Жоу Шинг, сафири Чин дар Кобул бо Муҳаммаднаим Вардак, муовини молӣ ва идории Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон ҳамла ба чиниҳо дар ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон аз хоки Афғонистонро баррасӣ кардааст. Дар ин бора имрӯз, 3-юми декабр, расонаҳои Афғонистон гузориш додаанд.
Ба навиштаи “8-и субҳ”, намояндаи “Толибон” ҳамла ба шаҳрвандони Чин дар Тоҷикистонро кори дасти “душманоне” донистааст, ки қасд доранд, миёни кишварҳо “беэътимодӣ” эҷод кунанд.
Муҳаммаднаим Вардак, ҳамчунин, аз рӯйдодҳои ахир изҳори таассуф карда, гуфтааст, ки таҳқиқи ин ҳодисаҳо оғоз шудааст.
“Толибон” иддаъо кардаанд, ки сафири Чин аз “талошҳо ва мавзеъгирии ҷиддӣ”-и ин гурӯҳ дар робита ба ҳамла ба шаҳрвандони Чин дар манотиқи марзии Тоҷикистон “қадрдонӣ” кардааст. Ба гуфтаи “Толибон”, сафири Чин гуфтааст, омилони ҳодисаҳои ахир қасд доранд “равобити Чину Афғонистонро хароб кунанд”.
Бояд гуфт, ки дар пайи ду ҳамлаи охир аз хоки Афғонистон ба манотиқии наздимарзии Тоҷикистон 5 шаҳрванди Чин кушта ва 5 каси дигар маҷруҳ шуданд. Ин ҳамлаҳо аввал ба бошишгоҳи як ширкати маъдантозакунӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва баъдан ба як ширктаи роҳсозӣ дар ноҳияи Дарвоз сурат гирифтанд.
Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро шадидан маҳкум карда аз “Толибон” хоста буд, ки омилони онро дастгир кунанд.
ВКХ-и ҳукумати Толибон дар вокуниши худ ба ин ҳамлаҳо гуфт, ки ҳамла тавассути гурӯҳҳое анҷом шудааст, ки ҳадафашон “эҷоди бесуботӣ ва беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа аст”.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро шадидан маҳкум карда, ба роҳбарони мақомоти қудратии кишвар машварати корӣ баргузор ва дастур дод, ки "доир ба ҳалли масъала ва пешгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳои нохуш аз чораю тадбирҳои муассир кор бигиранд”.
Дар ҳамин ҳол, Сафорати Чин дар Душанбе аз шаҳрвандонаш хост, ки аз минатқаҳои наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон берун шаванд ва аз Тоҷикистон талаб кард, ки барои таъмини амнияти ширкатҳо ва шаҳрвандонаш чораҳои зарурӣ андешад.
Дар пайи ин, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷи ҳукумати Толибон суҳбати телефонӣ кард.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 декабри соли 2025
“Моро дуруст фаҳмед”, “Бахилӣ накунед” ё “Вазирони қатор аз паси президент”. Нуктаҳои муҳим ва берун аз матни паёми имсола
Ҷавоне, ки баъди рад кардани хостгорӣ, ба куштори дӯстдухтараш муттаҳам буд, 24 сол равонаи зиндон шудааст
Суҳроб Нуралӣ ба ҷои Шоҳин Самадӣ сухангӯи ВКХ таъин шуд
Тоҷикистон кай расман ба Созмони ҷаҳонии бокс шомил мешавад?
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2026 аз 15 то 25% зиёд мешавад
“Моро дуруст фаҳмед”. Муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва ваъдаи поёни маҳдудияти интиқоли барқ дар соли 2027
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Дар пайи мушкили таъмини барқ, Тоҷикистон аз Ӯзбекистон барқ мехарад
Дар Суғд корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста