёбии иқлим равона мешаванд.

Ба рушди чорводорӣ ва баланд бардоштанми маҳсулнокии он 10,6 млн сомонӣ, селексияи навъҳои нав ва рушди тухмипарварӣ - 7 млн сомонӣ ҷудо мешавад. Барои рақамисозии бахши кишоварзӣ -3,7 млн сомонӣ ва барномаҳои беҳбуди ғизо ва баланд бардоштани сатҳи огаҳии аҳолӣ - ҳудуди 5 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Модели молиявии барнома нишон медиҳад, ки сарбории асосӣ ба дӯши шарикони байнулмилалӣ меафтад: онҳо ҳудуди 79%-и ҳамаи маблағгузориҳоро таъмин мекунанд. Ба ҳиссаи давлат ҳамагӣ 14% ва бахши хусусӣ - тақрибан 70%-и хароҷот рост меояд.
Хавфҳои асосӣ иқлим ва геополитика мебошанд
Миёни хавфҳое, ки метавонанд татбиқи барномаро суст кунанд, дигаргуниҳои ҷиддии табиӣ, норасии об, низомҳои кӯҳнашудаи обёрӣ ва нҷчандон фаъол будани раванди ҷорисозии технологияҳои нав номбар мешаванд. Омилҳои беруна, аз қабили бесуботӣ дар бозорҳои ҷаҳон ва вазъи сиёсати ҷаҳонӣ (геполитика), ки метавонад ба таъминот халал ворид намояд, номбар мешаванд.
Барои коҳиши ин хавфҳо бунёди низоми мониторинг ва огоҳкунии барвақтӣ, инчунин механизмҳои вокуниши фаврӣ ба буҳронҳо ба нақша гирифта шудааст.
Барои иҷрои Барнома Вазорати кишоварзӣ дар ҳамдастӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷавобгӯ аст. Мониторинг тибқи қоидаҳои тасдиқшудаи давлатӣ гузаронида мешавад, то ки шаффофият ва самаранокии ҳамаи тадбирҳо таъмин гардад.






