Анонс
- Соати 09:00 дар толори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Меъёрҳои интисоби (атрибутсия)–и арзишҳои миллӣ (адабӣ, илмӣ, фарҳангӣ, таърихӣ)” бо иштироки донишмандон, адибон, суханшиносон, фарҳангшиносон ва коршиносони варзида баҳси илмӣ баргузор мегардад. Гузоришгари баҳс доктори илмҳои филология, профессор Абдунабӣ Сатторзода аст;
- Дар бинои суди ҳарбии гарнизони Душанбе оид ба баррасии парвандаи шаҳрвандӣ аз рӯи даъвои Дилором Раҳматова ва Ғаниҷон Раҳматов - волидони хизматчии ҳарбӣ Фирдавс Раҳматов мурофиа доир мегардад. Фирдавс Раҳматов бар асари муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар артиш рӯзи 7 июни соли 2015 ҳалок шуда буд;
- Барномаи GIZ «Шартҳои қолабӣ ва маблағгузорӣ барои рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон» (FFPSD) дар ҳамдастӣ бо Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ дар Китобхонаи миллӣ ҷаласа доир мекунад, ки дар он масоили таъмини рушди устувори иқтисодӣ дар шароити бесуботии сартосарӣ дар ҷаҳон баррасӣ мешаванд;
- Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бо иштироки ҳунармандони маъюби Чин консерт доир мегардад;
Қ урби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 7.8685 сомонӣ;
1 евро – 8.7907 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.1169 сомонӣ.
Як р ӯ зи таърих
1960 – Ифтитоҳи дармонгоҳи Гармчашма дар Помир.
2001 – Ҳамаи гаравгонони дар Тавилдара ва Теппаи Самарқандӣ ба асорат гирифташуда озод гардиданд.
2003 – Бонки миллии Тоҷикистон натиҷаҳои ниҳоии қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрандони ҷумҳуриро ҷамъбаст намуд.
2009 — Собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов даст ба худкушӣ зад.
1926 – Зодрӯзи ботаник, узви вобастаи АИ Муҳаррам Расулова.
1959 – Мавлуди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Меҳринисо Ҳоҷибоева.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +23+28.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +21+26, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +15+20, рӯзона +26+31.
Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +10+15, рӯзона +21+26; дар шарқ шабона +1+6, рӯзона +12+17.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, дар доманкӯҳҳо борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18 рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +20+25.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +34+36.
Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +33+35.
Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +35+37.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +23+25.




Аз қатли Нилуфар то Қобилҷон дар Русия. Натиҷаи ташаккули фазои муҳоҷирситезӣ ва беҷазоӣ барои нажодпарастӣ?
Боз ҳамлаи гург ба ду сокини ноҳияи Деваштич. Ин ҳодисаи сеюм дар як моҳи охир аст
Қариб 6 ҳазор донишҷӯи ӯзбекистонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд
Нотаи Тоҷикистон ба Русия дар пайи куштори навраси тоҷик. Раҳимзода аз Колоколтсев таҳқиқи ҳодисаро хост
Тоҷикистон дар радабандии рушди иҷтимоӣ дар зинаи 113-ум қарор гирифт
Гаронтарин футболбозони Лигаи олии Тоҷикистон киҳоянд?
Эмомалӣ Раҳмон: “Истихроҷи канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон 2 баробар зиёд мешавад”
Куштори навраси 10-солаи тоҷик дар мактабе дар Русия. Сафорати Тоҷикистон ба ВКХ Русия ёддошти расмӣ фиристодааст
Президенти Тоҷикистон ваъда дод, ки дар кишвар 1,4 млн ҷойи корӣ таъсис дода мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста