Дар пайи садамаи фоҷеабор ва пурқурбонӣ дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки мошини борбари “Дулан” ронандаи он - сокини 37-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтааст.
“Ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ” аз ҳудуди ноҳияи Ш.Шоҳин, дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб бар асари корношоямии тормоз ӯ дигар мошинро идора карда натавонистааст ва дар натиҷа бо суръати бланд ба мошинҳои дигар ва хонаҳое, ки дар канори роҳ ҷойгир аст, бархӯрд”, - иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти КҲФ.
Ба иттилои манбаъ, дар ин ҳодиса 10 нафар ҷон бохта, 13 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шудаанд. Ду нафар аз захмиён аз бистарӣ шудан ба беморхона худдорӣ кардаанд.
“Аз 10 нафаре, ки дар садамаи мудҳиш дар Кӯлоб ҷон бохтанд, се нафарашон сокинони хонаҳое будаанд, ки “Дулан” бархӯрд. Ҳафт нафари дигар ронандаҳое мебошанд, ки мошини боркаш онҳоро пахш кардааст. Дар миёни ҳалокшудагон кӯдакон нестанд”, - хабар медиҳад КҲФ.
Дар ҳамин ҳол Радиои Озодӣ бо такя ба сардори Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб, хабар додааст, ки дар миёни фавтидаҳо як кӯдак ҳам ҳаст.
Ба иттилои КҲФ, дар натиҷаи садама 7 мошин ва 3 хонаи истиқоматӣ зарар дидааст.
Наҷотдиҳандагони Раёсати байниноҳиявии КҲФ дар минтақаи Кӯлоб барои анҷоми корҳо ҷиҳати рафъи оқибати садамаҳои нақлиётӣ ва корҳои наҷотдиҳии фаврӣ сафарбар шуданд.
Наҷотдиҳандагони КҲФ бо истифода аз васоили махсуси фаннӣ ҷасади фатидагон ва захмиёнро аз мошинҳо ва биноҳои харобшуда берун овардаанд.
Ба иттилои ВКД, мошини боркаш ба ширкати “Кафолат Воридоту Содирот” тааллуқ дорад.
Айни ҳол ҳодиса аз ҷониби мақомоти дахлдори Тоҷикистон таҳқиқ мешавад.
Додситонии кулли Тоҷикистон дар робита ба ин ҳордиса парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.
Таҳдиди муҷозот барои барои андозбандии беасос. Кумитаи андоз ба шикояти кишоварзон расидагӣ кард.
Сокини Конибодом ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Украина гумонбар мешавад
Далер Назаров: “Агар шеър менавиштам, мехостам чун Лоиқ нависам...”
Ҷонибек Ҳикмат президенти Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ интихоб шуд. Ӯ кист?
Ато Мирхоҷа: “Адибони тунуквиҷдон сабаби пайдоиши “шоирону нависандагон”-и қаллоб шуданд”
Кор дар Қатар. Вазорати меҳнат бори дигар рӯйхати касбу ихтисосҳои зарурро нашр кард
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста