Имрӯз дар Тоҷикистон борону барф меборад. Истисно танҳо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст, ки дар он ҷо боришот дар назар нест, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ.
Бино ба маълуомти обуҳавошиносон, рӯзи 21 декабр баъди ба охир расидани боришот дар водиҳо шабона ҳарорат то 5 дараҷа хунукӣ поин рафта (ба ҷуз ҷануби Хатлон), баъзан туман мефарояд.
Дар Душанбе низ борону барф борида, шамол 3-8 метр дар як сония аз самти ғарб мевазад. Ҳарорат шабона то 2 дараҷа сард ва рӯзона то 5-7 дараҷа гарм мешавад.
Рӯзи ҷумъа, 21 декабр дар пойтахт ҳавои абрноки бидуни боришот пешгӯӣ шуда, ҳарорат шабона то 4 дараҷа хунук, вале рӯзона то 9-11 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.
Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.




