Аз бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми пардохти ғайринақдии пули барқу дигар хадамоти давлатӣ расид (квитансия) талаб мекунанд. Ин талабот то куҷо асоснок аст?

Дар Тоҷикистон аз 1 август қабули пули нақд барои хидматрасониҳои давлатӣ қатъ шуда, ҳадаф аз ин тасмим таъмини шаффофият ва бароҳату қулай анҷом додани амалиёти молиявӣ унвон шуд.

Бо вуҷуди ин, интиқоли онлайн то чӣ қадр қулай аст, агар баъзан талаб кунанд, ки хоҳ-нохоҳ пардохтҳо бо расид тасдиқ карда шаванд?

Хотиррасон мекунем, ки расиди электронӣ низ ба мисли расиди коғазӣ ҳамон як хел ҳукми қонунӣ дорад, ки ҳуҷҷати комилҳуқуқ буда, далели анҷоми пардохтро тасдиқ мекунад.

Ба ин тариқ, расиди электронӣ, ки ҳангоми пардохти хидматрасониҳои давлатӣ тариқи замимаҳои бонкӣ сабт мешавад, аллакай далели кофӣ буда, чоп ва пешниҳоди расид дар шакли коғазӣ шарт ё ҳатмӣ нест.

Илова бар ин, ҳар корхона ё муассисаи коммуналӣ дар “Амонатбонк” суратҳисоб ва барои идораи ҳисоббаробариҳои ғайринақдӣ - кабинети шахсии рақамии худро дорад, ки дар ин ҷо онҳо метавонанд ҳамаи пардохт ё пулгузарониашонро идора кунанд ва санҷанд.

Чунин шаффофият ба муассисаҳо имкон медиҳад, ки ҳамаи амалиёти пулиро бидуни тасдиқи он аз ҷониби муштариён бинанд.

Аз ин рӯ, тасдиқи пардохти ғайринақдӣ бо расид як расмиёти нолозиму барзиёдатӣ аст, ки метавон аз он даст кашид. Охир, дар ниҳояти кор маҳз соддаву осон кардани тартиби пардохт мақсади аслии ислоҳот аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.