Муовини аввали вазири маориф ва илми Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода рӯзи 28 феврал дар Душанбе зимни вохӯрӣ бо намояндаи ЮНЕСКО дар соҳаи муҳоҷират, ҳолатҳои фавқулода ва маориф Хода Ҷаберли масъалаи фарогирии гурезаҳои афғонро бо таҳсил дар кишвар баррасӣ кард. Дар ин бора котиби матбуотии Вазорати маориф Эҳсони Хушбахт дар саҳифаи худ дар Facebook хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, Ҷӯразода бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки роҳбарияти Вазорат аз дастгирии ҳамешагии ЮНЕСКО дар амалӣ намудани барнома ва лоиҳаҳои рушди маорифи кишвар сипосгузор буда, минбаъд низ ҷиҳати рушди ҳамкориҳо чораҳои дахлдорро роҳандозӣ менамояд.
Дар ин замина яке аз масъалаҳое, ки дар қатори дигар масъалаҳои баррасишаванда мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорон қарор гирифт, ҷалби гурезагони афғон ба таҳсил мебошад.
Таъкид шуд, ки бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта Вазорат дар доираи ваколатҳои ба зиммадошта ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани шаҳрвандони Афғонистон дар тамоми зинаҳои таҳсилот тадбирҳои судмандро андешида истодааст.
Ба иттилои манбаъ, намояндаи ЮНЕСКО Хода Ҷаберли дар навбати худ аз корҳои анҷомдодаи Вазорат дар самти фарогирии шаҳрвандони Афғонистон изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон, зикр кард, ки дар ҳолатҳои зарурӣ Дафтари ЮНЕСКО омода аст кӯмаки техникии худро расонад.
Тибқи маълумоти Раёсати Комиссари олии СММ оид ба умури гурезагон, то охири соли 2020 дар қаламрави Тоҷикистон 6,5 ҳазор гурезаҳо ва шахсони ҷӯяндаи паноҳгоҳ аз Афғонистон ба қайд гирифта шуда буданд. Аз моҳи январ то августи соли 2021, то замони қатъи парвозои байнулмилалӣ бо Афғонистон шумори гурезаҳо 2 баробар афзуда, ҳудуди 14 ҳазор нафарро ташкил дод.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Вазорати адлия Шаҳбози Аброрро раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон эътироф кардааст
Аз Алӣ Лориҷонӣ то Саид Ҷалилӣ. Сабти номзадҳо ба мақоми раёсҷумҳури Эрон оғоз гардид
Тоҷикистону Чин маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятнокро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд
“Роҳ ба сӯи Тиён-Шон”: дар Тоҷикистон рушди роҳҳои мошингард баррасӣ шуд
ВКД сабаби ҳодисаи марбут ба зани 23-соларо, ки аз ошёнаи 5-ум дар Кӯлоб афтод, шарҳ дод
Чаро Тоҷикистон дар безараргардонии фурӯзонакҳои каммасраф муваффақ нашуд?
“Воридот ва фурӯши сатру либоси сиёҳ манъ аст”. Ин ба кори фурӯшандагон чӣ гуна таъсир мерасонад?
Бар зидди писари раиси бозори Ёвон парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Ҷузъиёти кордзании хонандагон
Боришот зиёдтар мешавад: обуҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон
“Худам шоҳу табъам вазир?”. Мансабдороне, ки парвои интиқод надоранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста