Раиси шаҳри Исфара Сиҷоуддин Саломзода ғайриинтзор ба бозори марказии шаҳр ташриф оварда, моликон ва раҳбарияти сохторҳои марбутаи масъул ба вазъи бозорро мавриди интиқоди шадид қарор дод.

«Бозор оинаи шаҳр буда, он бояд тозаву озода ва обод бошад. Дар ин ҷо риоя нашудани қоидаҳои санитарӣ ва зиддисӯхтор, мавҷуд набудани шароти бояду шояд барои савдо дида мешавад. Фаромӯш насозед, ки ҳар як сайёҳ аввал ба бозор рафта, вобаста ба ҳолати он ба фарҳангу тарзи зиндагии сокинони шаҳр баҳо медиҳад», - гуфт ӯ ба масъулон.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев хабар дод, Саломзода ба муроҷиат ва норозигии аҳолӣ аз вазъи бозор бовар ҳосил намуд. Чунин ҳолат баъди хусусигардонии бозор ба миён омад, ки акнун он чор молик дорад, бо шумули ҷамъияти «Тоҷикматлуботи шаҳр.

1/6

Раиси шаҳр ба вазъи нохуби роҳҳои назди бозор, бетартибӣ дар рафу фурӯшгоҳҳо, дӯконҳои худсохт ва риоя нашудани меъёрҳо ва талаботи савдо ишора намуд.

Ба муовини соҳавии раиси шаҳр ва дигар сохторҳои марбута дастур дода шуд, ки дар фурсати кӯтоҳтарини чораҳои таъҷилӣ андешида, камбудиҳоро бартараф намоянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.