Душанбе. 6-уми июл. «Азия-Плюс» — | Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон тасмими баёншудаи ҳокимиятдорони тоҷикро оиди инкори иттиҳоми тахминшудаи хабарнигори Би-Би-Си Ӯрунбой Усмонов нисбати узвият дар гурӯҳи «Ҳизб-ут-Таҳрир» мепазирад.
Дар изҳороти интишоршудаи намояндагӣ гуфта мешавад, гузашта аз ин, Намояндагии ИА ҳанӯз ҷиҳати айбномаи эътибордошта, ки ҷаноби Усмонов мутаҳҳам шуморида шудааст, изҳори нигаронӣ менамояд, алахусус, дар ҳолате, ки иттиҳом ба фаъолияти касбии хабарнигории қабули омма марбут аст. «Намояндагии ИА даъват ба мақомоти ваколатдори ҳокимиятдорони тоҷик ҷиҳати тафтиши айнии иттиҳоми боқимонда дорад, ва дархости фавран озод намудани ҷаноби Усмоновро мекунад», - омадааст дар изҳорот.
Дар изҳорот ҳамчунин зикр мегардад, ки Иттиҳоди Аврупо кӯшишу ҷаҳди Ҳукумати Тоҷикистонро дар таъминоти пойдорӣ ва амнияти кишвар пурра эътироф менамояд, аммо давоман муҳимияти озодии васоити ахбори умум дар Тоҷикистон, ва инчунин риояи меъёрҳои шаффофи байналмилалии ҳуқуқиро таъкид мекунад.
Хотиррасон мекунем. ки хабарнигори хадамоти ӯзбекии радиои Би-Би-Си Урунбой Усмонов рӯзи 13 июн дар шаҳри Хуҷанд дастгир карда шуд. Як рӯз баъд ВКД Тоҷикистон хабари зеринро интишор дод: «Ӯрунбой Усмонов соли 2009 бо ихтиёри худ ба сафҳои «Ҳизб-ут-таҳрир» пайваста, ба воситаи Интернет дар вилоят ба тарғибу ташвиқи ғояҳои ҳизби мазкури экстремистӣ машғул шуда, варақаҳо ва китобҳои хосияти экстремистидошта паҳн карда, сокинони вилоятро ба узви «Ҳизб-ут-таҳрир» шудан даъват менамудааст».
Ҳамчунин қаблан Маркази робита бо ҷомеаи Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ хабар дода буд, ки нисбат ба Усмонов ба гумони ширкат дар ҷамъияти ифротгаро парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. «Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва маълумоти аз шоҳидон дастрасшуда далелҳои боэътимоде ҷамъоварӣ шуданд, ки узвияти ӯро дар созмони фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъшуда тасдиқ месозанд», - гуфта буд сардори Маркази робита бо ҷомеаи КДАМ Нозирҷон Бӯриев.
Ӯ ҳамчунин таъкид сохта буд, ки аллакай муқаррар шудааст, ки Усмонов муддати зиёд бо намояндагони созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир» дар дохил ва хориҷи кишвар робита дошта, дар омодасозӣ ва паҳн кардани маводи чопӣ, ки ғояҳои созмонро бобати ба таври зӯроварӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ ва тағйир додани сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон тарғиб мекардаанд, иштироки фаъолона доштааст.
Таҳдиди муҷозот барои барои андозбандии беасос. Кумитаи андоз ба шикояти кишоварзон расидагӣ кард.
Сокини Конибодом ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Украина гумонбар мешавад
Далер Назаров: “Агар шеър менавиштам, мехостам чун Лоиқ нависам...”
Ҷонибек Ҳикмат президенти Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ интихоб шуд. Ӯ кист?
Ато Мирхоҷа: “Адибони тунуквиҷдон сабаби пайдоиши “шоирону нависандагон”-и қаллоб шуданд”
Кор дар Қатар. Вазорати меҳнат бори дигар рӯйхати касбу ихтисосҳои зарурро нашр кард
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста