Баъзе аз мактабҳои ноҳияи Вахш бо мушкили камӣ ва ҳатто надоштани ангишт, ҳезум, сӯзишвории дизелӣ ва шишатирезаҳои шикастаи синфхонаҳо рӯ ба рӯ шудаанд. Вале масъулини Раёсати маорифи вилояти Хатлон иддао доранд, ки кулли муассисаҳои таълимии вилоят ба зимистон ҳанӯз қабл аз вуруди он омода буданд.

Мувофиқи маълумотномае, ки ахиран аз Раёсати маорифи вилояти Хатлон ба мо пешниҳод гардид, ҳанӯз то 16-уми октябри соли 2014 нақшаи таъмин бо ангишт, ҳезум, сӯзишвории дизелӣ барои генераторҳои барқдеҳ ва насби шишаи тиреза дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Вахш 100% иҷро шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати кишвар ҳанӯз 5-уми майи соли 2014 бо қарори №286 мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш ва дигар ниҳодҳои зирабтро муваззаф карда буд, то барои зимистонгузаронии соҳаи маориф маблағи кофӣ ихтисос диҳанд. Сарчашмаи дигар барои анҷоми ин иқдоми нек дастгирии молии волидайни муҳассилин ва саховатмандони маҳаллӣ дониста мешавад. Аммо, ба ақидаи соҳибназарон, чун иқдоми мазкур ихтиёрӣ сурат мепазирад, бинобар андак будан илоҷи кор маҳсуб намеёбад.
Мушкили шадиди шишаву таъмир дар ду мактаб
Иттилоъ дар хусуси он ки мактабҳои рақами 8 ва 21-и ноҳияи Вахш ба зимистон омодагии бад дидаанд, моро нахуст ҷониби мактаби №8 роҳнамун сохт.

Гуфтанист, ки фақат як паҳлӯи бинои мактаб 12 тиреза дошт, ки ҳеҷ кадоме аз айб орӣ набуд. Дар баъзе тирезаҳо то чор камбудӣ якҷо: шишаҳои ҷағидаю сӯрох, норасоии дарозӣ ё паҳнои онҳо, набудани яке аз шишаҳо ва ҳатто роғҳои хурду бузург дар чӯби тирезаҳо ҷой дошт. Аммо бо вуҷуди ин, ягон тиреза бо матои шаффофи синтетикӣ (плёнка) рӯкаш нашуда буд, то даруни бино аз сардии ҳавою вазиши боди зимистон эмин бимонад.

Деворҳои ҷо-ҷо рехта аз беруну дарун, ҷойе фарши шикаста, сақфи андовааш афтода, якчанд дари корношоям ва шифти куҳна аз камбудиҳои дигари ин мактаб маҳсуб ёфта, зоҳири футури ягона устохонааш худ гӯё ҳушдор медод, ки «Имрӯз ё фардо ба сари касе фурӯ меравам».

Вазъи мактаби №21 низ ба дабистони болозикр шабоҳат дошт. Беш аз 50 дарсади тирезаҳо ё як шиша надоштанд, ё шикаста буданд, ё роғе доштанд, ки ду ангуштро бемалол халонида мешуд. Деворҳои рехта аз дохилу хориҷ, фаршҳои линолеумашон зиёд дарида, дарҳои пурайб, курсиҳои шикаста аз камбудиҳои дигаре буданд, ки бидуни хӯрдагирӣ ҳар лаҳза чашмро «мехарошиданд». 90 дарсади тирезаҳои ин ҷо низ бо матои шаффофи синтетикӣ маҳкам набуданд.

Чаро мактаб то ба ин ҳад валангор шудааст? Резмон Амонуллоев, сарвари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 дар посух ба ин суол гуфт, ки дар соли 2014 аз 60 ҳазор сомонии барои таъмир хостааш ягон дирамашро нагирифтааст. «Аз ҳисоби падару модарон 7 ҳазор сомонӣ ҷамъ ва онро ба таъмир, аз ҷумла, 400 сомонияшро барои шишабандӣ сарф кардем, ки ин басанда набуд. Зеро ба ғайр аз як бинои навсохт, се бинои дигари мактаб солҳои 1954-55 сохта шуда, ниҳоят куҳна шудаанд. Азбаски бом фарсуда шудааст, ҳарчанд андова кардем, чакиши обро ба дохил ба таври комил манъ карда натавонистем… Соли 2013 барои таъмир 40 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда буд, лекин онро низ нагирифтаем», - афзуд Амонуллоев.

Ҷамшед Абдуллоев, сарвари муассисаи таълимии №21 изҳор дошт: «Роҳбарон гуфтанд, ки “Ҳамаи маблағҳои доштаатон барои сохтмони 12 синфхонаи иловагӣ дар шафати мактаб равона шудааст” ва барои таъмири мактаб маблағ ихтисос надоданд. Инро дида, омӯзгорону волидони хонандагон баъд аз машварат камобеш 2 ҳазору 600 сомонӣ ғундошта, барои таъмири мактаб харҷ карданд, ки он низ ба дарди мо нахӯрд. Зеро ҳар ду бинои мактаб аз соли 1954 боқӣ мондаанд. Қазоват кунед, мо ҳоло дар асри XXI зиндагӣ дорем».

Ба суоли мо, ки «Магар барои маҳкам кардани тирезаҳо лоақал шароити истифода аз матои синтетикии камарзиш муҳайё набуд?», Ҷамшед Абдуллоев ҷавоб дод, ки он матоъ ҳарчанд монеи шамолу хунукӣ мешавад, лекин синфхонаҳоро торик мекунад. Ва пас аз каме андеша афзуд: «Шишаҳоро дар ҳамин як-ду рӯзи охир ба хотири ранг кардани тирезаҳо барчида гирифтем».
Вале аз рӯйи мушоҳидаи мо, кошонаи кории худи сарвари мактаб, ки тирезаҳояш плёнкапӯш буданд, торик набуд ва умуман, ҷо-ҷо шумораи ками шишаи тирезаҳои муассиса барчида шудаанд - на он миқдоре, ки барои молидани ранг зарур аст. Баъдан, мутахассисони сохтмон бар инанд, ки дар фасли сармо баҳри таъмини кори босифат рангзании беруни бино ҷоиз нест.
Дар ин росто Қудратулло Абдуллоев, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш ва Фариштамоҳ Зоҳидова, муовини раиси ноҳия вуҷуди ноҷӯриҳо дар мактабҳои рақами 8 ва 21-ро эътироф карда, гуфтанд, ки соли гузашта 50 дарсади макотиби ноҳия бо сабаби иҷро нашудани андоз аз буҷети маҳаллӣ ҳеҷ маблағе барои таъмир дарёфт накарданд. «Дар мактаби №21 дар вақти фаровардани масолеҳи сохтмонӣ ба як-ду тиреза осеб расидааст, ки мо аллакай онҳоро аз таъмир баровардем. Дар мактаби №8 ҳам дар қисме аз тирезаҳо шишаҳои шикаста ҷой дорад. Ва тибқи он маълумоте, ки сарвари мактаб ба мо дод, ҳамаи онҳо пеш аз оғози соли хониш тайёр буданд. Лекин дар вақти фаъолияти мактаб як қисмашон аз тарафи хонандагон шикаста шудаанд, ки онҳо ҳам ҳоло таъмир гардиданд», - изофа кард Қудратулло Абдуллоев.

Аммо Қобилҷон Ризоев, иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати молияи ноҳия, идорае, ки барои мактабҳо аз буҷети маҳаллӣ маблағ ҷудо мекунад, гуфт, ки соли гузашта онҳо «имкониятҳои молиявии маҳдуд» доштанд. «Барои 61 мактаб ба ҷойи 1 миллиону 160 ҳазор сомонӣ ҳамагӣ 547 ҳазор сомонӣ ихтисос дода тавонистему бас, ки ин фақат барои таъмири косметикии иншоот кифоят кард», - гуфт ӯ ва афзуд, ки биноҳои амалкунандаи мактаби №21 «аз ҳисоби падару модарон бояд таъмир мешуданд». Ва даъвои сарвари мактаби №8-ро, ки болотар зикр шуд, рад карда, гуфт, ки баҳри таъмири ин муассиса 10 ҳазор сомонӣ пардохт гардид, ки онро тавассути «Супоришномаи пулии №60» аз 7 ноябри соли 2014 ширкати паймонкор - «Евроазия-2013» гирифта буд.
«Маъмурияти ин муассиса барои таъмир маблағи калон хоста буд, вале азбаски дар ноҳия қарзи музди маош вуҷуд дошт, фақат 10 000 сомонӣ ҷудо карда тавонистем», - афзуд Ризоев.
Вале Резмон Амонуллоев зимни суҳбати такрорӣ бо инҷониб тазаккур дод, ки 10 ҳазор сомониро барои зимистонгузаронӣ гирифта буд, на таъмир.

Мутаассифона, тамоси телефонии мо ба хотири равшан кардани ин «муаммо» бо роҳбари ширкати «Евроазия-2013» бенатиҷа анҷом ёфт.

Ҷаббор Абдураҳимов, сардори шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, баъд аз шунидани вазъи макотиби мазкур гуфт: «Мувофиқи ҳисоботи мо, набояд чунин ҳол дар ноҳияи Вахш ҳукмфармо бошад. Барои аз шишабандӣ қафо мондани мактаб ягон чиз баҳона шуда наметавонад. Ман аз таҷриба медонам, ки бисёр падару модарон худашон танҳо ҳатто синфхонаҳои иловагӣ сохтаанд. Вале агар чунин камбудӣ ҷой дошта бошад, вой бар ҳоли роҳбарони бемасъулият! Ростӣ, ман дар ҳайратам!».
Аммо дар мактаби №8 бо вуҷуди шароити вазнини таълимие, ки зикраш рафт, 8 камераи мушоҳидавӣ, ба қавли Амонуллоев, бо харҷи 4 ҳазор сомонӣ насб шудааст, ки сарчашмаи молиявияшон мисли баҳси таъмиру ангишт бароямон нокушода монд.

Барои андеша: муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 дорои 1285 ва №21 фарогири 1021 толибилм буда, аз мактабҳои серхонандаи ноҳияи Вахш маҳсуб меёфтаанд.
Хору саргин ба ҷойи ангишт?
Мутасаддиёни Раёсати маорифи вилояти Хатлон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш ва Раёсати молияи ноҳия бар ин назаранд, ки мактабҳои ноҳия ба фасли зимистон пурра омодаанд.

Дар маълумотномаи пешниҳодкардаи сармутахассиси Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ҳалим Зоиров, ки масъули омодагӣ ба зимистон дар раёсати мазкур аст, гуфта мешавад, ки захираи ангишту ҳезум дар ноҳияи Вахш 100% таъмин аст. Вай афзуд: «Имсол дар масъалаи зимистонгузаронӣ дар мактабҳои ноҳияи Вахш санҷиш нагузаронидаам. Чунки дар ин самт дар раёсат танҳо фаъолият мекунам». Яъне баҳои ӯ ба маъракаи зимистонгузаронӣ бо такя ба ҳисоботи масъулони шуъбаи маорифи ноҳия сурат пазируфтааст.

Фариштамоҳ Зоҳидова, муовини раиси ноҳияи Вахш оид ба самти маънавиёт низ ҳарчанд иддао кард, ки «Дар ҳамаи мактабҳо масъалаи захираи ангишт ва ҳезум дар сатҳи аъло қарор дорад», аммо масъул нафари дигарро хонд. «Доир ба масъалаи зимистонгузаронӣ муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи сохтмон вобаста шуда буд. Маблағҳо бояд, ки равона мешуданд… Вақте ки мо ба мактабҳо меравем, фақат гарм будани синфхонаҳоро назора мекунем... Вақте ки ман роҳбари соҳаи маънавиёти ноҳия ҳастам, барои ҳамаи он кӯдаконе, ки дар мактабҳо таҳсил мекунанд, модар маҳсуб меёбам. Пас, ман чӣ тавр бепарво менишастаам? Онҳо ҳамавақт дар зери назорати моянд», - изҳор дошт Зоҳидова. Ба гуфтаи ӯ, шумораи толибилмон дар ноҳия 37803 нафар аст.
Қудратулло Абдуллоев низ мазмуни суханҳои муовини раиси ноҳияро такрор карда, гуфт, ки дар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ ва асосии ноҳия маъракаи зимистонгузаронӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Вай афзуд: «Мувофиқи нақша дар соли хониши 2014-15 ҷамъ 483 тонна ангишт харидорӣ шуд ва ба замми ин, 120 тонна аз ҳисоби захираҳои соли пешин дар мактабҳо маҳфуз аст. Масъалаи таъмин бо ангишт, ҳезум, сӯзишвории дизелӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ, падару модарон, ҷамоатҳо ва шахсони воқеӣ ба роҳ монда шудааст».
- Дар солҳои таҳсили 2014-15 барои зимистонгузаронии соҳаи маориф 320 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда буд, ки он пурра ба 61 мактаби ҳамон вақт амалкунанда (Ҳоло 3 мактаби дигар изофа шуд. - З.Ҳ.) пардохт гардид, - иброз дошт Қобилҷон Ризоев, иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати молияи ноҳияи Вахш. - Зиёдтарин маблағе, ки бо ин мақсад ба мактабҳо дода шудааст, 20 ҳазор сомонӣ ва камтаринаш 2500 сомонӣ мебошад.

Дар ҳамин ҳол, вақте мо аз мактаби №64 боздид кардем, аз ангишту ҳезуми гуфташуда нишоне наёфтем, балки ба иқрори ҷонишини директор Душанбой Ҷӯрақулов, фақат 600 кило ангишти порсола доштаанд, ки он ҳам зуд тамом шудааст.
Аз ин лиҳоз, ба гуфтаи ӯ ва Абдусамад Абдураззоқов, мудири хоҷагии ин мактаб, бо қувваи худӣ хору хадраи ройгон ва саргини гов ҷамъоварӣ шудааст. «Захираи мо то 10-15 рӯз мерасаду бас. Агар ҳаво сардтар шавад, бо ин маҳсулот синфхонаҳоро гарм наметавон кард ва он гоҳ ангишт зарур мешавад».
Мирзомурод Хоҷаев, сарвари мактаби №53 гуфт, ки барои зимистонгузаронӣ ба онҳо маблағ надодаанд, аммо таъкид кард, ки ба ҳар сурат синфхонаҳо гарманд. «Мо бо кӯмаки халқ мактабро бо ҳезуму тапак таъмин кардем. Зеро ду-се дафъа аз масъулини ноҳия хоҳиш карда бошем ҳам, “Имрӯз ангишт медиҳем, пагоҳ медиҳем” гуфта, надоданд», - афзуд ӯ.

Ба мисли ду мактаби мазкур, муассисаҳои таълимии рақами 27, 31, 44 ва 58 низ пас аз дарёфт накардани маблағ аз буҷети маҳаллӣ ин мушкилро ба туфайли дастгирии волидони толибилмон ҳал карданд.
Дар васфи ин дастгириҳо Тағойбек Олимов, сарвари мактаби №58 чунин гуфт: «Рости гап, падару модарон, ки ба фарзандонашон ғамхортаранд, нисбат ба мақомоти маҳаллӣ бо онҳо ҳамкорӣ кардан осонтар аст».

Бобо Маллаев, сокини солманди ҷамоати деҳоти «Машъал»-и ноҳияи Вахш, ки хешовандонаш дар мактаби №31 таҳсил мекунанд, дар шарҳи ҳамкории мардум бо мактабҳо гуфт: «Хонандагон ҳар рӯз вақти ба мактаб рафтан аз хона якчӯбӣ мебаранд, то таҳсил қатъ нашавад». Аз суҳбат бо мутасаддиёни мактабҳои рақами 74, 81, 21 ва 8 аён шуд, ки ангишту ҳезум доштаанд, вале кам. Яъне дар мактаби аввалӣ камобеш 10 халта ангишт, 6-7 дарза ҳезум, дар дувумӣ 4 метри мукааб ҳезум, дар савумӣ 3 тон ангишт ва дар чаҳорум 1 тоннаву 250 кило ангишт мавҷуд буда, то поёни сардиҳои зимистон басанда нест.
- Барои тамоми сол 10-15 халта ангишт меоранд, - иброз дошт Рухшона Каримова, фарроши мактаби №74, ки алавмононии бухориҳоро низ ба зимма доштаасту фарзандонаш ин ҷо мехондаанд. - Боз кӯдакҳо ҳезум, ғӯзапоя ва тапак меоранд. Вале ин ҳеҷ чиз намешавад. Чунки 7 синфхонаро гарм кардан зарур аст.
Ҷамшед Абдуллоев, сарвари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 гуфт, ки ҳарчанд аз буҷети маҳаллӣ барои гармсозии синфхонаҳо маблағ ихтисос наёфт, вале аз мактаби дигаре тавонист ангишт дастрас кунад. «Ҳадди ақал боз 8,5 тон ангишт зарур аст. Бинобар ин, мо маҷбурем ангишти доштаамонро хеле хуб сарфа намоем. Зеро маълум нест, ки боз ангишт гирифта метавонем ё не», - афзуд Абдуллоев.
Барои андеша: муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 бар замми мушкилоти мазкур, ҳамзамон маҷлисгоҳу варзишгоҳ ва толори варзиш низ надоштааст.
Сӯзишворӣ нест. Компютер бо чӣ равшан мешавад?
Дар доираи омодагӣ ба фаслҳои тирамоҳу зимистон дар ноҳияи Вахш барои баргузории дарсҳои компютерӣ беш аз 20 генератору 2500 литр сӯзишвории дизелӣ қобили истифода ва аз 64 муассисаи таълимӣ 8-тояш ба хати барқи озод пайваст будааст. Барои қиёс, дар ноҳияи Ҷиликӯл 69 генератор ва 8200 литр сӯзишвории дизелӣ фароҳам буда, 2 мактаб хати барқи озод доштааст. Ин иттилоъ аз маълумотномаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон гирифта шуд.
Мавриди зикр аст, ки хариди сӯзишворӣ низ аз маблағи барои зимистонгузаронӣ ҷудошаванда амалӣ мегардад. Агар болотар дар бобати кадом мактабе гуфта шуда, ки камбуди ангишту ҳезум дорад, пас, ба эҳтимоли зиёд, ба норасоии сӯзишвории дизелӣ низ гирифтор аст. Ба ҳайси намуна, мактабҳои рақами 21, 81 ва 64, ки ба хати барқи озод пайваст нестанд ва барои зимистонгузаронӣ аз буҷети маҳаллӣ маблағе нагирифтаанд.

«Генератори барқдеҳро аз кадом ҳисоб гардон мекунед?», - пурсидам аз сарварони мактабҳои рақами 21 ва 81 Ҷамшед Абдуллоев ва Бекмурод Қурбонов, ҳамчунин аз ҷонишини сарвари муассисаи таълимии №64 Душанбой Ҷӯрақулов. Посухҳо мухталиф буданд.
Якумӣ гуфт: «Сӯзишвориро ман аз ҳисоби худам мехарам. Толибилмон бояд фақат дарс хонанд».
- Маоши моҳонаатон чӣ қадар аст?
- 800-850 сомонӣ.
Дувумӣ гуфт: «Худи хонандаҳо меоранд, истифода мебарем».
- Чӣ қадар меоранд?
- Барои ҳар як соати дарс, масалан, 400-500 милилитр меоранд.
Савумӣ гуфт: «Мушкили барқ ҷой дошта бошад ҳам, генератори дизелӣ дорем. Вале сӯзишворӣ надорем».
- Пас, дарсҳои омӯзиши компютерро чӣ гуна мегузаронед?
- Намедонам.
Барои андеша: дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 барои камобеш 500 толибилми синфҳои болоӣ ҳамагӣ 7 компютер муҳайё будаасту бас.

Сарсабзии диёр – аз мактабҳои обод
Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имсол низ дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалмақом доштани соҳаи маорифро таъкид карда, аз ҷумла гуфт: «...пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад». Ҳикмати нуктаи мазкур ин аст, ки агар мактабҳо ободу муҷаҳҳаз бошанд, агар сифати таълим беҳ бошад, агар дараҷаи саводнокии муҳассилин нек бошад, камбуди нерӯҳои зеҳнию мутахассисони моҳир аз байн меравад ва Тоҷикистон ба арсаи ҷаҳонӣ бо ғояву ихтироот ва тавлидоти рақобатпазир ворид мешавад. Барои расидан ба ин ҳадаф ташаккули бемайлони соҳаи маориф дар сартосари кишвар лозим аст. Ва ноҳияи Вахш низ ҳамчун як гӯшаи хоки Ватан аз ин миён истисно буда наметавонад.

P.S.: Тибқи арзёбиҳои Ситоди ҳолатҳои фавқулъодаи вилояти Хатлон, агар девори болои дар ё тиреза тарқиш дошта бошад (масалан, китобхона ва устохонаи мактаби №8. - З. Ҳ.), худи бино садамавӣ эътироф мешавад.




Соли 2026 муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 январи соли 2026
Шаҳрвандони Тоҷикистон давоми соли 2025 дар Google бештар чӣ ҷустуҷӯ карданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 январи соли 2026
Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста