Соли 2019 зиёда аз 5,800 кӯдак ва наврас дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ аз ҳолатҳои марбут ба ифлосии ҳаво ба ҳалокат расиданд. Тибқи таҳлили маълумоти нав, ки имрӯз аз ҷониби ЮНИСЕФ дар шакли ёддошти таҳлилӣ ба нашр расид, аксарияти ин кӯдакон (88%) то синни як солагӣ ба ҳалокат расидаанд.
“Вақте, ки сухан дар бораи ифлосии ҳаво меравад, ба дӯши хурдтарин шушҳо бори гаронтарин бор мешавад ва ин боиси коста гардидани саломатӣ ва инкишофи кӯдакон мегардад. Баъзе вақт ҳатто боиси аз олам чашм пӯшидани онҳо низ мешавад.” – тазаккур дод Директори минтақавии ЮНИСЕФ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Регина де Доминикис.
“Коҳиш додани теъдоди ифлосиҳо дар ҳаво ва таъсири ҳавои заҳролуд ба кӯдакон ҷиҳати ҳифзи тандурустии онҳо ва минтақаҳои зисташон зарур мебошад. Чунин тағйирот имконият медиҳад, ки хароҷот барои тандурустӣ коҳиш ёбад, донишомӯзӣ беҳтар шавад, самаранокӣ афзояд ва муҳити боз ҳам солим ва тоза барои ҳамагон фароҳам гардад.”
Ибтидо бо нафастангӣ: дар натиҷаи таъсири нигаронкунандаи ифлосии ҳаво ба кӯдакон дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ кӯдаконе, ки дучори ҳавои ифлос мешаванд таҳти хатари афзояндаи бемориҳои ҷиддӣ қарор мегиранд. Аз ҷумла сироятҳои шадиди роҳҳои нафас аз қабили илтиҳоби шуш, ки махсусан барои навзодон ва кӯдакони хурдсол хатарнок мебошад. Дар Тоҷикистон низ паст будани сифати ҳаво кӯдакони хурдсолро таҳти хатари бемориҳо қарор додааст.
“Ҳавои тоза натанҳо ҳуқуқ, балки эҳтиёҷоти муҳим барори саломатӣ ва инкишофи хуб мебошад. Ҳифзи кӯдакони хурдсоламон аз таъсири ифлосии ҳаво, аз ҷумла афзоиши хатари бемориҳои ҷиддии роҳҳои нафас, илтиҳоби шуш ва астма, муҳим аст” - қайд намуд сардори шуъбаи зиндамонии ва рушди кӯдакон дар намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Энтони Асиҷэ.
Нафас кашидани ҳавои ифлос боиси осеби дарозмуддати шушҳои кӯдакон мегардад, ки дар навбати худ хатари астма ва бемориҳои музмини роҳҳои нафас ва дилу рагҳо, аз ҷумла саратонро меафзояд. Инчунин, дар ёддошти таҳлилӣ қайд карда шудааст, ки ҳавои ифлос метавонад боиси осеби мағзи сари кӯдаки хурдсол гардад ва ба ихтилоли неврологӣ дар давоми ҳаёт расонад.
Дар муқоиса бо калонсолон аз ҷиҳати ҷисмонӣ кӯдакон бештар дучори ҳавои ифлос мегарданд, зеро ки онҳо ду маротиба зудтар ва аксар вақт бо даҳон нафас кашида, ифлосиҳои бештарро ба бадани худ ворид месозанд. Кӯдакон аксар вақт ба замин наздик қарор мегиранд, ки онҷо ифлосиҳо ҷамъ шудаанд. Инчунин, дар ёддошт оварда шудааст, ки аз ҷиҳати равонӣ кӯдакон нисбат ба калонсолон бештар ба ифлосии ҳаво осебпазир мебошанд, зеро ки мағзи сар, шушҳо ва дигар узвҳои бадани онҳо дар давраи рушди босуръат дучори илтиҳоб ва осеб мегарданд.
Дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ифлосии ҳаво ба PM 2.5 and PM 10 баробар аст, ва аксар вақт сабаби он одатҳои маишӣ ва тиҷоратӣ мебошанд. Аз ҷумла истифодаи кумур ва дигар сӯзишвориҳои истихроҷшаванда барои гармидиҳӣ ва пухтупаз. Дар Тоҷикистон ғубори мавсимии шамол мунтазам ба Душанбе ва дигар минтақаҳо таъсир мерасонад.
Барои пешгирӣ намудани пастшавии сифати ҳаво ЮНИСЕФ аз ҳукуматҳо даъват мекунад, ки сиёсатҳо ва сармоягузориҳоро барои мусоидат дар самти гузариш ба нерӯ ва нақлиёти тозаю самаранок дар тамоми бахшҳо тақвият бахшанд. Ба ин дохил мешаванд дастгирии самаранокии энергетикӣ ва дастрасӣ ба нерӯи тоза, ба мутахассисони тиббӣ омӯзонидани ташхиси кӯдакон ва муайян намудани бемориҳои марбут ба ифлосии ҳаво, инчунин тавсеа ва вусъат бахшидан ба нақшаҳо дар самти коҳиш додани ифлосии ҳаво дар сатҳҳои миллӣ ва шаҳрӣ.
Барои ҳифзи кӯдакон аз таъсири чунин ҳаво, ЮНИСЕФ аз ҳукуматҳо даъват менамояд, ки дар назди кӯдакистонҳо ва мактабҳои системаҳои мониторинги сифати ҳаворо насб ва нигоҳ дошта, аз маълумоти он ба омма гузориш диҳанд ва аз сатҳи ифлосии ҳаво, ки ба кӯдакон ва занҳои ҳомиладор хатарнок мебошанд, ҳушдор диҳанд.
Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон аз тамоми волидон ва парасторон даъват мекунад, ки тавассути интернет ва барномаҳои ройгони мобилӣ сифати ҳаворо назорат намоянд. Волидон ва парасторон инчунин бояд гузоришҳои обу ҳаворо бодиққат назорат карда, рӯзҳои ифлос будани ҳаворо муайян кунанд, то ин ки кӯдакони хурдсолашон дар ин рӯзҳо дар кӯча камтар вақт гузаронанд.
Дар давраҳои бад будани сифати ҳаво ва то қобили қабул шудани он тирезаҳо, дарҳои хона ва мактабҳо бояд пӯшида бимонанд. Кӯдакон, волидон ва парасторон ҳангоми берун рафтан дар айёми ифлос будани ҳаво бояд аз ниқобҳои боэътимод, ки қобилияти ҷудо кардани зарраҳои хурдро доранд, истифода баранд.
Ёддошт
Тахминҳои минтақавӣ дар асоси таҳлили нави додаҳои “Бори глобалии беморӣ дар соли 2019” таҳия шудаанд. Додаҳои нави глобалӣ дар давоми соли ҷорӣ аз ҷониби ЮИНИСЕФ нашр хоҳанд шуд.
ЮНИСЕФ аз пешниҳоди Комиссияи Аврупо оид ба ҷорӣ кардани стандартҳои нави баланд нисбати сифати ҳаво истиқбол мегирад ва аз аъзоёни Парламенти Аврупо даъват мекунад, ки то соли 2030 матни бо стандартҳое, ки пурра ба “Дастурҳои ТУТ оид ба сифати ҳаво” мутобиқ мебошад, қабул намояд.
ЮНИСЕФ дар душвортарин мавзеъҳои ҷаҳон барои кӯмак расонидан ба кӯдакони аз ҳама осебпазир фаъолият мекунад. Мо дар зиёда аз 190 кишвар ва қаламрав кор ва фаъолият дорем, то ин ки барои ҳар як кӯдак, ҳамагон ва дар ҳама ҷой ҷаҳони беҳтареро бисозем.
Маълумоти бештарро дар бораи ЮНИСЕФ ва фаъолияти он метавонед аз сомонаи зерин пайдо кунед: www.unicef.org