Владимир Путин, Президенти Русия дар ҷаласаи Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башар гуфт, ки мушкили таҳсили фарзандони муҳоҷирон бояд ҳал карда шавад ва барои ин, аз омодагии худ барои баррасии пешниҳодҳо хабар дод.
Владимир Путин зикр кард, ки фарзандони муҳоҷирон бояд таҳсил кунанд, аммо таъкид намуд, ки “ин набояд боиси бад шудани сифати таҳсили дигар толибилмони Русия гардад”.
“Кӯдакон бояд омӯзанд, аммо ин раванд набояд ба бад шудани шароити таълиму тарбияи фарзандон дар мактабҳо, фарзандони шаҳрвандони мо ҳамроҳ шавад. Ин як масъалаи алоҳида аст ва мо наметавонем вонамуд кунем, ки ин мушкилот вуҷуд надорад”, - гуфт Владимир Путин.
Ӯ яке аз роҳҳои ҳалли ин мушкилро “ташкили гурӯҳҳои алоҳида” барои кӯдакони муҳоҷирон номид.
Зикр бояд кард, ки айни ҳол дар Русия наздики 7 миллион муҳоҷири меҳнатӣ зиндагӣ мекунад ва теъдоде аз онҳо бо оилаи худ ба ин кишвар рафтаанд.
Аз ҷумла, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам солҳои охир муҳоҷирони зиёд ба Русия бо оилаи худ рафта, кор ва зиндагӣ мекунанд, аммо фарзандони онҳо дар аксар ҳолат аз таҳсил дур мемонанд.
Ҳамчунин, барои фарзандони муҳоҷирон мактабҳо ё синфҳои алоҳида бо забони модариашон низ мавҷуд нест.
Дар умум, Владимир Путин зимни ин мулоқот ба масъалаи риояи ҳуқуқи муҳоҷирон таваҷҷуҳ карда, зикр кард, ки “ҳар фарде, ки ба Русия меояд, бояд қонунҳои ин кишваро риоя намояд”.
Дар баробари ин, ӯ таъкид намуд, ки “ҳуқуқҳои муҳоҷирони кориро мо ҳамчун як кишвари бофарҳанг бояд риоя кунем”.
Зикр кардан ба маврид аст, ки солҳои охир муҳоҷирони корӣ дар Русия аз нақзи ҳуқуқҳояшон аз ҷониби кормандони мақомоти ин кишвар зиёд шикоят мекунанд.
Махсусан, соли ҷорӣ кормандони макоҷоти корҳои дохолӣ ва амнияти ин кишвар садҳо муҳоҷир аз давлатҳои Осиёи Марказиро ба таври дурушту таҳқиромез боздошту латукӯб карданд.
Вазорати адлия Шаҳбози Аброрро раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон эътироф кардааст
Аз Алӣ Лориҷонӣ то Саид Ҷалилӣ. Сабти номзадҳо ба мақоми раёсҷумҳури Эрон оғоз гардид
Тоҷикистону Чин маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятнокро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд
“Роҳ ба сӯи Тиён-Шон”: дар Тоҷикистон рушди роҳҳои мошингард баррасӣ шуд
ВКД сабаби ҳодисаи марбут ба зани 23-соларо, ки аз ошёнаи 5-ум дар Кӯлоб афтод, шарҳ дод
Чаро Тоҷикистон дар безараргардонии фурӯзонакҳои каммасраф муваффақ нашуд?
“Воридот ва фурӯши сатру либоси сиёҳ манъ аст”. Ин ба кори фурӯшандагон чӣ гуна таъсир мерасонад?
Бар зидди писари раиси бозори Ёвон парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Ҷузъиёти кордзании хонандагон
Боришот зиёдтар мешавад: обуҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон
“Худам шоҳу табъам вазир?”. Мансабдороне, ки парвои интиқод надоранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста