Аз Аҳмад Тоҳир ном шахсе ба идораи “Азия-Плюс” муроҷиатнома расид. Ӯ хабар медиҳад, ки қаблан роҳбари ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мушовири Комиссияи мубориза ба маводи нашъаовари парлумони Афғонистон будааст. Мард аз номи гурезаҳои афғон, ки айни замон маҷбуранд аз толибон пинҳон шаванд ва гузаштани сарҳадро дархост доранд, муроҷиат кардааст.
“Ҳаёти мо зери хатари ҷиддист”
Ба гуфтаи ӯ, дар сарҳади Афғонистону Тоҷикистон байни ноҳияҳои Ишкошим ва Шуғнони музофоти Бадахшон паноҳандагон аз манотиқи гуногуни Афғонистон, аз ҷумла Кобул қарор доранд. Айни замон ҳудуди 160 оила, ки аз толибон пинҳон шудаанд, бо ӯ дар тамоси доимианд.
Аксари онҳо занони ҳомии ҳуқуқ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сарбозони сохторҳои амнияти миллии ҳукумати барканоршудаи Афғонистон мебошанд.
«Тақрибан 55 рӯз пеш гурезагон ба марзбонони тоҷик муроҷиат карда, онҳо гуфтанд, ки тибқи гуфтаҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон амал мекунанд ва пас аз таҷлил аз Рӯзи истиқлолият ба афғонҳое, ки зери хатар қарор доранд, иҷозаи гузаштани сарҳадро медиҳанд. Лекин то ҳол аз онҳо дигар хабаре нест. Мо дархост мекунем, ки садои муҳоҷирон ба ҷомеаи байнулмилалӣ ва Тоҷикистон расонида шавад”, - омадааст дар муроҷиатнома.
Ӯ зикр мекунад, ки гурезаҳо дар ҳолати ниҳоят душвор қарор дошта, агар ба онҳо таваҷҷуҳ зоҳир нашавад, бисёре аз кӯдакон бар асари шамолхӯрӣ фавтида метавонанд. Миёни гурезаҳо занони ҳомиладор низ ҳастанд, ки ҳолаташон на он қадр қаноатбахш аст.
“Чанд рӯз пеш кӯдаке сахт бемор шуд. Толибон иҷозат надоданд, ки ӯро ба бемористон баранд. Дар ниҳояти кор падараш маҷбур шуд ӯро ба Кобул барад, аммо дар роҳ вафот кард, - менависад Аҳмад Тоҳир. - Агар мо, ки дар ин ҷо ҳастему ба Кобул биравем ва аз ҷониби Толибон ва дигар гурӯҳҳои террористӣ кушта шавем, беҳтар аст, ки дар ин ҷо худкушӣ кунем", чунин аст суханони афроди дар сарҳад ба дом афтода".
Ба гуфтаи Тоҳир,ки ӯ ҳам аз ҷумлаи гурезаҳост, барои эмин нигоҳ доштани ҷони худ онҳо маҷбуранд, ки пинҳон шаванд.
"Дар ин ҷо Толибон одамонро бераҳмона таъқиб мекунанд ва мехоҳанд намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва сарбозони ҳукумати собиқи Афғонистонро ба қатл расонанд. Лутфан, агар тавонед, ба мо кумак кунед, зеро ҳаёти мо зери хатари ҷиддист”, - навиштааст ӯ.
Хадамоти марзбонӣ: “Дар сарҳад тинҷиву оромист”
Аз Хадамоти марзбонии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки аз сокинони Афғонистон ба ин монанд муроҷиатномае ба онҳо нарасидааст.
“Ягона ҳодисае буд, ки ду-се моҳ пеш хизматчинёни ҳарбии ҳукумати барканоршудаи Афғонистон дархост намуданд, ки ба онҳо долон дода шавад, лекин байни онҳо аҳолии осоишта набуд”, - гуфтанд дар хадамот.
Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ҳоли ҳозир дар марзи Афғонистону Тоҷикистон ҳама чиз зоҳиран ором аст, мардум ба таври маъмулӣ зиндагӣ дошта, кӯдакон ба мактаб мераванд ва тирпарронӣ нест.
“Агар гурезаҳо дар чунин ҳолат қарор медоштанд, ин кайҳо дар YouTube нашр мешуд. Ва агар ба мо чунин маълумот мерасид, онро бе таваҷҷуҳ намегузоштем”, - изҳор доштанд дар Хадамоти марзбонӣ.
“Азия-Плюс” талош варзид, ки аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мавриди ин масъала шарҳ дастрас намояд, лекин ягон телефони ин вазорат, аз ҷумла телефони хадамоти матбуот ба зангҳо ҷавоб намедиҳад.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Тақдири талхи муҳоҷир: чӣ гуна сокини Хуҷанд бе хонаву оила монд?
“Ҳуҷҷатҳоро мехаранд”. Чаро дар Тоҷикистон фарҳанги ронандагӣ коста аст?
Ҳеҷ гоҳ қаламро раҳо накард. Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров
Газ аз поруи чорво: биодайджестерҳо дар Тоҷикистон мушкили мардумро осон мекунанд
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста