Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров аз вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбекзода дархост намуд, ки барномаи махсуси ҳукумат оид ба дастгирии нобиноён дар ҷумҳурӣ таҳия шавад. Вазир ваъда кард, ки дархост ба иҷро мерасад.
Ин дархост зимни баррасии ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Шартномаи Марокаш оид ба осонгардонии дастрасии нобиноён ва шахсони биноияшон халалдор ё дорои дигар қобилияти маҳдуди қабул намудани иттилооти чопӣ ба асарҳои нашршуда дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон садо дод.
Шартномаи зикршуда 27 июни соли 2013 дар Марокаш қабул шуда, айни замон 38 давлати дунё аъзои он мебошанд. Тоҷикистон имрӯз кишвари 39-уме мебошад, ки ба ин Шартнома ҳамроҳ шуд.
Зимни суханронӣ назди вакилони парлумон вазири фарҳанг хабар дод, ки моҳияти шартнома дар он ифода меёбад, ки ҳангоми нашри асарҳо барои нобиноён розигии муаллифони онҳо талаб намешавад.
Орумбекзода ҳамчунин зикр кард, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҳудуди 8,3 ҳазор нафар нобиноён зиндагӣ мекунанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.



