Шабонарӯзи гузашта, тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 63 нафар зиёд шуд. Ин афзоиши навбатии рекордии беморон давоми як шабонарӯз мебошад.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии ҶТ, теъдоди умумии сироятёфтагон аз оғози пандемия ба 14 ҳазору 291 нафар расид.

Дар ин муддат боз як нафар фавтида, шумори фавтидагон аз ин беморӣ аз оғози пандемия 115 нафарро ташкил медиҳад.

Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 13 ҳазору 847  нафарро ташкил медиҳад. Давоми шабонарӯз 45 нафар шифо ёфтаанд.

Шумори беморони COVID-19 дар Тоҷикистон афзоиш ёфта, аллакай ҳолатҳои беморӣ байни кӯдакони хурдсол ба қайд гирифта шудааст. Табибон аз эҳтимол дур намедонанд, ки сабаби ин пайдо шудани штамми хатарноки ҳиндии коронавирус дар кишвар бошад.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, штамми “делта” дар кишвар вуҷуд надорад.

“Ҳисоботи озмоишгоҳҳо дар бораи натиҷаҳои ташхиси аҳолӣ ҳамарӯза ба Вазорати тандурустӣ пешниҳод гардида, штамми ҳиндӣ ошкор нашудааст”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорат.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.