Аввали моҳи феврали соли оянда баргузории вохӯрии кормандони намояндагии Хададмоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия бо раҳбарони корхонаву ташкилотҳои вилояти Новосибирск дар назар аст.
Тавре аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия хабар доданд, дар мулоқоти корманди намояндагӣ Муҳаммадӣ Давлатов бо директори филиали КВДФ «Хизматгузории шиносномадиҳиву раводид»-и Новосибирск Владимир Постников чунин тасмим гирифта шуда, ҳамчунин роҳандозии фаъолияти қонунии муҳоҷирини корӣ дар қаламрави вилоят ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо баррасӣ шуданд.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот В.Постников ба ҳамкории марбут ба фаъолияти муҳоҷирони кории тоҷик дар ҳама гуна самтҳо изҳори омодагӣ намудааст.
Зимнан зикр гардид, ки бо пешниҳоди қабули муҳоҷирони тоҷик ба кор дар соли оянда ба намояндагӣ як қатор корхонаҳои вилояти Кемерово, аз ҷумла ҶДММ «Стройиндустрия», ҶДММ «Кузбасский скарабей» ва ҶСК «КОРМЗ» муроҷиат намудаанд.
Бино ба маълумоти намояндагӣ, айни замон дар қаламрави вилоятҳои Новосибирск ва Кемерово якчанд бригадаҳои сохтмонии муҳоҷирони кории тоҷик фаъолият дошта, ҳамватанони мо ҳамчунин дар бахшҳои саноату нақлиёт ва тиҷорату хизматгузорӣ машғули кор мебошанд.




Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2026
“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста