Созмонҳои журналистии Тоҷикистон дар робита ба қарори суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт нисбати газетаи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина изҳороти расмӣ интишор намуданд.
Дар изҳороти Шӯрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори мустақили Тоҷикистон, Медиа-Алянси Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» зикр мегардад, ки қарори суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 25 феврали соли ҷорӣ дар нисбати муаллифи матлаби «Безиёиёна дар бораи зиёиён» («Неинтеллигентно об интеллигенции») –и Ольга Тутубалина («Азия-плюс», №40, аз 30.05.2013), бо даъвои панҷ иттиҳодияи илмию эҷодӣ бо ҳамроҳии 3 намояндаи зиёиёни кишвар - Аскаралӣ Раҷабов, Дилбар Абдиева ва Ҳикмат Раҳматов, ки муаллифи матлаби мазкурро ба пардохти 30 ҳазор сомонӣ ва чопи раддия дар нашрия вазифадор менамояд, мо, намояндагони ҷомеаи журналистиро нигарон месозад.
«Мо бар онем, ки тавассути суди одилона баррасӣ ва ҳал намудани баҳсҳои рӯйзада миёни васоити ахбори омма ва ниҳодҳову шаҳрвандон дар ҳар кишвар аз арзишҳои воло ва тақозои низоми демократӣ аст, вале ҳамзамон тарзи бархӯрд ва муносибати судҳо, ба хусус судҳои марҳалаи аввал, ба ин масъала низ ҷавобгӯ ба муқаррароти қонунҳои миллӣ ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд сурат бигиранд», - баён мегардад дар изҳорот.
Изҳори таассуф карда мешавад, ки мурофиаи судии қазияи муаллифи матлаби «Безиёиёна дар бораи зиёиён» ва иттиҳодияҳо ва намояндагони қишри зиёии кишвар бо халалдор шудани меъёру муқаррароти қонунҳои мурофиавӣ, яктарафа, бе назардошти ҳолатҳои воқеӣ ҷараён гирифта, қарори суди марҳалаи аввал принсипҳои объективият ва беғаразии мақоми судиро зери суол бурд.
«Илова бар ин, Шўрои ВАО-и Тоҷикистон матлаби мазкурро баррасӣ намуда, дар он халалдор шудани «Меъёрҳои ахлоқии касбии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро дарнаёфта буд», - омадааст дар идома.
Гуфта мешавад, ҳолати мавҷудияти кафолати конститутсионии озодии баён дар Тоҷикистон ва эътироф шудани санадҳои байналмилалии танзимгари озодии сухан аз ҷониби давлати Тоҷикистон, таъин намудани чунин муҷозоти судӣ дар нисбати рӯзноманигоре, ки тавассути матбуот ақидаи хешро вобаста ба зуҳуроте дар ҷомеа баён доштааст, мояи нигаронӣ набуда наметавонад.
«Боис ба таъкид аст, ки чунин муносибати мақомоти судӣ дар нисбати қазияҳои вобаста ба фаъолияти журналистон бори аввал набуда, тамоили анъанавӣ касб намуда истодааст», - қайд мешавад дар изҳорот.
Зимнан зикр мегардад, ки қарори суди марҳалаи аввал дар нисбати рӯзноманигор Ольга Тутубалина - муаллифи матлаби «Безиёиёна дар бораи зиёиён», намунаи тозаи чунин муносибати ноодилонаи мақоми судӣ буда, як навъ фишороварӣ ба фаъолияти озоди журналист, таҳдиде ба озодии баён дар ҷомеаи демократияхоҳи мо мебошад.




Нишасти C5+1 бо иштироки сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ҷопон
Ҷасади Қобилҷони дар Русия кушташударо ба Тоҷикистон оварданд. Маросими видоъ оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 декабри соли 2025
Аз қатли Нилуфар то Қобилҷон дар Русия. Натиҷаи ташаккули фазои муҳоҷирситезӣ ва беҷазоӣ барои нажодпарастӣ?
Боз ҳамлаи гург ба ду сокини ноҳияи Деваштич. Ин ҳодисаи сеюм дар як моҳи охир аст
Қариб 6 ҳазор донишҷӯи ӯзбекистонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд
Нотаи Тоҷикистон ба Русия дар пайи куштори навраси тоҷик. Раҳимзода аз Колоколтсев таҳқиқи ҳодисаро хост
Тоҷикистон дар радабандии рушди иҷтимоӣ дар зинаи 113-ум қарор гирифт
Гаронтарин футболбозони Лигаи олии Тоҷикистон киҳоянд?
Эмомалӣ Раҳмон: “Истихроҷи канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон 2 баробар зиёд мешавад”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста