Дар Маркази мисрии ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ дар Қоҳира зери сарпарастии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Арабии Миср Намоишгоҳи аксҳо ба муносибати 70-умин солгарди Рӯзи пирӯзӣ бар фашизм дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ ифтитоҳ ёфт. Намоишгоҳи мазкурро Сафорати Тоҷикистон ҳамроҳ бо намояндагиҳои дипломатии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Русия ва Ӯзбекистон созмон дод.

Тавре аз сафорати ҶТ дар Қоҳира иттилоъ доданд, дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи аксҳо, ки дар он намояндагони корпуси дипломатӣ, вазорату идораҳо, аҳли илму фарҳанг, расонаҳои кишвари маҳалли иқомат ва дигарон ҳузур доштанд, муовини вазири корҳои хориҷии Миср Ёсир Мурод ва сафирони ҳафт кишвари мазкур суханронӣ карданд.

Гуфта мешавад, дар суханронии сафири Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозирӣ аҳаммияти сарнавиштсози пирӯзӣ бар фашизм дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ, саҳми арзандаи Тоҷикистон дар таъмини он, пирӯзии таърихӣ ва меҳандӯстӣ, қаҳрамонӣ ва шуҷоати фарзандони кишвари мо дар майдонҳои набард, зарурати ҳалли тамоми низоъҳо бо роҳҳои осоишта бо истинод ба Ойинномаи СММ ба манзури таъмини сулҳу амнияти байнамилалӣ дар ҷаҳон таъкид гардиданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дарҳои Намоишгоҳи аксҳо дар Қоҳира то 13 майи 2015 боз хоҳанд буд.