Баъд аз чор моҳи ҳамкории Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо роҳбарияти ноҳияи Шӯрообод ва беморхонаи Саричашма таъмири шӯъбаи акушерӣ ва гинекологӣ анҷом ёфт. Аз тарафи Сафорати ИМА шаш ҳуҷраи шӯъбаи акушерӣ ва гинекологӣ таъмир гардида, бо лавозимоти тиббӣ таҷҳизонида шуд, ки ин ба беморон ва кормандони тиб шароити мусоид фароҳам овард. Дармонгоҳи тиббии Саричашма барои 20 ҳазор аҳолии наздик ва дурдасти ноҳия хизмат мерасонад.
Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, бисту ҳаштуми ноябри соли 2011 намояндагони Сафорати ИМА, хукумати нохиявӣ ва махаллӣ ва аъзои ҷамоа дар маросими ифтитоҳи беморхона иштирок намуданд. Дар рафти ин маросим кормандони беморхона аз бинои таъмиргардида боздид карданд.
Ба иттилои манбаъ, дар оянда ин лоиҳа аз тарафи Сафорати ИМА аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ ёфта, ба гузаронидани хатти оби нӯшокӣ дар ноҳияи Саричашма кӯмак мерасонад.
Сафорати Иёлоти Муттахидаи Амрико ба маблаги 35000 доллар ба беморхонаи Саричашма ёрӣ расонд, ки ин аз маҳсулоти сохтмонӣ барои таъмир, таҷҳизоти идоравӣ, таҷҳизоти тиббии босифат, асбобҳои ҷарроҳӣ ва доруворӣ иборат аст.
Шурӯъ аз соли 1992 халки ИМА ба маблаги 984 млн доллар барои барномаҳои тақвияти институтҳои демократӣ, тандурустӣ, маориф ва пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон кӯмак расонд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста