Раиси Кумитаи давлатии Думаи Русия оид ба умури ИДМ Леонид Слутский изҳор намудааст, ки мухолифи ҷорисозии реҷаи раводид бо Тоҷикистон аст. Дар ин бора хабаргузории REGNUM иттилоъ медиҳад.
«Имрӯз танҳо аз Тоҷикистон 1 млн. 130 ҳазор нафар дар Русия кору зиндагӣ мекунанд ва бо назардошти қазияи Бирюлов, дарҳол онҳоро душман донистану раводид ҷорӣ кардан воситаест, ки мо ба иғво дода шуда, онро қабул мекунем ва ба ҷудоиандозии ҷиддӣ дучор мегардем», - гуфтааст Слутский зимни конфронси матбуотӣ дар Маскав.
Вакили Думаи давлатии Русия эътироф кардааст, ки «дарёфти созиш миёни воситаи қонунӣ (нисбат ба сиёсати муҳоҷират) ва шадид хеле мушкил аст». «Аз ифрот дар ин масоил мебояд худдорӣ варзид», - бар ин назар аст Слутский.
Номбурда ҳамчунин зикр кардааст, ки рӯзҳои наздик баимзорасӣ ва тасдиқи созишномаҳо, аз ҷумла бо Тоҷикистон дар назар аст, ки баҳри танзими масоили муҳоҷирати корӣ ва «ва ба низом овардани онҳо нисбати муҳоҷирон ва ҷомеаи Русия нигаронида шудаанд».




Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Маош аз 60 то 200 ҳазор рубл. Мақомот ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҷойи кор пешниҳод доранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста