Дар кори мизи гирд, ки дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Марказ оид ба ҳуқуқи инсон бо дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон созмон дода шуд, масоили марбут ба дастрасии адвокатҳо ба зерҳимоягони худ, кӯмаки ҳуқуқӣ расонидан ба ашхоси мавриди шиканҷа қароргирифта баррасӣ шуданд.
Намояндаи Марказ оид ба ҳуқуқи инсон Парвина Наврӯзова қайд кард, ки аз замони шурӯъи татбиқи лоиҳаи мубориза бар зидди истифодаи шиканҷа дар Тоҷикистон мунтазам далелҳои истифодаи шиканҷа ҳуҷҷатгузорӣ шуда, муайян карда шудааст, ки шиканҷаву зӯроварӣ маҳз аз вақти боздошт истифода мешаванд ва ҳуқуқи адвокатҳо ба дастрасӣ ба зерҳимояи худ риоя намегардад.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки аз ҷониби марказ дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳа бо адвокатҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ як қатор вохӯриҳои кории машваратӣ доир карда шуданд, ки дар онҳо мушкилоти асосии адвокатҳо зимни амалисозии фаъолият бобати дифоъ аз ҷабрдидагони шиканҷа мавриди баҳс қарор гирифтанд.
Наврӯзова афзуд, намояндагони марказ дар ҳамдастӣ бо мутахассисони Додситонии кулл ва дигар созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқ пайи таҳияи дастур барои кормандони мақомоти додситонӣ оид ба тафтишоти пурсамари истифодаи шиканҷа мебошанд.
Намояндаи Лигаи занони ҳуқуқшинос Хуршеда Мӯъминзода зимни муаррифии натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳи кории омӯзиши масъалаи «Дастрасии адвокат ба боздоштшудагон» изҳор кард, ки баъзан ба адвокат ҳатто имкон дода намешавад, ки бо қарор дар бораи боз кардани парвандаи ҷиноӣ шинос шавад.
«Вохӯрии адвокат бо зерҳимояи худ як қисмати фаъолияти адвокат ҷиҳати дифоъ аз шаҳрванд аст ва ин гунн кор зарурати таҳлили муштаракаи маводи парвандаро тақозо мекунад, ки бидуни истифодаи компютер мушкил аст. Ба муфаттишон барои истифодаи техника иҷозат дода шудааст, вале ин амал барои адвокатҳо манъ аст», - мегӯяд Мӯъминзода.
Дар анҷоми кори мизи гирд аз ҷониби адвокатҳо, намояндагони додгоҳи вилоятӣ, мақомоти додситонӣ ва Шӯрои адлия як қатор тавсияҳо таҳия гардид. Аз ҷумла пешниҳод шуд, ки ба як қатор моддаҳои Кодекси мурофиавӣ-ҷиноӣ, ки ба ваколати ҳимоягар ва ҳуқуқи гумонбаршуда дахл доранд, тагйироту иловаҳо ворид карда шавад.
Акс аз board.donetsk24.com.ua




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста