Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Мадина Отабоева буд, ки бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи хароҷот ва тартиби ҷуброни он дар истеҳсолоти иҷроро баррасӣ карданд.

 

Кадом намуди амалҳои иҷро хароҷот дорад?

Хароҷот оид ба гузаронидани амалҳои иҷро ин маблағҳои буҷетӣ ва маблағҳое мебошанд, ки тарафҳои иштироккунандаи истеҳсолоти иҷро барои ташкил ва гузаронидан масраф намудаанд.

Ба хароҷот оид ба гузаронидани амалҳои иҷро маблағҳои сарфшудаи зерин дохил мешаванд:

1) ошкоркунӣ, азназаргузаронӣ, нархгузории молу мулки қарздор;

2) ташкил, ба рӯйхат гирифтан ва ҳабси молу мулки қарздор, ҳамлу нақл ва нигоҳдории чунин молу мулк;

3) фурӯхтани молу мулки ҳабсшуда;

4) пардохт намудани хизмати тарҷумон, мутахассис ва дигар шахсоне, ки бо тартиби муқарраршуда барои анҷом додани амалҳои иҷро ҷалб карда шудаанд;

5) хароҷоти нақлиётии иҷрочии мақомоти иҷро ҳангоми иҷрои амалҳои иҷро;

6) хароҷоти почтавию телеграфӣ, алоқаи барқӣ ва коммуникатсионӣ;

7) кофтукови қарздор, молу мулки ӯ ва кӯдаке, ки мутобиқи ҳалномаи суд аз қарздор гирифта шудааст;

8) пешпардохти ҳаққи ситонанда;

9) дигар амалҳои зарурие, ки дар раванди иҷрои ҳуҷҷати иҷро гузаронида шудаанд.

 

Тартиби ҷуброни хароҷот оид ба амалҳои иҷро чигуна аст? 

Хароҷоте, ки барои гузаронидани амалҳои иҷро сарф шудаанд, аз қарздор ситонида мешаванд. Ҳангоми қатъ ёфтани истеҳсолоти иҷро бинобар бекор шудани санади судӣ, санади мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдор, ки дар асоси он ҳуҷҷати иҷро дода шуда буд, хароҷоти ҳангоми гузаронидани амалҳои иҷро сарфшуда аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷуброн карда мешаванд.

Дар сурати қатъ шудани истеҳсолоти иҷро, бинобар бе асос даст кашидани ситонанда аз гирифтани ашёҳои аз қарздор кашида гирифташуда, зимни иҷрои ҳуҷҷати иҷро ҷиҳати ба ситонанда додани онҳо ва ба ӯ баргардонидани ҳуҷҷати иҷро, агар ситонанда бо амал ё беамалии худ барои иҷро монеа эҷод карда бошад, хароҷоти ҳангоми гузаронидани амалҳои иҷро сарфшуда аз ҳисоби ситонанда рӯёнида мешавад.

Ситонидани хароҷоти болозикр ё аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ сарфшуда дар асоси фармони суд амалӣ карда мешавад. Ҷуброни хароҷот аз рӯи ҳисоби тартибдодаи иҷрочии мақомоти иҷро анҷом дода мешавад.

Бо мақсади таъмини иҷрои ҳуҷҷати иҷро ситонанда ҳуқуқ дорад, ки ба суратҳисоби депозитии мақомоти иҷро маблағҳоеро, ки барои гузаронидани амалҳои иҷро зарур аст, пешпардохт намояд.


 

Ситонидани пардохтҳои иҷро чигуна сурат мегирад?

Ҳангоми иҷрои маҷбурии ҳуҷҷати иҷрои хусусияти молумулкидошта аз қарздор ба андозаи даҳ фоиз аз маблағи ситонидашаванда ва дар сурати иҷрои маҷбурии ҳуҷҷати иҷрои хусусияти молумулкинадошта аз қарздор-шаҳрванд ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва аз қарздор-ташкилот ба андозаи сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ба истиснои ҳуҷҷатҳои иҷрое, ки дар боло пешбинишуда, пардохти иҷро ситонида мешавад. Иҷрочии мақомоти иҷро дар баробари қабули қарор дар бораи оғози истеҳсолоти иҷро оид ба ситонидани пардохти иҷро қарор қабул менамояд.

Пардохти иҷро аз ситонанда дар ҳаҷми муқаррарнамудаи моддаи мазкур бо қабули қарори дахлдор дар ҳолатҳои зерин ситонида мешавад:

1) даст кашидани ситонанда аз иҷрои ҳуҷҷати иҷрое, ки иҷрочии мақомоти иҷро ба истеҳсолот қабул ва амали иҷро гузаронида бошад;

2) барпонашуда эълон намудани музояда ва ба моликияти худ қабул кардани молу мулк аз ҷониби ситонанда.

Дар ҳолатҳои дар боло муқарраршуда иҷрочии мақомоти иҷро қарор оид ба бекор намудани ситониши пардохти иҷроро аз қарздор қабул менамояд.

 

Пардохти иҷро аз рӯи ҳуҷҷатҳои иҷрои зерин ситонида намешавад:

1) оид ба ҳуҷҷати иҷрое, ки қарздор иҷрои талаботи онро то оғози истеҳсолоти иҷро таъмин намудааст;

2) оид ба андешидани чораҳои таъмини даъво;

3) оид ба мусодираи молу мулк;

4) оид ба баргардонидан ё супоридани далелҳои шайъӣ;

5) оид ба интиқоли маблағҳои дар суратҳисоби мақомоти тафтишоти пешакӣ ва судӣ нигоҳдошташаванда;

6) оид ба гирифта додани кӯдак;

7) оид ба ҳуҷҷатҳои иҷрои такроран воридгардида, ки аз онҳо пардохти иҷро ситонида шудааст ё талаботи он ситониши даврагиро (доир ба ҳуҷҷатҳо оиди ситонидани алимент, оид ба ҷуброни расонидани зарари ҷисмонӣ ё зарар ба саломатӣ ва фавти саробон, муошират бо кӯдак) пешбинӣ менамояд.

Маблағи пардохти иҷро ба суратҳисоби махсуси Хадамоти иҷро ворид карда мешавад. Тартиби истифодабарии суратҳисоби махсус аз ҷониби Хадамоти иҷро дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Маблағи пардохти иҷро дар ҳолати қатъ гаштани истеҳсолоти иҷро бо сабаби бекор кардани санади судӣ, санади мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдор, ки дар асоси он ҳуҷҷати иҷро дода шуда буд ва ё ҳуҷҷате, ки тибқи қонуни соҳавӣ ҳуҷҷати иҷро мебошад, аз суратҳисоби махсус ба қарздор баргардонида мешавад.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.