Душанбе. 13-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Мувофиқи қарори додгоҳ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҷем», ки дар шаҳри Толяттии Русия (вилояти Самара) мағозаи гипермаркети «Окей» ба он таллуқ дорад, барои ғайриқонунӣ ба кор гирифтани муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба маблағи 250 ҳазор рубл ҷарима баста шуд.
Дар сомонаи интернетии додситонии вилояти Самара хабар дода мешавад, ки додситонӣ ҳолати ба кор ҷалб намудани муҳоҷирони меҳнатии хориҷиро дар ширкати «Ҷем» мавриди тафтиш қарор додааст.
«Тафтишот ошкор сохт, ки ширкат бидуни доштани иҷозатномаи кор дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ шаҳрванди Тоҷикистонро ба сифати дарбон дар қаламрави мағозаи
«Окей» ба кор қабул кардааст ва ин дар ҳолест, ки тибқи қонунгузории мавҷуда шаҳрванди хориҷӣ танҳо дар сурати доштани иҷозатномаи муқарраршуда ба кор қабул карда мешавад», - гуфта мешавад дар хабар.



Вакилони парлумон қонунеро қабул карданд, ки барои воридоти аккумулятор пули “утилизатсия” ситонида мешавад
Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Tokyo Grand Slam 2025”. Онҳо аз Ҷопон бемедал бармегарданд
КҲФ марги як зану шавҳар дар Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштро тасдиқ кард
Таъини ҷазо барои истеҳсоли “криптовалюта” бо истифода аз “барқи дуздӣ”
Марги як корманди пешини ҳукумати Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш дар пайи заҳролудшавӣ
Дар Тоҷикистон чеҳраи нафақахӯронро шиносоӣ мекунанд
Муҳаммад Наимов баъди шикаст аз намояндаи Бразилия дар "UFC 323" чӣ қадар маблағ гирифт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 37
Мақомот сӯхтор дар ҳудуди бозори “Корвон"-ро шарҳ доданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста