Душанбе. 27-уми июл. «Азия-Плюс» — | Соли равон ҳукумати ҷумҳурӣ барои харидани техникаву таҷҳизот ба Кумитаи ҳолатҳои фавкулодда ва мудофиаи гражданӣ наздики 5 млн. сомонӣ маблағ ҷудо кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз кумитаи мазкур хабар доданд, дар тӯли фаъолияти кумита бори нахуст ҳукумат ин миқдор маблағи зиёдро ҷудо намудааст. «Дар нимсолаи аввали соли равон бо дастгирии созмонҳои мададрасони хориҷӣ ва ташкилотҳои байнулмилалӣ барои эҳтиёҷоти кумита ба маблағи ҳудуди 430 ҳазор Евро техникаву таҷҳизот дастрас гардид», - гуфтанд дар кумита.
Ҳамчунин зикр гардид, ки кумита ба ҳукумат пешниҳод кардааст, ки хадамоти ҳифз аз жолаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба тобеъияти КҲФ ва МГ гузаронида шавад ва айни замон ин пешниҳод мавриди баррасии вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад. «Гап сари он аст, ки вазифаҳои ба дӯш доштаи ин хадамот бештар ба чораҳои меандешида зимни ҳолатҳои фавқулодда мувофиқанд», - афзуд манбаъ.




Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста