Дар мактабҳои шаҳри Хабаровск таъсиси бунгоҳҳои махсуси машваратӣ зарур аст. Дар ин ҷо кӯдакони муҳоҷирон барои мутобиқшавӣ ва омӯхтани ҳарф задан бо забони русӣ имкон пайдо мекунанд.

Роҳбари Маркази захиравии Донишгоҳи давлатии Уқёнуси Ором (Тихоокеанский государственный университет) Елена Кулеш, ки хабаргузории ТАСС ба ӯ истинод меорад, дар ин робита гуфтааст, шумори кӯдакони ба минтақа воридшуда ҳамроҳи волидонашон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва дигар кишварҳо зиёд шуда, айни замон шумори онҳо беш аз ним ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

“Вақте ки ин кӯдакон ба кӯдакистону мактабҳо мераванд, онҳоро лозим меояд, ки садди забониро паси сар намоянд, лекин на ҳамеша он зуд ва муваффақона сурат мегирад”, - иброз доштааст номбурда.

Бино ба гуфтаи Кулеш, дар кори омӯзиши кӯдаконе, ки бо забони русӣ хуб ҳарф зада наметавонанд, бунгоҳҳои махсуси машваратӣ дар назди мактабҳо оид ба дастгирии кӯдакон аз лиҳози равониву логопедӣ (ислоҳи иллатҳои нутқ) кумак хоҳанд кард.

Дар заминаи онҳо ба роҳ мондани омӯзиши иловагии забони русӣ барои кӯдакон пешбинӣ шудааст. Чунин лоиҳа айни замон дар ҳукумати кишвари Хабаровск мавриди баррасӣ қарор дорад, хабар медиҳад ТАСС.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.