Даромади операторони алоқаи Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ зиёда аз 1 млрд сомонӣ (92 млн доллар)-ро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда 6,2% ё худ 58,9 млн сомонӣ зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад. Дар ин бора Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад.
Даромади операторони хусусӣ беш аз 937,2 млн сомонӣ ё худ ҳудуди 86 млн долларро ташкил додааст, ки 3,9% зиёдтар нисбат ба нишондиҳандаи семоҳаи якуми соли 2023 аст.
Даромади оператори миллии алоқаи “Тоҷиктелеком”, КВД “Почтаи тоҷик” ва воҳидҳои сохтории Хадамоти алоқа 57% - аз 40,6 млн сомонӣ дар семоҳаи аввали соли гузашта то ба 63,6 млн сомонӣ афзудааст.
То 1-апрели соли ҷорӣ шумори корбарони Интернет 4,2 млн нафар ва муштариёни фаъоли алоқаи мобилӣ 6,7 млн нафарро нафарро ташкил додааст.
Дар радабандӣ (рейтинг)-и навшудаи Speedtest Global Index аз рӯи суръати интернети мобилӣ тибқи маълумоти моҳи апрели соли 2024, Тоҷикистон байни 144 кишвари саросари дунё зиёнаи 140-умро ишғол мекунад. Аз лиҳози суръати интернети сабтшудаи васеъхат ҷумҳурӣ миёни 181 кишвар дар мақоми 129-ум қарор дорад.
Қазоқистон аз рӯи ин нишондиҳандаҳо мутаносибан зинаҳои 66 ва 99-ум, Ӯзбекистон - 88 ва 89-ум ва Қирғизистон - зинаҳои 90 ва 95-умро ишғол кардаанд.
Дар радабандии кишварҳои ҷаҳон аз рӯи нархи интернет (Worldwide mobile data pricing) Тоҷикистон бо нархи 1,65 доллар барои 1 Гб зинаи 142-юмро ишғол мекунад.
Нархи нисбатан пасттар дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон (0,11 доллар) ба қайд гирифта шудааст, ки аз рӯи ин нишондиҳанда зинаи 8-умро дар ҷаҳон ишғол мекунад. Ӯзбекистон (0,30 доллар) дар мақоми 22-юм ва Қазоқистон (0,41 доллар) дар зинаи 35-ум қарор гирифтаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста