Дар вилояти Суғд даҳҳо қабристон ва маконҳои дигаре ҳаст, ки ҳар рӯз садҳо нафар бо ҳар талабу дархост ба он ҷо мераванд ва бовар доранд, ки хостаҳояшон бароварда мешавад. Ҳарчанд дар ин миён нафароне ҳам ҳастанд, ки ба шифобахш будани қабристонҳо бовар надорад, аммо ин сафи “зиёраткунандагон”-ро кам намекунад. Донишмандони улуми дин ва рӯҳониён таъкид менамоянд, ки талабу дархост танҳо аз Худо ҷоиз аст, аммо эътироф мекунанд, ки хурофотпарастӣ мавзӯи мубрам гардидааст.

Сокинони вилояти Суғд ба кадом қабристонҳо ва маконҳои дигар мераванд ва чӣ талабу дархост мекунанд?

Шифо аз сулфа дар “Мазори кабуд” ва озах дар “Мазори озах”?

Мутриба Нуруллозода, як сокини шаҳри Хуҷанд, баъди бемории духтараш ва пас аз чандин моҳҳои муроҷиат ба духтурҳо дар беморхонаҳои шаҳр, маҷбур шуд духтарашро ба “Мазори кабуд” барад ва акнун, бовар дорад, ки маҳз “зиёрат”-и ин макон ба фарзандаш шифо бахшидааст.

“Духтари яксолаам бемор шуд. Беист месулфиду аз шиддати беморӣ ранги рӯяш кабуд мешуд. Ду моҳ ба назди духтурон бурдем, аммо шифо наёфт. Бо маслиҳати пайвандон 11 дона тухмро ҷӯшонда, ранги кабуд кардем ва аз чӯбу латта лӯхтак сохта, ҳамроҳи духтари беморам ба “Мазори  кабуд”-и шаҳри Хуҷанд рафтем. Як домуллои ин мазор духтарамро хонд ва тухму лӯхтакро гирифт. Давоми як ҳафта фарзандам шифо ёфт”, - гуфт Мутриба Нуруллозода.

Ҳамчунин, Мутриба Нуруллозода бовар дорад, ки танҳо баъди ба “Мазори озах” бурдани писараш, ӯ шифо ёфтааст.

“Як шайхи “Мазори озах” баъди хондан, хок дод. Оварда 10 рӯз зиёдтар лой карда, ба рӯйи озахҳо молидем, шифо ёфт”, - таъкид мекунад.
"Пирам" дар маҷиди Шайх Муслиҳиддин

“Шайх”-и “Мазори Озах” чӣ мегӯяд?

Абдуалӣ Дадобоев, ки ҳамчун шайхи “Мазори Озах” муаррифӣ мешавад, мегӯяд, дар атрофи ин макон ривоятҳо зиёданд, аммо аз он шифо талаб кардан, дуруст нест.

“Аз мазору хоку санг шифо талабидан хурофотпарастӣ аст. Дар китоби муқаддаси Қуръон оятҳои зиёд дар бораи шифо ёфтан аз дарду ранҷҳо дарҷ шудаааст. Аммо набояд онро суйистифода карда, ба хурофот омехта намуд”, - зикр мекунад Абдуалӣ Дадобоев.

Ӯ мегӯяд, ҳар рӯз 5-10 нафар пешаш меоянд, аммо ӯ ҳамеша ба онҳо мефаҳмонад, ки аз сари қабрҳо хокро гирифта, истифода кардан, хурофот аст.

“Давоми 20 соле, ки дар ин қабристон масъулият дорам, ҳеҷ гоҳ аз сари гӯри касе хок нагирифтаам. Қабристон васеъ аст, аз дигар қисматҳояш як миқдор хокро мегираму оятҳои шифобахшро хонда, медиҳам. Ба мардуме, ки аз деҳот меоянд, мегӯям, хоки тозаро ёбанду сураи “Фотеҳа”-ро хонда, ба озах моланд, кифоя аст. Зеро одамӣ аз хок бунёд шудааст ва хоки тамоми рӯйи замин барои шифои одамон аст”, - мегӯяд Абдуалӣ Дадобоев.
Абдуалӣ Дадобоев

Мазорҳои соҳавӣ?

Як назарсанҷӣ миёни чанде аз сокинони вилояти Суғд маълум кард, ки одамон аксаран ба “Мазори кабуд”, “Мазори озах”, “Мазори булоқ”, “Мазори оҳан”, “Чилламазор”, “Мазори зардӣ”, “Пирам”,  “Мазори Ҳазрати Бобо”, “Бӯшато”, “Қутурбулоқ”, “Қабристони сурх”, “Мазори Овчӣ-Қалъача”, “Мавзеи чилдухтарон” ихлос доранд. Ва ба ҳар як мазор вобаста ба мушкили мушаххас мерафтаанд.

Ба “Мазори кабуд” барои шифои сулфаи кабуд, ба “Мазори озах” барои шифо аз озах ё захм, ба “Мазори булоқ” барои шифо аз дарди чашм, ба “Мазори оҳан” барои пешгирӣ аз садамаи нақлиёт ё вайрон нашудани мошин.

Ба  “Чилламазор” онҳое, ки фарзанди норасид таваллуд мекунанд, ё бачапартоӣ доранд, шифоталабӣ меомадаанд. Аз “Мазори зардӣ” беморони зардпарвин шифо металабанду аз “Мазори Ҳазрати Бобо” фарзанд металабанд.

Ба “Қутурбулоқ”, ки дар ноҳияи Деваштич ҷойгир аст, барои халосӣ аз хобҳои нороҳатгунанда мераванду ба “Қабристони сурх” барои талаби шифо ба дарҳо.

Ба “Мазори Овчӣ-Қалъача”, “Мавзеи чилдухтарон” (дар ҳудуди ноҳияҳои Деваштичу Бобоҷон Ғафуров) мардум рафъи дарду ранҷҳо мераванду фаврзанд ҳам талаб мекунанд.

Мазори "Бӯшато"

“Бовар надорам”

Парвиз Абдуллоев, сокини 46-солаи ноҳияи Деваштич ба мазору ҳар гуна маконҳое, ки муқаддас мегӯянд, ҳеҷ гоҳ эътиқод накардааст ва намеравад. Ӯ мегӯяд, имрӯз баъзе мазорҳо ба макони савдою даромад табдил ёфтаанд.

“Мешунавам, ки мардум ба мазорҳо чорво бурда, забҳ мекунанд, молу ашё мебаранд. Ин ҳама тиҷорат аст ва мардуми сода ба он бовар мекунанд. Вақте Худо фарзанд, шифо, кушоиши кору бахт ва ба ин монанд ниёзҳоро надод, яқинан ягон мазору мадрасаву шайху мулло дода наметавонад”, - мегӯяд Парвиз Абдуллоев.

“Ин хурофот аст”

Хоҷамир Хоҷамиров, муовини сархатиби масҷиди ба номи Шайх Муслиҳиддини шаҳри Хуҷанд, мегӯяд, зиёрати мазору ҷойҳои муқаддас ба хотири хондани дуову фотеҳа дуруст аст, аммо ихлос ба онҳо хурофот мебошад.

“Худованд мегӯяд, маро ибодат кунед, аз ман мадад пурсед, диҳандаи фарзанд ман ҳастам, мушкилкушо ман ҳастам, ҳар кори шуморо дар мавқеяш ман мегузорам. Аммо ақоиди хурофотӣ миёни мардум, ки зиёд аст, ба воситаи мазорпарастӣ даст ба ширк мезананд. Дар замони ҷоҳилият ҳам мардум қабрпарасту бутпараст буданд, “пирам мадад кунад”, “руҳу арвоҳ ҳидоят кунад” мегуфтанд. Паёмбари ислом ин амалҳоро ширк хонда, ҳатто гуфтанд, ки баъди марг мазорашонро парастиш накунанд”, - таъкид мекунад Хоҷамир Хоҷамиров.

Хоҷамир Хоҷамиров

Чанд ёдгории динию таърихӣ дар қайди Раёсати фарҳанг ҳаст?

Тибқи маълумоти сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Бахтиёр Қосимов дар феҳристи ёдгориҳои Тоҷикистон, ки соли 2017 таҳия шудааст, маҷмӯи ёдгориҳои вилояти Суғд 1190 адад номнавис шудаанд.

“Аз нашри ин феҳрист 6 сол гузашт ва шояд даҳҳо номгуйи ёдгориҳоро олимони соҳа кашф карда бошанд. Дар миёни ин ёдгориҳо мазору маконҳои муқаддас ҳам, ки мардум арҷ мегузоранд, ихлос доранд, ҳастанд”, - мегӯяд Бахтиёр Қосимов.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.