Хуҷанд. 12-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар меҳмонхонаи «Хесон»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони аҳзоби сиёсӣ, соҳибкорон ва намояндгони мақомоти давлатӣ шӯрои ҷамъиятӣ доир гардид, ки дар он масъалаи болоравии қимати маводи ғизойӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд.
Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Дилбар Самадова дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки сабаби болоравии нархҳо ба роҳи пулакӣ ва безалтернативӣ, ки минтақаи ҷанубу шимолро мепайвандад, вобаста аст. Ба қавли ӯ, ғайр аз ин, муносибат бо кишвари ҳамсоя хуб нест. Ба ақидаи вай, ришвахорӣ ва молик надоштани замин дар Тоҷикистон низ сабабгори болоравии нархҳо мешавад. «Аксаран замин моли онест, ки дар ҳокимият аст, вале дар замин деҳқони оддӣ кор мекунад. Мутаассифона, ҳам қимати маводи ғизойии воридотӣ ва ҳам дохилӣ афзуд. Афзоиши қимати маҳсулоти воридотиро фаҳмидан мумкин аст, зеро нархи бензин, боҷи содиротӣ дар роҳи оҳан зиёд шуд, - мегӯяд ӯ. – Вале боло рафтани маводи ғизойии истеҳсоли дохили кишвар шубҳаовар аст. Вақте нархи маҳсулот боло меравад, давлат бояд чора андешад, аз ҷумла ба ҳаҷми музди меҳнат маблағи иловагӣ зам намояд. Дар кишвар ҳатто қонун дар бораи индексатсия қабул шудааст, вале он амал намекунад. Замин бояд ба деҳқон дода шуда, мустақилона дар он фаъолият кардани ӯ таъмин гардад».
Раиси созмони ҷамъиятии бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд Абдуғанӣ Почоев бар ин назар аст, ки вазъи нархҳо мӯътадил аст. Ба гуфтаи ӯ, чанде қабл дар мулоқот бо фурӯшандагону соҳибкорон аз онҳо дархост шудааст, ки дар моҳи Рамазон нарҳоро боло набаранд. «Дар даҳ рӯзи моҳи Рамазон нархҳо дар бозори «Панҷшанбе» зиёд нашудаанд», - зикр кард Почоев.
Таҳдиди муҷозот барои барои андозбандии беасос. Кумитаи андоз ба шикояти кишоварзон расидагӣ кард.
Сокини Конибодом ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Украина гумонбар мешавад
Далер Назаров: “Агар шеър менавиштам, мехостам чун Лоиқ нависам...”
Ҷонибек Ҳикмат президенти Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ интихоб шуд. Ӯ кист?
Ато Мирхоҷа: “Адибони тунуквиҷдон сабаби пайдоиши “шоирону нависандагон”-и қаллоб шуданд”
Кор дар Қатар. Вазорати меҳнат бори дигар рӯйхати касбу ихтисосҳои зарурро нашр кард
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста