Дар рӯзи таҷлили ҷашни Рӯзи пойтахт мақомоти шаҳрдории Душанбе аз озмунҳои «Мактаби сол - 2011», «Директори сол - 2011», «Муаллими сол - 2011», «Кӯдакистони сол - 2011», «Мудири кӯдакистони сол - 2011», «Мураббии сол - 2011» ва «Синфи беҳтарини сол - 2011» натиҷагирӣ кард.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, мактаби № 13-и пойтахт ғолиби озмуни «Мактаби сол - 2011» дониста шуда, коллективи меҳнатии мактаб бо манзили зисти сеҳуҷрадор қадрдонӣ шуд.
Директори гимназияи №9 Гулрӯ Сатторова «Директори сол – 2011» эътироф гардида, бо 3 ҳазор сомонӣ маблағ сарфароз гардонида шуд.
Омӯзгори фанни забон ва адабиёти руси мактаби таҳсилоти умумии №78-и ноҳияи Фирдвавсӣ Виталий Рябсев дар озмуни «Муалллими сол – 2011» ғолиб омада, бо 2 ҳазор сомонӣ маблағ қадрдонӣ шуд.
Ғайр аз ин, синфи беҳтарини сол низ муайян карда шуд. Мактаби №55-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт дар озмуни «Синфи беҳтарини сол – 2011» ғолиб дониста шуд. Акнун роҳбари ҳамин синф Ҳафизова Нигина дар ҳаҷми 200 (дусад) сомонӣ барои 10 моҳ, сардори синф Каримова Шаҳноза дар ҳаҷми 60 (шаст) сомонӣ барои 9 (нӯҳ) моҳ, хонандагони синф 26 (бисту шаш) нафар, ҳар кадоме дар ҳаҷми 50 (панҷоҳ) сомонӣ барои 9 (нӯҳ) моҳи соли 2012 бо идрорпулии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҳавасманд гардонида мешаванд.
Ғолиби озмуни «Кӯдакистони сол - 2011» - кӯдакистони № 157 ноҳияи Сино дар ҳаҷми 3 ҳазор сомонӣ қадр карда шуд. Ғолиби озмуни «Мудири кӯдакистони сол - 2011» - мудири кӯдакистони № 44 ноҳияи Шоҳмансур Усмонова Зебо бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2 ҳазор сомонӣ ва ғолиби озмуни «Мураббии сол - 2011» - мураббии кӯдакистони № 117 ноҳияи Фирдавсӣ Аъзамова Олмахон дар ҳаҷми 1,5 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуданд.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 январи соли 2026
Шаҳрвандони Тоҷикистон давоми соли 2025 дар Google бештар чӣ ҷустуҷӯ карданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 январи соли 2026
Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста