Рӯзи умиҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ҳамасола рӯзи 8-уми май ҷашн гирифта мешавад. Он ба хотири тоҷири шветсарӣ, ходими ҷамъиятӣ ва гуманист Жан Анри Дюнан, ки дар ҳамин рӯзи май таваллуд шудааст, таҷлил мегардад.
Дар миёнаи асри 19 бо пешниҳоди Дюнан аввалин бор гурӯҳҳои ихтиёриёне, ки ба маҷрӯҳони майдонҳои муҳорибаҳо кӯмак мерасонданд, таъсис дода шуд. Соли 1863 бошад бо ақидаи ӯ конфронс даъват карда шуд, ки минбаъд ба бунёди Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх асос гузошт.
Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар аз се ҷузъ - Кумитаи Байналмилалӣ, Федератсияи Байналмилалӣ ва Ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар иборат аст.
Вазифаи Ҳаракат ва ҷузъҳои он иборатанд аз пешгирӣ намудан ва сабук кардани дарду азоби одамон, ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, таъмини эҳтиром ба шахсияти инсон, махсусан ҳангоми муқовиматҳои мусаллаҳона ва дигар ҳолатҳои фавқулодда, машғул шудан ба фаъолияти марбут ба пешгирии бемориҳо, рушди тандурустӣ ва таъминоти иҷтимоӣ, ҳавасманд гардонидани кори ихтиёрӣ, мусоидат бар он, ки аъзои Ҳаракат ҳамеша барои расонидани кӯмак ҳозир бошанд ва таҳким бахшидани ҳамбастагӣ бо онҳое, ки ба дастгирӣ ва муҳофизати Ҳаракат эҳтиёҷ доранд.
Ҳамаи ҷузъҳои Ҳаракат созмонҳои башардӯстона буда, зимни иҷрои вазифаҳои дахлдори худ ҷиҳати ноил шудан ба мақсади умумӣ бо ҳам ҳамкорӣ менамоянд.
Ҳамин тариқ, Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх шахсони дар низоъҳои мусаллаҳона ва бетартибиҳои дохилӣ зарардидаро муҳофизат мекунад ва ба онҳо кӯмак мерасонад.
Маҷмӯи қоидаҳои ба ин принсип асосёфта ҳуқуқи байналмилалии башардӯстонаро ташкил медиҳанд, ки конвесияҳои Женева асоси он мебошанд. Конвенсияҳои Женеваро ҳамаи давлатҳои дунё имзо кардаанд ва бинобар ин онҳо созишномаҳои аз ҳама универсалии байналмилалӣ мебошанд.
Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дорои ҳуқуқи эътироф намудани Ҷамъиятҳои миллии навтаъсис меошад.
Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар се маротиба ба гирифтани ҷоизаи сулҳи Нобел дар солҳои 1917, 1944 ва 1963 сазовор гардидааст.
Ҷузъи дуюми Ҳаракат Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар мебошад, ки ҷамъиятҳои миллиро муттаҳид сохта, бидуни ягон табъиз аз рӯи аломатҳои миллӣ ё динӣ, эътиқоди динӣ ё ақоиди сиёсӣ кӯмаки башардӯстона мерасонад.
Вазифаи асосии Федератсия ҳамеша ҳавасманд гардонидан, дастгирӣ ва сабук намудани ҳамаи шаклҳои фаъолияти башардӯстонаи ҷамъиятҳои миллӣ, мусоидат ба пешгирӣ ва коҳиши ранҷу азияти мардум, беҳбуд бахшидани вазъи одамони маҳруму мӯҳтоҷтарин дар сайёра мебошад.
Ҷузъи сеюми Ҳаракат Ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ки асоси онро ташкил медиҳанд.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) яке аз ҷамъиятҳои миллӣ мебошад. ҶҲАТ мутобиқи Оиннома, Қонун ва қонунгузории Тоҷикистон амал мекунем.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳалли вазифаҳои башардӯстона давлатро дастгирӣ намуда, тавассути татбиқ намудани барномаҳо дар соҳаи пешгирии бемориҳо, ҳифзи саломатӣ, коҳиш додани ранҷу азоби мардум ҳамкорӣ менамояд.
Дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ оид ба расонидани кӯмаки фаврию ёрии дигар ба қурбониёни муноқишаҳои мусаллаҳона, тавре дар конвенсияҳои Женева пешбинӣ шудааст, инчунин шахсони дар натиҷаи офатҳои табиӣ ё ҳолатҳои фавқулоддаи дигар зарардида амалиёт мегузаронад.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳамчун иқдому ташаббуси мардуми хайрхоҳ барои равнақ додани ғояҳои инсондӯстӣ ва раҳму шафқат 23 декабри соли 1927 таъсис ёфт. Мо аз он фахр мекунем, ки бюрои тадорукот оид ба таъсиси Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистонро дар ҳайати Салиби Сурхи Иттиҳоди Шӯравиро раиси Кумитаи марказии иҷроияи Шӯроҳои Тоҷикистон Нусратулло Махсум, ки аз соли 2006 яке аз шаш қаҳрамонони Тоҷикистон мебошад, сарварӣ намуд.
Ӯ нақши фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмарро дар рушду инкишофи кишвар чунин арзёбӣ намуд:
«Дар шароите, бемориҳои иҷтимоию маишӣ хеле паҳн гардидаанд, кори Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар аҳамияти хеле муҳим касб мекунад… Садҳо муҳоҷирон аз Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистони Шӯравӣ гузашта, ба шароити ниҳоят вазнин рӯ ба рӯ мешаванд. Маҳз ҳамин вақт кӯмаки Ҳилоли Аҳмар лозим мешавад.
Ҳолатҳои дигари бисёре мавҷуданд ва онҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки инкишофи кору фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон ба мардум хеле фоидавор буда, ба таҳкими давлат, болоравии маърифатнокии аҳолӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии тамоми кишвар, амалӣ намудани сиёсат дар Машриқзамин мусоидат мекунад».
Нақши мусоидаткунандаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар фаъолияти хайрхоҳона ва башардӯстона ҳамеша бо таърихи рушди давлат алоқаманд буд.
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар саросари кишвар курсҳои омӯзиши ҳарбӣ ташкил карда шуда, дар онҳо ихтисосҳои ҳарбии радист, автоматчӣ ва тирандози мерган омӯзонида мешуданд. Пас аз хатми онҳо аксарияти курсантҳо ба артиши амалкунанда сафарбар гардида, дар майдони муҳориба матонату қаҳрамонӣ нишон доданд ва бо мукофотҳои ҷангии ҳукуматӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар ақибгоҳ Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар якҷоя бо комсомол ба маҷрӯҳон ва мардуми аз қаламрави муваққатан забткардаи фашистон кӯчонидашуда кӯмак мерасониданд, озуқаю либоси гарм ҷамъ намуда, ба фронт мефиристоданд. Пас аз хотимаи ҷанг Ҷамъият дар корҳои барқароркунии хоҷагии халқ фаъолона иштирок дошт.
Соли 1992 пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ Ҷамъияти миллии мустақили Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ташаккул ёфт.
6 ноябри соли 1997 Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ҳамчун ҷузъи Ҳаракати Байналмилалӣ эътироф гардида, аз 20 ноябри ҳамон сол Ҷамъият узви комилҳуқуқи Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар гардид.




Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
“Бо Эмомалӣ Раҳмон дар як ҳуҷра 10 соат баҳси тунд доштем”. Содир Жапаров баъзе ҷузъиёти ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 январи соли 2026
Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста