Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Тоҷикистонро ба феҳрасти кишварҳои амн барои сайёҳӣ шомил кардааст.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Департаменти давлатии Амрико Тоҷикистонро ба қатори кишварҳои раддаи аввал шомил кардааст, ки дар он амнияти шаҳрвандонаш таъмин шудаанд. Ин ниҳод, ки масъули равобити хориҷии ин кишвар бо давлатҳои дунё аст, дар бахши «Машваратҳо барои сайёҳӣ» кишварҳои дунёро аз назари бехтариву амният дар чор радда қарор додааст.
Раддаи чорум кишварҳоест, ки Амрико сафар кардани шаҳрвандонашро на танҳо тавсия намедиҳад, балки ҳушдор додааст, ки ба ин кишварҳо сафар накунанд.
Кишварҳое ноамне мисли Сомалӣ ва Афғонистон дар ин радда қарор доранд. Раддаи севвум “Сафарро бозбинӣ кунед” унвон дорад ва дар ин радда низ кишварҳое шомиланд, ки амният ба пуррагӣ таъмин нест.
Дар мақоми дуввум кишварҳое шомил ҳастанд, ки Департаменти давлатии Амрико ба шаҳрвандонаш гуфтааст ҳангоми сафар ба ин кишварҳо “ниҳоят эҳтиёт кунанд”. Аз кишварҳои пасошӯравӣ дар ин радда Украина айни замон шомил аст.
Раддаи аввал “Чораҳои оддии бехатарӣ” унвон дорад, ки дар он кишварҳое шомиланд, ки амнияти шаҳрвандон ва сайёҳони хориҷӣ таъмин ҳастанд.
Департаменти давлатӣ ба шаҳрвандони Амрико, ки нияти сафар ба Тоҷикистонро доранд, гуфтааст, омода он бошанд, ки нозирони БДА дар роҳҳои Тоҷикистон зуд-зуд мошинҳоро ба хотири тафтиши ҳуҷҷатҳо боз медоранд.





Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Маош аз 60 то 200 ҳазор рубл. Мақомот ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҷойи кор пешниҳод доранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста