Қисмати аввали кумаки башардӯстонаи Русия тавассути ҳавопаймои Ил-76 ба Тоҷикистон расонида шуд.
Муовини директори департаменти байнулмилалии КҲФ Русия Евгений Ершов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор кард, ки қисмати аввали кумак аз дастгоҳу таҷҳизоти гармкунанда, нерӯгоҳҳои барқии сайёр, хаймаҳо, зарфи металлӣ ва ғайра иборат аст, ки вазни умумиаш 37,8 тонна мебошад.
Ду рӯзи оянда ба Тоҷикистон тавассути ду борти Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Россия қисми боқимондаи кумаки башардӯстона фиристода хоҳад шуд. Дар маҷмуъ ба кишвар 113 тонна кумаки башардустона ба маблағи умумии беш аз 100 млн. рубли русӣ ворид мегардад.
Муовини директори Агентӣ оид ба хариди давлатӣ ва захираҳои моддии назди Ҳукумати Тоҷикистон Соҳибҷон Зиёдуллоев, ки масъули қабули кумаки башардӯстона аст, дар робита ба ин масъала гуфт, ин кумак ба манотиқи бештар осебдида аз зимистони сарди имсола фиристода хоҳад шуд.
Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, бар асари зимистони сарду тӯлонӣ роҳҳои мошингарду пулҳо хароб гардида, бахши чорводории ҷумҳурӣ хисороти зиёд бардошт.
Хисорот ба соҳави рустанипарварӣ 1,3 млн. $ ва ба бахши чорводорӣ ба беш аз 905 ҳазор $ арзёбӣ шуда, ҳамчунин 350 гектар боғу токзор осеб диданд, ки зарари онҳо 505,8 ҳазор $-ро ташкил медиҳад.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 30-юми март суҳбати телефонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва нахуствазири Русия Владимир Путин баргузор шуда, дар он вазъи мушкили Тоҷикистон бар асари сардиҳои шадиди зимистон баррасӣ шуд. Дар робита ба ин Эмомалӣ Раҳмон аз Русия кумаки башардӯстонаи таъҷилӣ дархост кард.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 декабри соли 2025
Аз қатли Нилуфар то Қобилҷон дар Русия. Натиҷаи ташаккули фазои муҳоҷирситезӣ ва беҷазоӣ барои нажодпарастӣ?
Боз ҳамлаи гург ба ду сокини ноҳияи Деваштич. Ин ҳодисаи сеюм дар як моҳи охир аст
Қариб 6 ҳазор донишҷӯи ӯзбекистонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд
Нотаи Тоҷикистон ба Русия дар пайи куштори навраси тоҷик. Раҳимзода аз Колоколтсев таҳқиқи ҳодисаро хост
Тоҷикистон дар радабандии рушди иҷтимоӣ дар зинаи 113-ум қарор гирифт
Гаронтарин футболбозони Лигаи олии Тоҷикистон киҳоянд?
Эмомалӣ Раҳмон: “Истихроҷи канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон 2 баробар зиёд мешавад”
Куштори навраси 10-солаи тоҷик дар мактабе дар Русия. Сафорати Тоҷикистон ба ВКХ Русия ёддошти расмӣ фиристодааст
Президенти Тоҷикистон ваъда дод, ки дар кишвар 1,4 млн ҷойи корӣ таъсис дода мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста