Торте, ки 200 кило вазн, 2,10 метр баландӣ дошт ва дар бахши “Торти баландтарин дар мавзӯи миллӣ” рекорди ҷаҳонӣ гузошт бахшида ба ҷашни Меҳргон омода ва тақдим гардида буд. Пас аз баргузории ҷашн, ин торт куҷо шуд?
Бо ин суол ба ниҳодҳои масъули баргузории ҷашни Меҳргон муроҷиат кардем. Вале масъулин гуфтанд, мо низ намедонем, ки он торт куҷо шуд.
Аммо дар наворҳое, ки дастрасӣ мо шуд, дида мешавад, ки тортро ба мардум тақсим мекунанд.
Чанд нафаре, ки рӯзи 20-уми октябр дар ҷашни Меҳргон ҳузур доштанд, гуфтанд, тортро баъди лаҳзаи дидан кардани меҳмонон ба мардум тақсим карданд.
“Аввал ба кӯдакон ва баъд бо тартиби муайян ба ҳама бурида доданд. Ҳар касеро дар он гирду атроф медидем, торт мехӯрд”, - гуфт яке аз шоҳидон.
Бояд гуфт, ин торт аз ҷониби 15 қаннод аз Тоҷикистон, Русия ва Қирғизистон омода шуда, барои пухтани он 160 дона тухм, 25 кг шакар, тақрибан 45 кг хамираи шакарӣ, якчанд килограмм орд, тақрибан 30 литр афшура лозим шудааст. Он бахшида ба ҷашни Меҳргон, ки 20-уми октябр дар Боғи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ баргузор гардид, омода шуда буд.
Протокол аз маҷлиси ҳукумат: “Агар дурнамои кишти пахта иҷро нашавад, аз вазифа озод мешавед”
Баъди пурзӯр шудани ҷазо барои “дуздии барқ” дар Тоҷикистон ниҳоди нав ташкил мешавад
Муовини аввали ноиби Пизишкиён ба Тоҷикистон омад. Ӯ бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ гардид?
Сурати кӯдаки фаластинӣ, ки ду дасташро аз даст дод, акси соли 2024 эълон шуд
Рустами Эмомалӣ ба Санкт-Петербург рафт
Эътироз, ишқ, издивоҷи иҷборӣ...ё одамрабоӣ? Чаро духтарҳои ноболиғ зиёд гум мешаванд?
Дар рӯзи сеюми “Парасту-2025” кадом намоишномаҳо манзури ҳаводорони театр гардид?
Намояндаҳои беш аз 10 донишгоҳи хориҷа ба ҷустуҷӯи довталабони тоҷик омадаанд
Тағйирот дар Ҳаҷ – 2025. Акнун тариқи ширкатҳои хориҷӣ касе наметавонад маносики ҳаҷро адо кунад
“Баланд бардоштани малака ва маҳорати наврасону ҷавонони Тоҷикистон барои кор ва зиндагӣ”. Баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ аз ҷониби ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста