Зангҳо тариқи мессенҷерҳои ширкатҳои мобилии Тоҷикистон – “Чӣ гап”, “MobiГап” “Megafon life” ва “Салом” ба рақамҳои мобилӣ 2 маротиба қимат шуданд. Дар ин бора огоҳии ширкатҳои мобилии ҷумҳурӣ нашр шудааст.
Мувофиқи фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон (№31 аз 4 марти соли 2019), шурӯъ аз имрӯз, 16 апрел барои як дақиқаи гуфтугӯ тавассути ин мессенҷерҳо 25 дирам маблағ пардохт кардан лозим меояд.
“Як дақиқаи гуфтугӯ бо ин замимаҳо қаблан дар ширкатҳои гуногун аз 10 то 12 дирам нарх дошт. Акнун дар ҳамаи ширкатҳо нархи як дақиқаи он 25 дирамро ташкил медиҳад. Яъне арзиши гуфтугӯ беш аз ду маротиба боло меравад”, - хабар дод манбаъ дар яке аз ширкатҳои мобилӣ.
Қобили зикр аст, ки дар ин ҳолат арзиши як дақиқаи гуфтугӯ аз мессенҷер ба рақами мобилӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.
Охири моҳи январи соли 2018 ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар суҳбат ба “Азия-Плюс” изҳор намуда буданд, ки дар Кумитаи андоз ба онҳо боло бурдани арзиши як дақиқа гуфтугӯро бо ин замимаҳо аз 10-15 дирами ҳозира то ба 65-70 дирам пешниҳод карда будаанд.
Пас аз қатъи кори NGN-телефония дар соли 2017, ширкатҳои мобилии Тоҷикистон мессенҷерҳои худро роҳандозӣ намуданд: «Чӣ гап?» (Tcell), «MobiГап» (Вавилон-М), «Megafon life» (Мегафон Тоҷикистон) ва «Салом» (Билайн). Тариқи онҳо занг ҳам дар дохили худи мессенҷер ва ҳам ба рақами мобилӣ низ имконпазир буд.
Аз хизматрасонии ин мессенҷерҳо асосан муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия бештар истифода мебурданд.
Ёдрас мекунем, ки мувофиқи фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, аз 18 апрел интернети мобилӣ беш аз ду маротиба қимат шуда, ҳамаи ширкатҳои мобилии кишвар тарифҳои ягона ҷорӣ мекунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.