Заминаҳои баргузории дигаргуниҳо дар самти кишоварзӣ
Дувумин барномаи ҳизби болшевикӣ пас аз санотишавӣ (идустриализатсия) бунёди сохти колхозӣ (коллективизатсия) буд. Анҷумани XIV-уми ҳизбро болшевикон анҷумани саноатишавӣ (соли 1925) ва анҷумани XV-ро анҷумани колхозӣ (1927) номидаанд. Ин ду барнома симои давлати Шӯравиро дигаргун карда, аз муҳимтарин мушаххасоти иқтисодии ин давлат шумурда мешаванд. Тоҷикистони Шӯравӣ бахше аз ин давлат буда, дар тасмимгириҳои бунёдии ҳизб ва давлати марказӣ нақше надошт ва ҳар қароре, ки дар марказ қабул мегардид, бечуну чаро ва камиву костӣ иҷро мешуд. Бештари раҳбарони ин давраи Тоҷикистон пас аз анҷоми ин барнома ё барканор ё кушта шуданд.
Дар инқилоби соли 1917-и Русия масъалаи замин яке аз мушкилот буд, ки бояд ҳаллу фасл мегашт. Ба ҳамин манзур Ленин ду декрет (фармон) содир кард. Якумӣ дар бораи сулҳ ва хориҷ шудан аз ҷанги ҷаҳонии аввал буд, ки ба болшевикон фурсати қомат рост кардан дод. Дигар фармон, бо номи декрети замин машҳур аст, ки заминро моликияти халқ (дурусташ давлат) эълон карду хариду фурӯши онро мамнуъ сохт. Болшевикон бо сармоядорӣ, моликияти шахсӣ ва ҳар гуна чизи ба он монанд мухолиф буданду мубориза мекарданд.
Иқдоми бошевикон дар масъалаи кишоварзӣ ва колхозӣ шудани бахши кишоварзӣ заминаҳои иқтисодӣ ва ғайрииқтисодӣ дошт, ки муҳимтаринаш инҳоянд:
1. Солҳои 1926 ва 1927 кишоварзони давлати Шӯравӣ ҳосили хуб руёнданд, вале кишоварзон ин ҳосилро бо нархе ки давлат мехост намефурӯхтанд, чун саноати қафомондаи Шӯравӣ наметавонист чизе ба онҳо диҳад. Ба ҳамин хотир, ҳосилро нигоҳ медоштанд, ки сабаби гаронии қиммати нон дар шаҳрҳо гарид.
2. Давлати Шӯравӣ ба пойгоҳе барои бунёди саноат ниёз дошт. Ҳукумати болшевикӣ мехост барои бунёди саноат аз маблағҳои бахши кишоварзие, ки дар ихтиёри давлат бошад, истифода кунад. Ҳамин тавр давлат, бо фурӯхтани маводи кишоварзӣ (гандум ва маводи зироатӣ) аз хориҷ барои саноати худ техника ворид мекунад.
3.Ниёзи саноат ба неруи корӣ буд ва қисме аз кишоварзон бояд ба шаҳр меомаданду неруи арзони корӣ дар шаҳрро фароҳам меоварданд. Чун воридшавии техника ҷойи одамҳоро мегирифт ва аз ин ҳисоб мардумоне ба шаҳрҳо сарозер мегаштанд.
4. Давлати Шӯравӣ ин эҳтимолро мезад, ки ҷанги наве ҷаҳонро дар пеш аст. Давлат мехост ҳувияи миллӣ-давлатиеро дар миёни мардумони худ падид оварад. Чун кишоварзи шӯравӣ то ин дам аз зовияи манфиату ҷаҳонбинии худ ба дунё менигарист.
5. Болшевикон ҳукуматро ғасб ва фаъъолияти ҳамаи аҳзоби сиёсиро дар қаламрави худ мамнуъ карда, мехостанд қудратро бо дасту дандон нигоҳ доранд. Барои ҳамин кишоварзонро мутеъи худ сохтанд.
Ҳамин тавр, авомили зикршуда заминае гардид, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ барномаи колхозӣ кардани деҳот пиёда шуд.
Вижагиҳои бунёди сохти колхозӣ дар Тоҷикистон
Соли 1928 муқаддимаи бунёди колхозҳо шумурда мешавад. Давлат ба кишоварзон додани имтиёзро шуруъ кард. Чизи аз ҳама ҷолиб ва судмани ин тадбир бунёди пойгоҳҳои мошинолоту техника буд, ки бо номи МТС машҳуранд. Зеро қарор буд, акнун “аспҳои оҳанин” ё тракторҳо заминро шухм зананду кори инсонро осон созанд. Тоҷикистон дар соли дувуми пиёдасозии сохти колхозӣ (1929) ба ҷумҳурии шӯравӣ табдил ёфт. Аммо заминаҳои ин корро каме барвақттар оғоз кард. Анҷумани якуми Шӯроҳои Тоҷикистон, соли 1926 декрети Ленин дар бораи заминро асос карда, манъи хариду фурӯши заминро қонунӣ сохт.
Колхозӣ шудани Тоҷикистон вижагиҳои худро дошт. Аз вижагиҳои муҳимми бунёди колхозҳо дар Тоҷикистон ин буд, ки ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳаракати муқовимат дар қаламрави Шӯравӣ соли 1922 ба поён расид, вале дар Тоҷикистон то ибтидои солҳои 30-ум идома ёфт, ки гузарондани ҳар гуна маъракаеро душвор месохт.
Дигар вижагии Тоҷикистон он буд, ки дар давоми панҷоҳ соли охир бахше аз Тоҷикистони Шимолӣ дар таркиби империяи Русия (ва панҷ сол дар ҳайати Узбекистон) буду қисмати бақия дар итоаи иморати Бухоро, ки сатҳи тараққиёту низомҳои гуногун доштанд.
Савум, дар Тоҷикистони Шимолӣ қабл аз колхозӣ шудан, қисман ислоҳоти обу замин гузаронда шуд, вале дар Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубӣ ин ҳолат шуруъ нагашт. Дар бештари қисматҳои Тоҷикистон бунёди колхоз ҳамзамон бо мусодираи замину амволи сарватмандон оғоз шуд, ки муҷиби эътирозу норозияти бештари мардум гардид.
Чорум вижагии сохти колхозии Тоҷикистон маҳдуд будани имконоти техникии минтақа ва нисбат ба Русияву гӯшаҳои дигар бештар дар шакли рафоқатҳои коркарди замин (ТОЗ) ва артелҳо фаъолият кардани онҳо буд.
Аз дигар вижагиҳои Тоҷикистон он буд, ки мардуми тоҷик ба амволи хусусӣ, ки замин низ қаблан ба он шомил мешуд, ва заминҳои муассисаҳои динӣ (вақф), эҳтиром қоил буда, дар заминҳои сарватмандону муассисаҳои динӣ (масҷиду мадраса), ки Ҳукумати Шӯравӣ зӯран мусодира карда буд, кор кардану аз маҳсули он истифода карданро нораво медонистанд. Мисолҳое мавҷуд аст ки ҳатто дар солҳои 70-80-уми асри ХХ, ки аз бунёди колхозҳо панҷоҳ сол мегузашт, аз баъзе заминҳо мардум хасе барнамедоштанд.
Охирин вижагии сохти колхозӣ дар Тоҷикистон он буд, ки агар дар Шӯравӣ он соли 1932 ба анҷом расида бошад, дар Тоҷикистон то соли 1937 идома ёфт.
Дар маҷмуъ, шиорҳои мардумии инқилоби болшевикӣ миёни аҳолии шаҳру деҳот ҳамовозии гарму ҷушон пайдо кард. Зеро то инқилоб на мардуми рус ҳолати хуб доштанд, на тоҷикону дигар халқҳои Осиёи Миёна дар рифоҳу шодмонӣ мезистанд. Аммо гузашти замон нишон дод, ки дар маслаки болшевизм аз шиор то амал фосилаи зиёд аст.
Сиёсати барномарезишудаи колхозӣ ва пуштибонии молиявии давлат аз он дар ду заминаи дигар корсозу созанда буд. Яке беҳтар гаштани низоми обёрӣ ва дигар бештар шудани заминҳои кишт (махсусан пахта) мебошад. Бузургтарин сохтмони солҳои сиюм ва давраи колхозӣ кандани канали Вахш аст, ки шона ба шонаи тоҷикон намояндагони дигар халқу миллатҳо низ дар кори он саҳми муносиб гузоштанд.
Раванди саросарии колхозӣ
Дар Тоҷикистону дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна пас аз соли 1930 ба колхозҳо ворид кардани кишоварзон бо шиддату хушунати бесобиқа ба роҳ монда шуд. Дар ин хусус ибтидои ҳамон сол қарори махсуси Ҳукумати Шӯравӣ ба тасвиб расид. Раванди маҷбурии узвият ба колхоз ва мусодараи замину амволи мардум дар саросари қаламрави Шӯравӣ муҷиби эътирозу норозигӣ ва ҳатто муқовимати мардум шуд. Ин ҳолат режимро тарсонд.
Садои эътирози мардум ба гӯши “доҳӣ” низ расид. Каҷравӣ ба андозае шуд, ки 2 марти соли 1930 Иосиф Сталин мақолае таҳти унвони “Фориғболӣ аз комёбиҳо”-ро нашр кард ва тамоми масъулияти ошубҳоро ба дӯши кормандони маҳаллӣ вогузошт. Дар ин мақола ба “каҷравиҳову ифрот” дар Осиёи Миёна низ ишора шуд. Чанд рӯз пас қарори вижаи кумитаи марказии ҳизб ба тасвиб расид, ки бар асоси он комиссияе таъсис ёфт, ки каме нармиш дар ин самтро зарур донист. Чун нисфи кормандони масъули умури колхоз кушта шуданд. Аҷиб он аст, ки ҳар қароре ки дар бораи суръати колхозӣ шудан ба тасвиб мерасид, омили нооромиву бесуботии бештар мегашт. Зеро иҷрокунандагони дастурҳои ҳизби болшевикӣ мардуме ғолибан нохондаву ифротӣ буданд ва ҳадду марзе дар амалкарди худ намешинохтанд.
Дар чанд моҳ садҳо колхозу комуннаҳое, ки ба таври маснуъӣ бунёд ёфта буданд, пош хӯрданд. Дар ин мақолаи Сталин инчунин таъкид ва ғайримустақим тавсия мешуд, ки ҳар кас мехоҳад колхозро тарк кунад. Аммо замину чорвои худро дигар наметавонист аз колхоз бозпас гирад. Хатои дигар дар ҷараёни ба сохти колхозӣ гузаштани кишоварзии Тоҷикистон он буд, ки маъмурони мо мехостанд, қафомонӣ дар барпоии сохти колхозӣ нисбат ба дигар қисматҳои давлати Шӯравиро дар муддати кӯтоҳ бартараф кунанд, ки он паёмадҳои ногувор дошта, дасту дили мардумро аз Ҳукумати Шӯро ва тадибрҳои он сард мекард.
Дар тобистони ин сол мардум ба таври оммавӣ колхозро тарк карданд. Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Панҷакат, дар давоми чанд рӯз колхозҳои навтаъсис барҳам хӯрданд, чун мардум медиданд, ки ба таври инфиродӣ кор кардану зистан беҳтар аст. Дар Кӯлобу Қӯрғонтеппаву Ҳисор низ ҳамин ҳолат ва барҳамхӯрии колхозҳо дар соли 1930 мушоҳида гардид. Дар Ӯротеппа (Истаравшан) мувофиқи омори расмии Шӯравӣ аз 2 ҳазор хонаводае, ки узви колхоз шуданд, дар чанд рӯз 1759 хонавода аз сафи колхоз хориҷ гаштанд. Мардуми раҳошуда гумон карданд, ки бо ҳамин сохти колхозӣ шикаст хӯрдаву ҳукумат дигар онро дунбол намекунад. Хонаводаҳое, ки ба таври инфиродӣ кор мекарданд каме осуда шуданд, вале ин тӯфоне пеш аз оромӣ буд.
Зеро дар ҳамин мақола Сталин гузаштан ба колхоз ва “дигаргунии кулли деҳот ба самти сотсиализмро бебаҳсу тамомшуда” номид. Тасмим қатъӣ буд ва чуну чаро алайҳи колхоз дар байни мардум дигар як кори беҳуда ва талафи вақт буд. Аммо ин воқеиятро қисмати хеле ками мардум, аз ҷумла табақаи нисбатан сарватманду миёнаи тоҷикон дарк карданд. Ин тадбирҳои кас надидаву нашунида дар ҳеч рӯзгор мардумонро ҳайратзада мекард. Ба дунболи нашри ин мақола Ҳукумати Шӯравӣ бо қабули чанд қарору дастур “ҷомаро чаппа пӯшида”дар роҳи колхозӣ шудан сиёсати шадиди фишору таъқибро пеш гирифт. Он даста аз хориҷшудагон аз колхоз ё бақияеро ки ҳанӯз кишоварзии инфиродиро пеша карда буданд, бо роҳи дигар ба зону даровард. Аз ҷумла, барои ҳавасандӣ колхозҳои Тоҷикистон аз молиёт озод, вале инфиродиҳо молиёти дучанд баста шуданд. Давлат ба инфиродиҳо ба ин васила фаҳмонд, ки роҳе ҷуз пайвастан ба колхозро надоранд. Ба инфиродиҳо ҳатто заминҳои начандон хубу ҳосилхез дода мешуд, то аз кори инфиродӣ даст кашанду ба колхоз бипайванданд.
Муқоисаи асноди бойгонии колхозҳо, гузоришҳои ба дастгоҳи марказии ҳизб расида ва шаҳодати чандин узви колхозҳо дар чанд ноҳияи Тоҷикистон, ки банда шунидаам, нишон медиҳад, ки фишору таъқиб ба авҷ мерасад. Ҳамин тавр, ба таври иҷборӣ соли 1931 41 % хоҷагиҳои инфиродии Тоҷикистон ба колхоз ҷалб шуданд. Ноҳияҳои Нов, Қубодиён, Шаҳринав, Арал ва Конибодом дар сохти колхозӣ пешгом буданд ва асосан ба кишти пахта ихтисос дода мешуданд.
Таъсиси марказҳои техникӣ (МТС) дар Тоҷикистон соли 1929 бо овардани 41 трактор шуруъ шуда, соли 1932 теъдоди “аспҳои оҳанин” ба 1284 расид. Муҳимтарин таҳаввули деҳоти тоҷик истифодаи трактор буд, ки воқеан ба дастёри кишоварзон мубаддал гардид.
Таъқиботи барномарезишуда
Солҳои 1931-1934 Ҳукумати Шӯравӣ чораҳои қатъӣ алайҳи тамоми мухолифони сохти колхозиро пеш гирифт. Яке аз мафҳумҳои хеле маъруфи ин давра кулак мебошад. Ин табақа то соли 1928 танҳо 5 % аҳолии Русияро ташкил медоданд. Кулак маҳсули замони Шӯравӣ набуд. Ин вожа дар Русияи қабл аз инқилоб ба кишоварзони ризоманде гуфта мешуд, ки имконоту тавоноиҳои фаровон доштанд ва дар замин техникаро истифода мебурданд. Дар ҷараёни саросар колхозӣ шудан, 5 феврали соли 1930 қароре аз ҷониби раёсати ҳизб қабул гашт, ки барҳам задани кулакҳо ҳамчун вазифаи таъхирнопазир дониста шуд.
Кулакҳо ҳамеша ҳам захираи нон, ҳам сармоя доштанд. Сиёсати табъизие, ки болшевикон пеш гирифтанд, ин табақаро муфтхӯру зиёнрасон тасвир мекард. Дар ҳоле ки аз миёни ин табақа афроди корофару бунёдкор кам набуданд. Танҳо дар рӯзи нахустини татбиқи ин дастур 15 ҳазору 985 нафар ба ҳабс гирифта шуд. Дар давоми ду соли 1930-1931 бо дастури мақомоти интизомии давлати Шӯравӣ 381 ҳазор хонавода табъид шуд, ки дар маҷмуъ ба 1 миллиону 800 ҳазор нафар одам мерасад.
Раҳбари муҷозоткунандагон (ОГПУ) Генрих Ягода дар авҷи ин барнома ба зердастонаш дастур дод, ки “муваққатан озору азият ва таъқиби руҳониёну тоҷиронро канор гузореду кулакҳоро маҳв намоед”. 90 ҳазор кулак дар роҳи расидан ба Сибиру дигар маконҳо ҳалок шуданд. 629 ҳазор табъидшудагон фирор карданд, вале аз муҷозоти иловагӣ эмин намонданд. Онҳо ё ҳангоми фирор аз гурӯснагӣ мурданд ва ё дастгиру дубора зиндонӣ шуданд. Афроде ки дар ҷараёни мубориза алайҳи сарватмандон ҷалб шуданд, аз табақаҳои камбизоату маҳрум буда, нисбат ба афроди кадхудову солор нафрату кина мепарварданд. Ҳукумати болшевикон низ онҳоро бо ҳар васила таҳрик мекарду дар “ҷараёни муборизаи табақотӣ” истифода мебурд.
Дар Тоҷикистон низ вожаи кулак машҳур шуд. Ҳарчанд дар Тоҷикистон ин табақа аслан вуҷуд надошт. Аз ин рӯ, на танҳо заминдорону табақаҳои миёна, балки касоне ки ду гову асп доштанд низ, ба таъқибот гирифтор шуда, бештари онҳо дар дашту саҳрои Сибиру Қазоқистон бо ҳазорону доғу дард, дур аз ёру диёр дар забон нафрину дуо нисбати ситамгорони рӯзгори хеш ҷон ба ҷонофарин таслим карданд. Тақрибан ҳеч деҳае дар Тоҷикистон намонд, ки чанд нафар бо “гуноҳи кулак ё бой будан” талаф нашуда бошад. Мусибат он буд, афроди гумному замонасоз беҳтаринҳои ҷомеаро гулчин мекардану аз байн мебурданд. Бузургони рӯзгору баргузидагони қавм бо ҷурмҳои дуруғин талаф шуданд.
Созмоне бо номи “Ҷуфтгарон” дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият мекард, бо дастури мақомоти ҳизбӣ соли 1929 номи онро ба “Иттифоқи камбағалон” иваз карданд, то моҳияти табақотии онро ошкор нишон диҳад. Зери таъсири тарғиботи идеологӣ камбағалон омилу сабаби фақру мусибатҳои худ сарватмандонро мешумурданд. Аз ин рӯ онҳо фурсатро ғанимат дониста, барои баркандани аслу решаи табақаи нисбатан мураффаҳ аз ҳеч амали табоҳе рӯй наметофтанд. Симои чунин афрод дар адабиёти тоҷик тасвир ёфтааст. Романҳои “Гардиши девбоди” Абдуҳамид Самад“ ва ”Нони шарикӣ”-и Мирзонасриддин намунаи чунин осоранд.
Муқовимати мардуми алайҳи сохти колхозӣ
Ҷараёни мусодараи амволу чорвои мардум дар саросари Шӯравӣ бо берҳамиву хушунати зиёд дунбол мешуд. Мардум ба таври табиӣ алайҳи ин тадбирҳои ғайриинсонӣ ва хилофи фитрату ақли солим вокуниш нишон медоданд. Ин вокунишҳо тавассути садо баланд кардан, коршиканӣ ва ҳатто қиёми мусаллаҳона амалӣ мегашт. Қисме аз мардум ба шаҳрҳо фирор карданд, ки ба нафъи давлат буд. Зеро муҳоҷирон сафи коргаронро пур мекард, ки бо дастмузди ночиз пояҳои саноати кишварро мегузоштанд.
Охири соли 1931 натиҷаи тадбирҳои нодурусти ҷараёни колхозӣ маълум шуд. Кишвар ба камбуди захираи ғизоӣ мувоҷеҳ гашт. Нон намерасид ва гуруснагӣ мардумро бечораву нотавон кард. Дар солҳои 1932-1933 аз шиддати гуруснагӣ инсонҳои бешумор талаф шуданд. Воқеияти бебаҳсе ки дар замони Шӯравӣ низ онро эътироф карда, дар осори илмӣ (аз ҷумла асари В.А. Козачковский “Аз феодализм ба сотсиализм”) низ дарҷ кардаанд, паст шудани маҳсули кишоварзӣ буд. Агар дар соли 1916 ҳосилнокии пахта, ки маҳсулоти стротежӣ шумурда мешуд, дар қаламрави Тоҷикистон 12 % бошад, ин нишона дар соли 1928 ба 7%, дар соли 1929 6% ва дар соли 1932 ба 4 % расид.
Дар самти чорводорӣ низ талафот бештар аз рушд буд. Мувофиқи омори давлати Шӯравӣ дар Тоҷикистон камтар аз ҳама асппарварӣ зиён дид, ки он ҳам дар соли 1932 нисбат ба соли 1929 10% коҳиш доштааст. Гов, гӯсфанд ва буз дар ҳамин марҳила ду баробар кам шуд, ки он ҳам натиҷаи сиёсати нодурусти маҷбуран ба колхоз супурдани чорво буд. Гуруснагӣ Поволже, Қазоқистон, Украина, Шимолии Қавқозро фаро гирифта, як сол идома ёфт. Дар баъзе мавридҳо ҳолати хурдани одамҳо (канибализм) ба қайд гирифта шуд.
Яке аз ҳодисаҳои ваҳшатноки сохти колхозӣ дар Қазоқистон рух дод. Аз рӯйи маълумоти муаррихони қазоқ беш аз як миллион мардуми қазоқ дар ҷараёни бунёди сохти колхоз ҷони худро аз даст доданд.
Ҳамзамон бо ин, дар Тоҷикистон бастани масҷидҳову дигар таъқибот дар заминаи эътиқоди мардум ба мушоҳида мерасид. Ҳарчанд ситеза бо дину ойини мардум ҷузви барномаҳои давлати Шӯравӣ буд, дар ин марҳилаи ҳассоси таърихӣ авҷ гирифтани он сабаби таҳрик шудани норозиён ва ба муборизаи ошкор бархостани онон гардид. Умуман, гуруснагиву муҳтоҷии аъзоёни колхоз ва карру фарри иддае бебанду бор, ки дар дастгоҳи колхозӣ худро амиру шоҳ ҳисобида, бо сарнавишти мардум бозӣ мекарданд, бештари қишрҳои ҷомеаро ноумеду сарсон кард. Маъмурони колхозӣ ва давлатии Шӯравӣ аз ҳамон солҳои 30 худро тофтаи ҷудобофта шумурда, ҷудо аз мардум таъминоти моддии беҳтар доштанд. Ҳатто то солҳои охири истиқрори ҳукумати Шӯравӣ маъмурони ҳизбӣ мағозаи алоҳида доштанд, ки фосилаи онҳо бо мардуми оддиро бештар месохт.
Барои колхозчиёни тоҷик ҳам рӯзҳои сахт фаро расид. Шоири халқӣ Юсуф Вафо, ки пештар ҳамдиёронро ба сафи колхоз даъват мекард, аз сохти колхозу дастгоҳи маъмурии он безор шуду тарки ёру диёр кард. Ин шеърро низ дар ҳолати эҳсосу ноумедӣ дар авҷи гуруснагии мардум суруд:
Колхозӣ шуду серӣ надидам нуна,
Рангам зардай аз каркаю аз дуна.
Сад шукри фатири чутури боқлара кун,
Картушка сипо аз пом гирифтай ҷуна.
Яке аз паёмадҳои колхозӣ шудан дар Тоҷикистон ва умуман Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ дар маҷмуъ он буд, ки дуздиву ғорати амволи колхозӣ то поёни рӯзҳои давлати Шӯравӣ дигар қатъ нашуд. Мардум ки аз моликият маҳрум шуданд, ба моли умумӣ на раҳм доштанду на онро аз худ медонистанд. Соли 1932 қонуне ба тасвиб расид, ки барои камтарин дуздии амволи колхоз афродро то даҳ сол равонаи зиндон мекарданд. Ин қонун, ки дар асл “қонуни дуздии амволи сотсиалистӣ” ном дорад, миёни халқ бо номи “қонуни се хуша” маъруф гашт. Чун ҳар хушаи гандум моликияти давлат шумурда мешуд ва пайдо шудани се хушаи гандум дар анбони марду зане ӯро ба мусибатҳои азим гирифтор мекард. Маҳкумшудагони ин банди қонун дар рӯйхатҳои афв ҳам шомил намегаштанд. Ҳатто барои иҷро накардани меъёри рӯзи корӣ колхозчии одӣ ва қаблан бенаворо низ панҷ сол равонаи зиндон мекарданд.
Умумӣ гаштани кору маҳсули он ҳавасмандиро аз байн бурда, баҳраварии заминро низ коҳиш дод. Набудани кадрҳои босавод дар идораи колхозҳо мунҷар ба нодуруст ва ғайриодилона тақсим гаштани даромад мешуд. Танҳо дар остонаи ҷанги ҷаҳонии дувум (1939) истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ки колхоз омода мекард, ба соли 1913-и Русия баробар шуд. Ҳамин тавр, колхоз ҳатто дар замони беҳтар шудани вазъи зиндагии колхозчиён (солҳои 70-80-уми асри ХХ) низ рамзи бесифатӣ, камсаводӣ ва худсариву фасоди густурда гардид.
Дар маҷмуъ, мувофиқи асноди давлатӣ дар тамои деҳоти Шӯравӣ соли 1931 14 ҳазор эътирозу шӯришу муборизаи мусаллаҳона шудааст, ки Тоҷикистон низ аз ин рӯйхат истисно нест. Мувофиқи омори расмӣ дар солҳои 1930-1931 дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ ҳазорон кормандони маъмурии ҳизбӣ ва давлатӣ аз ҷониби эътирозгарон ба қатл расиданд. Ҳатто афроде аз миёни гурӯҳи биступанҷҳазориҳо низ дар Тоҷикистон кушта шуданд. Соли 1931 дар Қарақчиқум ва Кучкаки Конибидом мардум даст ба тазоҳурот заданду бо маъмурони ҳизбӣ ва давлатӣ даруфтоданд. Мардуми Кӯлобу атрофи он низ чанд бор эътирозу корпартоӣ карданд. Азбаски онҳо дар марз қарор дошта ҳанӯз фирор мумкин буд, ба самти Афғонистон мерафтанд ва теъдоди касоне ки дар солҳои аввалӣ бунёди колхозӣ ба Афғонистон мегузаштанд, хеле афзуд.
Ҷунбишҳои эътирозӣ ва муборизаҳои мусаллаҳонаи мардуми Тоҷикистон дар Ғарм, Ҷиргатол, Ҳисор, Шаҳринав, Конибидом, Масчо ва дигар маконҳо рух дод. Дар муқобили эътирозгарон яроқи оташфишон истифода шуда, исёнҳо ба хоку хун оғушта шуданд. Маъмултарин шакли эътироз куштани чорвои колхозӣ ва ба оташ кашидани анбору махзанҳои колхозҳо буд.
Шӯриши Ғарм (соли 1931) бузургтарин қиёми мардум алайҳи бедоду ситами сохти колхозӣ буд. Дар он беш аз даҳ ҳазор нафар иштирок дошта, чанд моҳ идма ёфт. Ин шӯриш бо бераҳмии зиёд фурӯ нишонда шуд.
Вақте соли 1994 пас аз хондани як китоб роҷеъ ба солҳои сиюм аз мӯйсафедони деҳаамон иллати қиёми Мирсанг ном шахс дар Палдораки Масчоро пурсидам, афроде ки Мирсангро мешинохтанд, гуфтанд, ки соли 1931 тамоми амволи ӯро маъмурони колхозӣ мусодара карда, дар охири сол боз аз ӯ талаб мекунанд, ки бояд молиёти пашмро ба давлат пардозад. Бо шунидани як каломи таҳқиромез аз маъмури молиётӣ, Мирсанг вайро парронда тамоми кормандони колхозро низ ба қатл мерасонад. Бобо Ҳамдамов, ки дар ин вақт раиси суди олии Тоҷикистон будааст, дар хотироташ аз қиёми Мирсанг ва боз як шӯриши дигари мусаллаҳонаи масчоҳиён алайҳи сохти колхозӣ ва тартиботи он дар соли 1931 гузориш додааст.
Мушкилоти колхозҳо ва беҳуқуқии колхозчиён
Яке аз мушкилоти дигаре ки сохти колхозӣ болои мардум таҳмил кард, гирифтани ҳаққи коштани ҳар гуна зироат буд. Ҳар чӣ давлат ниёз дошт, бояд ҳамонро кишт мекардӣ. Марди кишоварз дар деҳот чорае ҷуз пайвастан ба колхоз надошт ва маҳсулотеро кишт мекард, ки “партия ва ҳукумат” мефармуд. Дар Исфара ба ҷойи пахта, шолӣ коштанд, ки бо мухолифати шадиди мақомот мувоҷеҳ гашт, замини киштшударо хароб ва ба ҷояш пахта кориданд. Коштани пахта иҷборӣ шуд, ки як натиҷаи он бе маводи ғизоӣ мондани мардум ва чорвои маҳдуди онҳо буд. Минбаъд ҷумҳурӣ ба майдони кишти пахта, ки барои давлати Шӯравӣ зарур буд, бадал гашт. Меҳнати тоқатфарсо ва заҷру азияти мардуми колхозҳои пахтапарвар то поёни ин сохт ва давлати Шӯравӣ побарҷо буд.
Бо дастури Иосиф Сталин соли 1933 шуъбаҳои сиёсӣ таъсис ёфт, ки вазифааш таҳкими сохти колхоз ва таъмини захирасозӣ барои кишвар буд. Ин тадбир “барои ҳимояти мардум аз дасти маъмурони маҳаллӣ” буд. Вале натиҷааш баръакс шуд ва ситам болои колхозҳо шуруъ гашт. Бунёди сохти колхозӣ дар Тоҷикистон дар пансолаи дувум (1932-1937) анҷом ёфт. Дар ин давра бештар ноҳияҳои кӯҳистонӣ (Рашт, Помир, ноҳияҳои кӯҳии Кӯлоб ва Суғд) ба колхоз гаравиданд.
Бо ҳамин, соли 1936 кишвари Шӯроҳо эълон кард, ки сотсиализм пирӯз шудааст. Констутитусияро низ дигар карда, номи онро конститутсия “сотсиализми ғолиб” номиданд. Дар моддаи аввали он гуфта мешуд, ки “Иттиҳоди Шӯравӣ давлати сотсиалистии коргару деҳқон мебошад”. Дар моддаи 4-уми он масъалаи муҳимтарин – шакли моликиятро қонунӣ кард ва муҳимтарин банди он давлатӣ будани воситаҳои истеҳсолот ва бекор шудани моликияти шахсӣ буд.
Барои Тоҷикистон дар солҳои 30-ум ҳукумати марказӣ маблағҳои зиёдеро ихтисос дод, ки онҳо барои бештар шудани заминҳои киштзор, овардани техника ба колхозҳо, обёрии заминҳои нав, муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз кӯҳистонҳо ба водиҳо сарф гардид. Дар ин давра дастаҳои биступанҳазорнафарӣ барои таъсиси колхозҳо ва равнақи онҳо ба гӯшаву канори кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон сафарбар гардиданд, ки растанипарвари машҳур Вячеслав Красичков аз ҷумлаи онҳост. Ба Тоҷикистон 87 нафари ин даста сафарбар гаштанд. Водиҳои Вахшу Дилварзин обёрӣ гашту фазои тоҷикӣ дар он танинандоз шуд. Дар давоми панҷоҳ сол (1930-1980) симои деҳоти тоҷик ба куллӣ тағйир ёфт.
Тоҷикони бунёдкору заҳматкаш сарфи назар аз ҳамаи маҳрумиятҳову фишорҳо бо корномаи рангини худ саҳифаи наве дар таърихи миллат сабт карданду мувофиқи имкон Тоҷикистонро нозанинтар сохтанд. Вақте ҷумҳурӣ соли 1935 80 ҳазор тонна пахта истеҳсол карда, нақшаи давлатиро иҷро намуд, рӯзномаи “Правда” ин дастовардро “ҳосили талошҳову корнамоиҳои созмонҳои ҳизбии Тоҷикистон дар роҳи бунёди колхозу совхозҳо” эълон дошт. Аммо қаҳрамони воқеъии ин корзор на ҳизбу на низоми истеъмории он, балки ҳамин мардуми заҳматкашу фидокор, яъне падару бобои мову шумо буданд.
Ҳамин тавр, сохти колхозӣ кишоварзро ба замин пойбанд сохт ва тақрибан ба чизе шабеҳи ҳуқуқи крепостнойии то соли 1861 Русия бадал намуд. Миёни мардум дигар вожаи ВКП (б)-ро, на ҳизби умумииттифоқии коммунистони бошевик, балки “ҳуқуқи дувуми крепостнойии болшевикон” (второе крепостное право болшевиков) меномиданд. Соли 1932 қонуне ба тасвиб расид, ки ҳаракати озоди аъзоёни колхозро мамнуъ кард, яъне иҷозати иваз кардани муҳити зист аз узви колхоз гирифта шуд. Дар деҳот ҷуз хидмату кор барои колхоз гузинаи дигаре намонд. Музди кори кишоварз ночиз буд, он ҳам дар шакли мавод.
Имтиёзҳои нисбии замони Никита Хрушев низ вазъи колхозҳоро беҳтар накард. То соли 1956 (яъне 25 сол пас аз оғози колхозшавӣ ) ба аъзои колхоз на пул, балки рӯзи корӣ навишта, дар охир маҳсулот (гандум, ҷав, боқило ва дигар навъҳои зироат) медоданд. Танҳо бо гузашти 40 сол, яъне соли 1974 давлати Шӯравӣ ба аъзоёни колхоз шиноснома дод! Байни солҳои 1934-1974 колхозчиён ҳангоми сафар ба маконе танҳо метавонистанд аз колхоз гувоҳинома бигиранд.
Дар солҳои 70-80 вазъи колхозҳо беҳтар шуда, ба ҷойи маводи ғизоиву дигар маҳсулот ба колхозчиён додани маблағ шуруъ шуд. Дар ҳамин давра, колхозҳои миллионер падид омаданд, ки ба ободии роҳҳои дохилӣ, хонаҳои фарҳанг, китобхона, истироҳатгоҳҳо таваҷҷуҳ зоҳир мекарданд. Аммо ин иқбол дер давом накард. Гурӯҳе аз коммунистон, ки худро вориси болшевикони солҳои бистум медонистанд, “давлати синфи коргару деҳқонро” барҳам заданд. Агар империҳои қудратманди таърих дар натиҷаи ҷангҳо барҳам хӯранд, ин давлат бе он ки тире ба осмон шиллик шавад, тавассути худи коммунистон муталошӣ шуд. Ҳаминҳо минбаъд сохтори колхозиро бекор карда, дар шашяки рӯйи замин амволи шаст сол бо қиммати рехтани хуну арақи миллионҳо одам фароҳамомадаро ба тороҷ доданд. Дигар касе на дар фикри колхоз асту на дар орзуи баргаштан ба колхоз.
Натиҷаҳо
Ҳамин тавр, бунёди сохти колхозӣ дар Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ ва Тоҷикистон минҷумла, ба чунин натиҷаҳо расид:
1. Давлате, ки мехост тамоми иқтисодро дар қабзаи ихтиёри худ дошта бошад, дар тавлиду захираи гандум худкифо шуда, тавзеъу фурӯш ва қимматгузории нонро дар инҳисори худ даровард.
2. Муҳимтарин рукни рӯзгори инсон, ки ҳамон озодист, аз кишоварз гирифта шуд.
3. Давлати Шӯравӣ, ки инҳисорталаб буд, муваффақ шуд, ки ҳатто маводи талаботи мардумро контрол кунаду онро худ бароварда созад.
4. Колхозҳо дорои як дастгоҳи муфассалу муфтхӯре гардиданд, ки ҳатто соли 1931 дар як дастури Сталин мавриди интиқоди шадид гашта, “доҳӣ” хостори ихтисори он шуд. Аммо ин дастур то поёни умри колхозҳо иҷро нашуд.
5. Мардуми зиёде аз деҳа фирор карданду ба шаҳрҳо сарозер шуданд, ки дар натиҷа барои саноат неруи кории арзон фароҳам омад.
6. Тавре интизор мерафт, давлат аз ҳисоби фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷ ва ба даст омадани асъор технология ворид карда, ҳазорон корхонаҳои саноатиро сохта, масъалаи саноатишавиро ҳал кард. Кишоварзии давлатӣ асоси саноатишавии кишвар гардид.
7. Бунёди сохти колхозӣ миллионҳо сарнавиштро воруна рақам заду аз хонаву дар, амволу дороӣ ва муҳимтар аз ҳама ҷон маҳрум кард. Дар анҷумани ХХ-уми ҳизби коммунист ин “тадбири таърихӣ” низ ба тамасхуру истеҳзо кашида шуд ва соли 1991 қонуне дар Русия қабул гардид, ки тадбири мубориза алайҳи кулакҳо ғайриқонунӣ эълон шуд.
8. Ба Тоҷикистон овардани техникаи коркарди замин, ки заҳмати кишоварзонро кам кард, муҳимтарин дастоварди сохти колхозӣ буд.
9.Афроде ки мавриди таъқибу фишор қарор гирифтанд, бештар аз хонадонҳои нажода, ашхоси ҳунарманду халлоқ буданд. Бе вуҷуди онҳо ҷомеа аз андешидану халлоқият маҳрум гардид.
10. Ин пиндор, ки таъқибу фишор ва бехонумону гумном шудани миллионҳо инсон, бе ризояту огоҳии раҳбарони давлати Шӯравию ҳизби болшевикӣ шуда, натиҷаи “фаъъолиятҳои мардуми маҳаллӣ” бошад, бепояву абас буда, дар саросари қаламрави Шӯравӣ, аз Украина то Шарқи Дур ва аз Қавқоз то Осиёи Миёна ин сиёсати зиддиинсонӣ пиёда шудааст, ки шаҳодат аз беқадрии инсон назди болшевизмро дорад. Иосиф Сталин соли 1942 дар дидори худ бо Черчил ба суоли нахуствазири Британия, ки кадом ҳодисае пеш аз ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ барои кишвари шумо хеле сахт буд, бо як калом ҷавоб дод, ки “бунёди сохти колхозӣ, ки даҳҳо миллион қурбонӣ дошт”.
11. Тоҷикистони колхозӣ кишвари аграрӣ ва манбаи ашёи хом барои дигар ҷумҳуриҳо гардид, ки паёмади ногувори онро мо дар шароити истиқлоли кишвар эҳсос кардем.
12. Ин тиккаи таърихи мо бояд аз зовияи манофеи миллӣ таҳқиққу баррасӣ ва навишта шавад. Муҳимтарини сабақи ин марҳилаи таърихӣ он аст, ки набояд ҷону молу номус ва сарнавишти инсонҳо мавриди таҷрибаи як низоми идеоложии тундгаро қарор бигирад.
Муаррихи тавонои англис Арнол Тойинби пас аз баррасии таърихи сохти колхозӣ навишт, ки “колхоз тамаддуни деҳоти Русро аз байн бурд”. Дар осоре ки замони Шӯравӣ ба колхозҳо бахшида шудааст, асосан аз “дастовардҳои беназиру” “ҷаҳиши бузург” ва “табаддулоти куллӣ” дар ҳаёти деҳотиёни Шӯравӣ сухан ба миён омада, барои исботи он омору арқоми фаровон оварда мешавад. Гуё таърихи ин замон сарнавишти мардум неву таърихи кишоварзиву чорводорӣ бошад. Аз ин ки ин “дастовардҳо” бо чӣ қиммате ба даст омаданд, ҳарфе ба миён оварда намешавад. Гуё ҳар чӣ иттифоқ уфтода, аз зарурат будаву роҳи дигаре набуда. Оре, дастовардҳо кам набуданд, аммо арзишмандтар аз миллионҳо қурбонии бегуноҳ, сарнавиштҳои талху ноком, хунҳои ба ноҳаққ рехташуда ва озодии ашрафи махлуқоти Офаридагор – ҳазрати ИНСОН набуданд.
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2024
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Холов гузошта шуд
“Забон ёфтем”. Содир Жапаров гуфт, қитъаҳои мавриди баҳс бо Тоҷикистон “50 ба 50 тақсим шуданд”
“Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо аст.” Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав чӣ гуфт?
ТОП-7 меваи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 аз ҳама бештар содир шудааст
Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд
Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони куштори як сокини Ҳисор
Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се моҳӣ дар обгир”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста