Бо қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе то охири моҳи август дар пойтахт ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора аз шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ аз 1 то 31-уми август, дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
“Ярмарка бо ҳадафи таъмини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо либос ва лавозимоти мактабӣ ва бо риояи қоидаҳои беҳдошт баргузор карда мешавад”, - гуфт манбаъ.
Зикр карда шуд, ки Рустами Эмомалӣ раисони 4 ноҳияи шаҳри Душанберо муваззаф кардааст, то дар ҳамкорӣ бо сохторхои дахлдори шаҳрию ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолонаи истеъмолкунандагон ва соҳибкорони ватаниро дар ярмаркаҳо таъмин намоянд.
Макони баргузории ярмаркаҳо:
Дар шаҳри Душанбе: Маркази савдои “Панҷшер”
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ: ҶДММ МС “Истиқлол”, ҶДММ “Чеварони Лола” ва ҶДММ “Варзоб Т.Ҷ.”
Дар ноҳияи Шоҳмансур: кӯчаи Валаматзода 8 (назди бинои ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур), хиёбони Рӯдакӣ 10 (назди Маркази савдои “Садбарг” ва “Шукрона”), кӯчаи Айнӣ 307/5, Маркази савдои “Ховарон” ва Маркази савдои “Гелос”.
Дар ноҳияи Фирдавсӣ: ҶДММ бозори “Корвон” ва “Корвон Плюс”, ҶДММ “Дунёи Нав АСК”, ҶДММ ИИ “Нассоҷии Тоҷик” ва Маркази савдои “Ганҷина”.
Ноҳияи Сино: дохили бозори “Сафариён”.
Гуфтан ба маврид аст, ки масъалаи хариди либосҳои мактабӣ ҳар сол қабл аз оғози соли хониш доғ мешавад, зеро баъзе аз масъулини мактабҳои кишвар волидонро маҷбур мекунанд, барои фарзандонашон аз мағозаҳои муайян либос харанд.
Аммо масъулини Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯянд, хариди либоси мактабӣ аз ҷойҳои мушаххас иҷборӣ нест ва волидону хонандагон ҳақ доранд, ки либоси мактабии худро озодона харанд.
Рӯзи 1-уми август ҳам зимни нишасти матбуотӣ Зиёдулло Абдулзода, муовини вазири маориф ва илми кишвар гуфт, ки “директорони мактабҳои миёнаи кишвар ҳақ надоранд, ки волидони хонандагонро маҷбур созанд, то либоси фарзандашонро аз ҷои хосе харидорӣ кунанд”.
Таҳдиди муҷозот барои барои андозбандии беасос. Кумитаи андоз ба шикояти кишоварзон расидагӣ кард.
Сокини Конибодом ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Украина гумонбар мешавад
Далер Назаров: “Агар шеър менавиштам, мехостам чун Лоиқ нависам...”
Ҷонибек Ҳикмат президенти Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ интихоб шуд. Ӯ кист?
Ато Мирхоҷа: “Адибони тунуквиҷдон сабаби пайдоиши “шоирону нависандагон”-и қаллоб шуданд”
Кор дар Қатар. Вазорати меҳнат бори дигар рӯйхати касбу ихтисосҳои зарурро нашр кард
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста