Давоми рӯзҳои 15-16-уми январ дар шаҳри Душанбе масоили сафедкунии маҳкумшудагон ба содир намудани ҷиноятҳои марбут ба ифротгароиву терроризм баррасӣ шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар ҶТ хабар доданд, дар ин ҷо оид ба мавзӯи озод кардан, сафедкунӣ, дар озодӣ ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқгардонии чунин маҳкумшудагон мизи гирд барпо шудааст.
Ба иттилои манбаъ, чорабинии дурӯза аз ҷониби Дафтари САҲА дар ҳамдастӣ бо Пажуҳишгоҳи СММ оид ба масоили ҷинояткорӣ ва адолати судӣ созмон дода шуда, дар кори он 16 нафар коршиносони сатҳи байнулмилалӣ ва намояндагони сохторҳои давлатии Тоҷикистон ширкат варзидаанд.
«Дар кори мизи гирд оид ба таҷрибаи пешсафи андӯхта дар самти пешгирии ифротгароиву тундгароӣ дар зиндонҳо бо таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба тарзи кору муносибат ва таҷрибаи дар Тоҷикистон мавриди истифода қарордошта табодули назар сурат гирифт», - гуфт манбаъ.
Роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Ивар Викки дар ин робита изҳор намуд, ки чорабинӣ оид ба баррасии ин масъала бори нахуст дар минтақаи Осиёи Марказӣ доир гардида, иштирокдорони он ба табодули таҷриба ва шиносоиву омӯзиши таҷрибаву кӯшишоти байнулмилалӣ дар самти пешгирии ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез дар зиндонҳо имкон пайдо карданд.




Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста