Сарфи назар аз пайиҳам соли чорум поин рафтани нишондиҳандаҳои демократия дар Тоҷикистон ва давлати худкома (авторитарӣ) эълон шудани он аз нигоҳи сатҳи арзишҳои демократия, нисбат ба Русияву Қазоқистон ва Туркманистону Ӯзбекистон, равандҳои демократӣ дар Тоҷикистон нисбатан беҳтар ҷараён дошта, миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз ин лиҳоз танҳо Қирғизистон аз Тоҷикистон пешсафтар аст .

Дар ин бора дар гузориши нави созмони ҳомии ҳуқуқи Freedom House ё худ Хонаи озодӣ маълумот дода мешавад, ки  вазъ дар ин самтро дар 29 кишвари қораи Осиё, минтақаи Осиёи Марказӣ ва Аврупо мавриди таҳлил қарор додааст.

Рейтинги Тоҷикистон дар гузориши мазкури Freedom House таҳти унвони «Кишварҳои давраи гузариш-2015» 6,39 баллро ташкил медиҳад. Рейтинг аз рӯйи 7 нишондиҳанда - вазъ дар ҷараёни интихобот, мақоми ҷомеаи шаҳрвандӣ, сатҳи мустақилияти ВАО, мизони фасод ва ғайра таҳия мегардад.

Муаалифони гузориш қайд мекунанд, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон ба фишор болои мухолифин, адвокатҳо ва журналистон идома дода, далелҳи зерин боиси нигаронианд: низоми судӣ таҳти назорати ҳукумат қарор дорад, шароити будубош дар зиндонҳо ногувор буда, ба меъёрҳо ҷавобгӯ нест ва созмонҳои ғайридавлатӣ метавонанд «гумоштагон (агентҳо)-и хориҷӣ» эътироф карда шаванд.

Мутобиқи маълумоти гузориш, ба сафи кишварҳои пурра демократӣ - Словения, Эстония, Чехия, Лаҳистон (Полша), Литва Словакия, ба гурӯҳи кишварҳои дорои реҷаи дугуна (гибридӣ) - Македония, Албания, Босния ва Герсеговина, Украина ва Молдова, ба қатори давлатҳои дорои реҷаи нимахудкома (нимаавторитарӣ) - Арманистон, Қирғизистон ва Косово ва ба феҳристи кишварҳои дорои реҷаи худкома - Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон,Беларус, Озарбойҷон, Туркманистон ва Ӯзбекистон шомил гардидаанд.