Имрӯз зодрӯзи Субҳон Раҳматов, устоди каломи бадеъ, наттоқи дараҷаи олии радио ва телевизиони тоҷик, корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад. Агар ӯ дар ҳаёт мебуд, имрӯз 90-сола мешуд.

Субҳон Раҳматов 12 январи соли 1934 дар гузари Мотуруди шаҳри Самарқанд тавваллуд шуда, мактабро дар он ҷо хондааст. Баъдан Омӯзишгоҳи педагогии тоҷикии Самарқанд ва факултаи забон ва адабиёти ӯзбекии Донишкадаи педагогии Самарқандро хатм кардааст.

Соли 1956 ба Сталинобод (ҳоло – Душанбе) меояд ва умри худро бо ин шаҳр пайваста, тӯли даҳсолаҳо ба ҳайси наттоқи гуфторҳои бурунмарзии Кумитаи давлатии телевизион ва радиои назди Шӯрои вазирони Тоҷикистон (1956-59), муҳаррир, муҳаррири пешбари барномаҳои радио (1959-69), сармуҳаррири барномаҳои саноату сохтмон (1969-71), сармуҳаррири намоишҳои сиёсии телевизион (1971-76), сармаъмури кулли барномаҳои радиои ҷумҳурӣ (1976-87), наттоқи дараҷаи олӣ (1987-95), мудири шӯъбаи наттоқони радио (1995-03), мушовири директори генералии ширкати Радиои “Ватан” (2003-10) кор мекунад.

Вохӯрии наттоқони ҷавон бо устодону арбобони сухан. Дар байн – Абдурашид Хӯҷамқулов, Файзулло Арабов, Севарой Қосимова ва Субҳон Раҳматов. Соли 1990

Ӯ муаллифи рисолаҳои “Таджикскому радио 50 лет” (1980), “Минбари савту калом” (2001), “Хотираи неки ашхоси арҷманд” (2007), “Васоити иттилоотии умум ва ҷавонон” (2008) ва дар маҷмӯъ қариб 500 ҳикояву новелла, пиесаҳои якпардагию бисёрпардагиро аз забони русӣ ва ӯзбекӣ ба тоҷикӣ гардонидааст.

Қироати пайғоми шодбошӣ. Миёнаи солҳои 80-уми асри гузашта

Дар ҷамъомадҳои сиёсии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ (анҷуману пленум, сессияву маҷлисҳои тантанавӣ) маърӯзаи сарони давлат, суханварони ҷамъомадро аз забони тоҷикӣ ба ӯзбекӣ ва баръакс, аз тариқи микрофон тарҷума мекард.

Бо грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои олии Тоҷикистон, нишони “Аълочии телевизион ва радиои СССР ва Тоҷикистон” (1974), медали “Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин” (1970), медали тиллои Фонди советии сулҳ “Барои мустаҳкам намудани сулҳ” (1981), нишони сарисинагии “Барои сарпарастии мадании Қувваҳои Мусаллаҳи СССР”, грамотаҳои фахрии соҳавӣ ва идоравии Тоҷикистони Шӯравӣ, Ӯзбекистани Шӯравӣ ва Иттиҳоди Шӯравӣ мукофотонида шудааст. Иштирокчии Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқи Иттиҳоди Шӯравӣ (1970) мебошад. Бо унвони “Ветерани меҳнат” сарфароз гардидааст (1985).

С. Раҳматов дар таҳияи барномаи навбатии телевизионӣ.

18 сентябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.

Хотироти ору дӯстон аз Субҳон Раҳматов

Обид Ҳомидов, аълочии радио ва телевизиони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон, корманди шоистаи Тоҷикистон: “Хизмати Субҳон Раҳматов на танҳо дар рушди радио ва телевизион ва сохторҳои он дида мешавад, инчунин ӯ барои тарбия ва ба камол расонидани мутахассисони ин соҳа хизмати арзанда кардааст. Дар хазинаи радиои Тоҷикистон садҳо гуфтору барномаҳои пурмазмуне дар қироати ин марди фозил маҳфуз мебошад, ки номи ӯро поянда хоҳанд дошт”.

Субҳон Раҳматов барандаи барномаи телевизион. Соли 1975

Атахон Сайфуллоев, собиқ раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон: “Субҳон Раҳматов ташкилотчии хуб буд. Солҳои зиёд директории радиои ҷумҳуриро бар ӯҳда дошт, барои хушсифат ва рангоранг гардидани барномаҳои радио заҳмат мекашид, бо ходимони масъули радио ва муаллифон сӯҳбатҳо меорост, дар тарбияи рӯзноманигорони ҷавон саҳми шоиста мегирифт, шогирдони боистеъдод дошт”

“Ошиқи сухан, ошиқи каломи ҷонпарвар буд. Ӯ кӯшиш менамуд, ки дар назди идораи телевизион ва радио мактаби омӯзиши хунари наттоқӣ таъсис дода шавад, то ки ровиҳо беғалат қироат кардани матн ва бехато хондани шеърро ёд гиранд. Номи марди ватандӯст дар таърихи рӯзноманигории тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст”, - гуфтааст Атахон Сайфуллоев.

Акбар Ҷӯраев, собиқ раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон: “Чунин обрӯю эътибор худ ба худ пайдо нашудааст. Ӯ, Субҳон Раҳматов, дониши фаровон дошт, нисбат ба худ серталаб буд. Тамоми нозукиҳои эҷодӣ ва техникии радиоро аз бар карда буд. Шогирдони боистеъдодро тарбия намуда, асрори наттоқиро ба онҳо кушода медод”.

Субҳон Раҳматовро дар рӯзи ҷашни 70-солагӣ Убайдулло Раҷабов табрик мегӯяд. 12 январи соли 2004

Убайдулло Раҷабов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, собиқ раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радио ҶТ: “Қудрати овоз, садо ва суханварӣ дар радио ҳамин аст, ки он шахсро мӯътабар ва шоистаи эҳтиром мекунад ва касро водор менамояд, ки илоҷе карда он шахсро биёбад, дар сӯҳбаташ боре иштирок бикунад, аз наздик лаҳзае ҳам бошад, ӯро рӯ ба рӯ бубинад. Худ овози Субҳонака ба дилҳо шӯру шавқ ва тозагии субҳро меовард.

Дигар он ки на ҳар кас метавонад бо сухан дар радио саҳна офарад, нақш бозад, нақши худро гузорад. Субҳонака тавонистанд.

Субҳонака, намунаи барҷастаи ирсияти миллат аст, ки суханвариро аз ниёгони бузурги худ бо хуну ҷон қабул намуда, ба талошу заҳмат такмилу сайқал додаанд”.

Инна Рустамова, журналист, собиқадори радио, ходими хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон: “Бо диду шинохт, ақлу фаросат, бо қиёфаи расо, бо сухандониву адабиётдӯстиву сухангӯиашон аз дигарон фарқ мекарданд. Тарбиятгари доно ва тавоно буданд. Ба шарофати ҳамин ғамхорӣ ва дилсӯзии он кас  даҳҳо ҷавонон ба соҳаи журналистика ворид шуда, паҳлӯҳои тозаи онро таҳқиқ намуда, худ имрӯз ба дараҷаи камолоту устодӣ расиданд. Вуҷуди Субҳонро гӯё аз торҳои меҳру вафо танидаанд”.

Мирзо Турсунзода дар байни ходимони намоёни Русия. Дар саф (аз чап ба рост) коргардон Сайфӣ Мерганов, наворбардор Раҳимбой Қурбонов, сармуҳаррири телеви¬зион Субҳон Раҳматов, раиси Кумита Аминҷон Шукӯҳӣ, наворбардори ҷавон ва наворбардор Муртазо Акрамов. Солҳои аввали 70-и асри гузашта

Шамсӣ Низом, саррежисёри Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ, Артисти халқии Тоҷикистон: “Дар шабнишинии адабӣ, ки дар он шеърҳо аз достони “Қиссаи Ҳиндустон”-и М.Турсунзода қироат мешуданд, мо дар толор нишастагон, аз дур ҳам бошад, бо як гурӯҳ донишҷӯёни фаъоли Омӯзишгоҳи педагогӣ шиносоӣ пайдо кардем, ки чанд нафари онҳо пас аз хатми Омӯзишгоҳу Донишкада ва Донишгоҳҳои мамлакат озими шаҳри Душанбе гашта, барои ривоҷу равнақи адабиёт, илми филология, фарҳангу маданияти тоҷик хизматҳои арзанда кардаанд: нависандаи халқии ҷумҳурӣ Шодӣ Ҳаниф, доктори илми филология Баҳром Шермуҳаммадов, номзадҳои илми филология А.Аҳмадҷонзода, Фарруха Зеҳниева, Рӯзӣ Аҳмадов, Амон Воҳидов, Баҳром Бердиев ва албатта, бечунучаро Субҳонака Раҳматови беҳамтову нотакрор аз ин ҷумлаанд”.

Мунира Ҳакимова, наттоқи радио ва телевизион, Корманди шоистаи ҶТ: “Ёди устод Субҳон Раҳматовро бо қадду қомати зебо, одоби баланди ориёӣ, озодаю покиза, муносибати дӯстона, хайрхоҳона доштани эшон нисбати атрофиён, пеш аз ҳама нисбати шогирдон дар замирам ҷо кардаам. Ман хушбахт ҳастам, ки аз мактаби бузурги ин марди сухангустару меҳрпарвар сабақ гирифтам ва сазовори дуои эшон гаштам”.

Директори борномаҳои радио Субҳон Раҳматов (дар мобайн) бо мудирони шӯъбаҳои радио ва мутахассисони пеш¬бар маҷлис мегузаронад. Аз чап ба рост: Мудири шӯъба, М. Баҳриддинов, Далер Абдухолиқзода, Иброҳим Атахонов, Инна Рустамова, Валерий Жолобов, А. Одилов, А. Ваҳҳобов, Худойбердӣ Эгамбердиев, Михаил Бобоев, Маъруф Бобоҷонов. Соли 1980

Гавҳар Умарова, корманди шоистаи Тоҷикистон: “Субҳон Раҳматов ному насабест, ки дар дафтари девони фарҳанг ба хотири он ки ин бузургвори маънӣ дар олами журналистика кардааст, бо хати заррин сабт гардидааст. Роҳбару роҳнамо, калиди рамзкушойи маъниҳо буданд, ҳастиашонро бедареғ ба кор нисор мекарданд”.

Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон: “Субҳон Раҳматов ҳам зиёӣ, ҳам шахси бомаърифат, ҳам ватандори ҳақиқӣ буданд. Субҳони субҳи субҳонаи радиои тоҷик буданд”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.