Чанде кабл дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ дар ҳамкорӣ бо ниҳоди «СММ₋Об» ва Созмони озуқа ва кишоварзӣ (FAO) Ҷаласа дар мавзӯи “Аз рӯзи байналмилалии об, 2012 таҳти унвони “Об ва амнияти озуқавӣ” то Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013” доир гардид.
Тавре аз Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ хубар доданд, ҷаласаро Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов, Раиси Маҷмаи Умумии СММ Носир Носир Абдулазиз Наср, муовини Дабири кулли СММ Аша Роуз Мигиро, муовини аввали Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон Султон Раҳимов ва Котиби ниҳоди “СММ₋Об” Кенза Робинсон ифтитоҳ намуданд.
Қисми аввали ҷаласа ба мавзӯи “Об ва амнияти озуқа” бахшида шуда буд. Дар ин қисмати ҷаласа Намояндаи доимии Нидерланд дар СММ Ҳерман Шапер дар бораи нақши он кишвар дар ҳалли масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи об, Мудири Дафтари Созмони озуқа ва кишоварзӣ дар Ню₋Йорк Лила Ратсифандриҳаманана дар бораи иқдомоти FAO дар масъалаҳои об ва амнияти озуқавӣ, Мушовири аршади Бунёди кӯдакони СММ (UNICEF) Эндрю Паркер дар бораи барномаҳои он созмон дар бахши амнияти озуқавӣ гузориш доданд.
Дар қисми дуввуми ҷаласа, ки ба мавзӯи “Гуфтугӯ оид ба иқдомоти мавриди интизори Соли байналмилалии об, 2013” бахшида шуда буд. Муовини аввали Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон Султон Раҳимов дар мавзӯи “Аҳдоф ва иқдомоти мавриди интизори Соли байналмилалии об, 2013” гузориш дод.
Қайд гардид, ки дар ин замина ҷониби Тоҷикистон амали намудани аҳдофи зеринро ба нақша гирифта буд: дохил намудани пешниҳодҳои Тоҷикистон ба санади хотимавии Конфронси рушди устувор (Рио+20); баргузор намудани мизи мудавари сатҳи баланд дар мавзӯи ҳамкорӣ дар соҳаи об дар чаҳорчӯби Форуми 6₋уми байналмилалии об; ба нақша гирифтани барномаи амал дар Соли байналмилалии ҳамкориҳои дар соҳаи об, 2013; баргузор намудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Соли байналмилалии ҳамкориҳои дар соҳаи об дар Душанбе дар нимаи дуввуми соли 2013 дар Душанбе ва баргузор намудани Гуфтугӯи Маҷмаи Умумии СММ дар мавзӯи ҳамкорӣ дар соҳаи об дар моҳи марти соли 2013.
Дар ҷаласа инчунин роҳбари Дафтари мудирияти оби Вазорати замин, инфраструктура, нақлиёт ва туризми Ҷопон Томоо Иноуе дар мавзӯи “Ҳамкорӣ дар соҳаи об ба хотири мудирияти офатҳои табиӣ”, Котиби иҷроияи Шарокати ҷаҳонии об (Global Water Partnership) Ана Гробитски, Мудири Дафтари ЮНЕСКО дар Ню₋Йорк Филип Криделка, мушовири Шӯрои ҷаҳонии об (World Water Council) Марсиа Брустер дар мавзӯи “Об ва рушди сабз” ва роҳбари ширкати хабарии “South-South News” Франсис Лорензо суханронӣ карданд.
Дар анҷоми нишаст, миёни гузоришдиҳандагон ва ширкаткунандагони ҷаласа саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор дар мавзӯи об ва иқтисоди сабз доир гардид.



Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста